, Якшанбе, 22-декабр

РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТ-ОМИЛИ РУШД ВА ПЕШРАФТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 17.01.2024 508

РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТ-ОМИЛИ РУШД ВА ПЕШРАФТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28.12.2023)

Ҳамасола пешниҳод гардидани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат, агар аз як тараф тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон бошад, аз тарафи дигар яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад. Бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рақамикунонии иқтисодиёти мамлакат таваҷҷуҳи хоса равона карда мешавад. Масъалаи «ҳукумати электронӣ» ва «рақамикунонии иқтисодиёт» дар Паёми Пешвои миллат яке аз нуктаҳои асосиро ишғол мекунад. Аз ҷумла, дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат санаи 28 декабри соли 2023 чунин қайд намуданд, ки «ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем».

Яке аз омилҳои асосие, ки барои суръатбахшии рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонад, ин рушди технологияҳои рақамӣ мебошад. Рушд ёфтани технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон барои расидан ба ҳамаи Ҳадафҳои Рушди Устувор аҳамияти муҳим дорад. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ барои Тоҷикистон (на фақат барои мо, балки барои ҳамаи давлатҳо) аз бисёр ҷиҳат манфиатовар хоҳад буд. Аз ҷумла, барои суръатбахшии рушди соҳибкории хурд ва миёна, баландбардории ҳосилнокии меҳнат, афзоиши рақобатнокӣ ва дар умум рушди иқтисоди миллӣ ба амал меояд. Ҳамин нуктаро низ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ қайд намудаанд: «...дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад».

Дар солҳои охир равандҳои иқтисодиёти рақамӣ дар Тоҷикистон низ ҷорӣ шуда истодааст. Таҳлилгарони ширкатҳои байналхалқии консалтингӣ дар асоси маълумотҳои омории давлат тайи солҳои 2016-2017 изҳор медоранд, ки ҳиссаи иқтисодиёти рақамӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 0,56%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар замони муосир дар Тоҷикистон агар ҳар як панҷ нафари баъдӣ истифодабарандаи интернет бошад, пас, дар давлатҳои тараққикарда аз панҷ чор нафари он дастрасӣ ба интернетро дорад. Ин фақат як мисоли қафомонӣ аз технологияҳои рақамист. Дар дигар соҳаҳо бошад, аз қабили истифодабарии иттилооти рақамӣ ва технологияҳои мутараққӣ ин қафомонӣ низ мушоҳида мешавад. Дар ин робита дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид карда шуд, ки  «Татбиқи барномаҳои қабулнамудаи мо барои гузаштан ба ин раванд қонеъкунанда нестанд ва зарур аст, ки чораҳои ба ташаккули шароит барои тақвияти соҳаи рақамикунонӣ мусоидаткунанда андешида шаванд».

Барои бартарафсозии чунин мушкилот аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири соли 2019 Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ тасдиқ гардида, ҷиҳати омодасозии «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ» дар назди Ҳукумати мамлакат вазифаҳо гузошта  шуд.

Дар Паёми навбатӣ низ барои боз ҳам ҷоннок намудани корҳо ва бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд.

Воқеан, бесабаб нест, ки роҳбари давлат ба рушди соҳаҳои маориф ва илм, саноат диққати хоса зоҳир менамоянд. Зеро таҷрибаи мамлакатҳои рушдёфтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки онҳо маҳз бо такя ба маориф, илм ва саноат ва инчунин гузариш ба технологияҳои рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ мақом ва нақши худро дар арсаи байналмилал устувор гардонида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Навруз Носирӣ - дотсент, декани факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат