,
Якшанбе, 22-декабр
Ҳамасола Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олӣ ва кулли шаҳрвандони кишвар расонида шуд. Дар он тамоми самтҳои фаъолияти асосии соҳаҳои гуногуни давлат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Роҳбари давлат тамоми дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро дар марҳилаи мавҷудияташ таҳлил намуда, саҳми шаҳрвандони бонангу номус ва содиқу фидокору асилро махсус қайд намуд. Дар асоси таҳлилҳои гузаронидашуда айён мегардад, ки ҳадафҳои стратегии кишвар рӯ ба афзоиш дорад. Барномаҳои давлатӣ дар амалигардии ин ҳадафҳо мавқеи муҳим дорад. Дар ҳамаи Паёмҳои Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои инсонӣ ва некуаҳволии мардуми кишвар мавқеи меҳвариро касб менамояд.
Мусаллам аст, ки давра ба давра сатҳи камбизоатии аҳолӣ рӯ ба инқироз дорад. Сатҳи зиндагии мардум дар дараҷаи хеле хуб қарор гирифта ва дар миқёси ҷаҳон нишондиҳандаи беҳтаринро ишғол мекунад. Дар ҳисоботҳо ва таҳлилҳои Роҳбари давлат ҳамаи соҳаҳо арзёбӣ гардида, ба масъалаи арзишҳои маънавӣ афзалият дода шудааст.
Нисбати сармояи инсонӣ, яъне арзишҳои маънавӣ ва зеҳнии он роҳбари давлат диққати махсус дода, чунин нуктаи муҳимро баён намуданд: “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф килиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
Ин нуктаи баённамудаи Пешвои миллат, роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он гувоҳи медиҳад, ки ӯ ҳамчун роҳбари асилу ғамхор, фарзонаю оқил, кордону фидокор нисбати соҳаи маориф, омӯзгор ва мавқеи он дар ҷомеа ва эътибори илму фарҳанг таваҷҷӯҳи хосса дорад.
Нахустсуханҳои хирадмандонаи ӯ ”Маориф сутуни асосии давлат”, “Зиёиён хазинаи тиллои миллат” аз хотири аҳли ин қишр намебарояд. Ва дар тамоми суханрониҳои Роҳбари давлат омӯзгор ба ҳайси созанда ва пешбарандаи ҷомеа зикр гардид.
Теъдоди аҳолии мамлакат ба таври назаргир рӯ ба афзоиш дорад ва шумораи таҳсилгирандагон дар тамоми соҳаҳои таҳсилот сол аз сол меафзояд. Тибқи омори пешниҳодгардаида, теъдоди муҳассилин дар кишварамон ба 2,6 миллион расидааст, ки ин нишондиҳанда хеле зиёд мебошад.
Ҳамасола садҳо муассисаҳои наву замонавӣ ба дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон сохта ба истифода дода мешавад. Таъмин сохтани муҳассилин бо тамоми шароитҳои таҳсил ҳамеша дар мадди назари Роҳбари давлат қарор дорад.
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рушд ва тавсеаи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ махсус мебошад. Ӯ дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2019) солҳои 2020-2040-ро солҳои рушд ва инкишофи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ дар соҳаи маориф эълон кард. Ин ташаббуси Президенти кишвар дар байни аҳли ҷомеа ҳамовозии гарму ҷушон пайдо кард ва мардуми ин сарзамини илмпарвар бори дигар аз ҳуввияти асили Пешвои миллат ифтихор ва қадршиносии ӯ нисбат ба ин соҳаҳои муҳим арзи қаноатмандӣ намуданд.
Дар Паёми навбатӣ низ Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ин масъала рӯ оварда, нуктаи басо муҳимро арзёбӣ карданд: “Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”.
Дар баробари ин ҳама бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат озмунҳои ҷумҳуриявии ”Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” амал мекунанд, ки тавассути онҳо беҳтарин сармоядорони илму фарҳанг муаррифӣ мешаванд. Алалхусус, озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” дар тамоми зинаҳо ба ҷалби сартосарии мардум ба илму дониш ва кашфиётҳои навин боис мегардад.
Роҳбари давлат диққати махсус ба роҳандозӣ намудани лоиҳаи сармоягузории давлатии “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат” ва “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” равона шудааст.
Ин пешниҳоди Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳар як зиёии кишварро ба он водор месозад, ки барои дар амал татбиқ намудани онҳо ҳиссагузор бошанд. Бо мақсади ҷалби тамоми зиёиёни кишвар ба пешбурди амалӣ ва самараноки соҳа ин пешниҳодро рӯй кор овард.
Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба масъалаи бонувони кишвар ва нақши калидии онҳо дар таълим ва тарбияи насли наврасу ҷавон диққати махсус доданд. Ёдовар шуданд, ки “Занон ва духтарони боилму фарҳанги тоҷик дар гирифтани маълумот ва фаъолият дар соҳаҳои гуногуни кишвар дар баробари мардон саҳмгузоранд. Духтарони тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз онҳо кадрҳои баландихтисоси барои рушди ҷомеа созгор омода карда мешавад”.
Мо аҳли маорифу илм ва зиёиёни кишвар Паёми Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, барои амалӣ намудани онҳо бо иқдомҳои устуворона фаъолият менамоем. Итминони комил дорем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии фарзанди фарзонаи худ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба фатҳи қуллаҳои баланди рушди ҷомеа мерасад.
Самариддинова Зайнаб - номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, декани факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ