, Якшанбе, 22-декабр

ТЕРРОРИЗМ –МАҚСАДҲОИ НОПОКИ ИНСОНӢ

 19.01.2024 333

ТЕРРОРИЗМ –МАҚСАДҲОИ НОПОКИ ИНСОНӢ

Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст дар ҷомеаи имрӯза мафҳуми террорист ё терроризм ҷаҳони осоиштаро ба тарсу ҳаррос овардааст. Терроризм аз калимаи лотинӣ «terror» гирифта шуда, маънояш «тарс» даҳшат аст. Ин падидаи нави раванди сиёсӣ набуда, вай ҳамчун як шакли муборизаи сиёсӣ дар инкишофи таърихи инсоният ҳама вақт вуҷуд дошт. Терроризм ин усули муборизаи сиёсӣ буда, ба амалиётҳои ҳарбӣ, зуроварии ҷисмонӣ, барои ба даст овардани мақсадҳои муайяни сиёсӣ, нест кардани рақибони сиёсӣ вобастагӣ дорад.

Мубориза бар зидди терроризм яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тероризмро қотеъона маҳкум карда, аз талошҳои дастаҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин падидаи марговар, пуштибонӣ менамояд. Ҳарчанд хатари ниҳодҳои иғвоангези манфиатҷӯйи номаълум, ки ҷавонони тоҷикро ба кишварҳои ҷангзада, ба мисли Сурияву Ироқ мекашонанд, нисбати солҳои пешин камтар гардида бошад ҳам, имрӯз нигаронӣ ва ташвишҳо ҷой дорад. Дар ин замина, ба низом даровардани истифодаи шабакаи умумиҷаҳонии ИНТЕРНЕТ (Махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ) дар ҷумҳурӣ мақсаднок роҳандозӣ гардида, меъёри корбурди он танзим ва масъулятнокии шаҳрвандону сокинони мамлакатро тақозо менамояд. Яъне дар замоне, ки терроризму экстремизм ҳамчун вабои аср доман паҳн намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми фавқулодаи Созмони Конфронси Исломӣ (ҳозира Созмони Ҳамкории Исломӣ), ки дар шаҳри Макка 7-декабри соли 2005 баргузор гашт, гуфта буд: «Терроризм дар асли худ миллат мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагонeст, ин гуна нерӯҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломро пиёда месозанд». Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ алалхусус Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки як ҷузъи он мебошад нигаронӣ аз он дорад, ки ин падидаи номатлуб доман афрохта, ҷавонони моро низ ба коми худ мекашад. Бахусус, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба номи «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя мегарданд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад ба ин масъала бетафовут буда наметавонад. Вазъи имрӯзаи сарҳад бо Афғонистон низ моро водор менамояд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Мушкилоти дигари бо вазъи Афғонистон алоқаманд муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир мебошад. Тоҷикистон яке давлатҳоест, ки дар Осиёи Миёна ҷойгир буда, бо 4-давлат ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Хитой ва Афғонистон ҳамсарҳад мебошад. Агарчӣ байни се давлати дар шарқу ғарб ҳамсарҳадбуда, тинҷиву оромӣ ҳукумфармо бошад, аммо дар ҷануб давлати Афғонистон ноором ва мардумаш бо амалҳои ғайриқонунӣ қатлу таҷовуз, парвариш ва тиҷорати маводи мухадир, одамфурушӣ, аслиҳафурушӣ даст мезананд. Бар замми ин аз сарҳади тоҷик убур карда, мехоҳанд маводи мухадирро ба дигар давлатҳо интиқол диҳанд. Таи 40-сол боз дар давлати ҳамсоя ҷангу хунрезӣ идома дорад. Аҳолии муқими Афғонистон пурра мусулмон буда, миллатҳои гуногун дар он ҷо истиқомат менамоянд. Ҷанги мазҳабиву қабилачигӣ то ҳол идома дорад. Мардуми тоҷик ба ин аҳволи давлати ҳамсоя бетараф нестанд.

Ҳамасола дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи сиёсиву иқтисодӣ, пайдоиши қувваҳои иртиҷоӣ ва терористӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Африқо ва дигар манотиқи олам таъкидҳои судманд менамоянд. Аз ҷумла, дар Паёми имсола оид ба ин вазъ чунин суханронӣ намудаанд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад».

Тоҷикистон, ки имрӯзҳо ба ҷараёни робитаҳои ҷаҳонӣ шомил гардида истодааст ва он барои воридшавии кишвар ба системаи коммуникатсияҳои байналхалқӣ шароит муҳаё месозад. Умед аст, ки чунин падидаҳои номатлуб ва ҷараёнҳои иртиҷоӣ ба мисли экстремизм ва терроризм барои ташаккули ҳифзи боэътимоди амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар хатар эҷод нахоҳад кард, зеро халқи тоҷик ин марҳиларо як маротиба паси сар карда, сабақи фаромӯшнопазир ҳам гирифт.

Агар мо миллати тоҷик нисбат ба манфиати имрӯзу фардои давлати тозаистиқлол бетараф набуда, дар атрофи сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат муттаҳид шуда, дар радифи бузургтарин арзишҳои башарӣ сулҳу субот, адлу инсоф ва ҳуқуқу озодии инсонро гузошта, бунёдкорию созандагиро шиори зиндагии хеш қарор диҳем, маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва динии ҷавононро баланд бардорем ва зиндагии шоистаро ба онҳо мерос гузорем, пас мо метавонем бар зидди чунин падидаҳои номатлуб истодагарӣ намоем ва ҷомеаи солиму ояндадорро созем. Танҳо иттиҳоду иттифоқ, сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ моро ба ин мақсад мерасонад. Имрӯз ҳар як фарди тоҷик ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми неруву малакаи худро баҳри ободу зебо гардонидани як гушаи Ватани азиз сарф намуда истодааст. Мо ҷавононро лозим меояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, илми замони худро ба пуррагӣ омӯхта фирефтаи чунин гурӯҳҳои номатлуб нагардем.

Бобоев Бахтиёр, муаллими калони кафедраи химия ва методикаи таълими Донишгоҳи давлати Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат