, Сешанбе, 10-декабр

ТАҚВИЯТИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ЯКЕ АЗ МАСЪАЛАҲОИ МЕҲВАРӢ ДАР ПАЁМ

 22.01.2024 454

ТАҚВИЯТИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ЯКЕ АЗ МАСЪАЛАҲОИ МЕҲВАРӢ ДАР ПАЁМ

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28.12.2023)

Мусаллам аст, ки дар марҳилаи нави соҳибдавлатии тоҷикон Паёми солонаи Роҳбари давлат ба як ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва илмӣ мубаддал гардидааст. Зеро Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян намуда, идоракунии давлатиро дар самтҳои мухталиф рушд медиҳад ва асоси такмил ва аз нав қабул гардидани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мегардад. Ва он ҳамчун санади муҳим ва барномаи тақдирсоз вазифаҳои мушаххасро ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста дар назди давлату ҳукумат мегузорад.

Дар замони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба яке аз масъалаҳои муҳим табдил ёфта, донистани онҳо омили муваффақият ва пешравӣ арзёбӣ мегардад. Дар робита ба муҳимият ва зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътибори ҷиддӣ дода, ҳамеша зимни суханрониҳо ва ироаи Паёмҳои солона ба Маҷлиси Олӣ дар робита ба ин мавзуъ таъкидҳои ҷиддӣ менамоянд. Тавре дар яке аз баромадҳо иброз доштаанд: “Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардонидани ҷомеа густариш медиҳем”.

 Дарвоқеъ, бо тақозои замон, имрӯз ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд. Бахусус, ба омӯзиши забонҳои англисиву русӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ низ эътибори аввлиндараҷа диҳад. Дар ҷаҳони техникаву технология имрӯз забонҳои англисӣ ва русӣ ҳамчун забонҳои ҳукмрон маҳсуб меёбанд. Ҷомеашиносон ба он хулосае омадаанд, ки на танҳо технологияи информатсионӣ, балки аксарияти маълумот ва адабиёти зарурии замони муосирро бо забонҳои англисӣ ва русӣ дастрас кардан мумкин аст.

Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олӣ низ масъалаи мазкурро ёдовар шуда, омӯзиши забонҳои хориҷиро дар тамоми зинаҳои таҳсилот вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф ҳисобида,  таъкид доштанд: “Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медорем, ки имрӯз ҷиҳати омӯзонидани забонҳои хориҷӣ ба муҳассилин дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шароит фароҳам оварда шуда, донишҷӯён ба таълиму тадрис фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин дар Донишгоҳ Маркази таълимӣ-машваратии “Дурахшон” фаъолият менамояд, ки дар он курси омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуда, хоҳишмандон ҷиҳати омӯзиши забонҳо ба он ҷалб карда мешаванд. Курси мазкур дарсҳои омӯзишии забонҳои хориҷиро  ба таври ройгон барои омӯзгорону кормандони Донишгоҳ ба роҳ мондааст. 

Ҳайати кормандон ва омӯзгорони факултети филологияи хориҷӣ бо дарки амиқи дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар дар робита ба омӯзишу сайқал додани донишҳо ва малакаҳои касбӣ нисбат ба худ ва шогирдон серталаб буда, пайваста бар он мекӯшанд, ки роҳнамоиҳои Пешвои маҳбуби кишварро сармашқи кори худ қарор диҳанд ва дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гарданд.

Муродов Баҳриддин- н.и.ф., дотсент, декани факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат