, Якшанбе, 22-декабр

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ

 08.01.2024 839

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ

Соҳаи маориф чун рукни муҳими сиёсати давлат буда, ҳолат, рушд, натиҷа ва фаъолияти он аз омилҳои зиёд вобаста мебошад ва пешрафти босуботи давлат ва миллатро таъмин менамояд.

Дар охири асри ХХ миллати тоҷик ба истиқлолияти миллӣ ноил гардид.     

Аммо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ нишон медиҳанд, ки ба ҷои шукргузорӣ аз ин дастоварди бузург мардум ба гурӯҳҳои мухталиф  тақсим шуда, барои амалисозии манфиатҳои шахсии худ давлати ҷавону  тозаистиқлол, давлате, ки баъди мароҳили зиёди таърихӣ азнав истиқлолияти миллиро касб намуда буд, қариб бо дасти худ маҳв кунанд. Мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Хатари маҳв шудан ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ҳақиқати воқеӣ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ дар натиҷа талафотҳои бузурги маънавию ҷисмониро ба миён овард. Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш дар ин бора қайд намуданд: “Хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд”. 

Яъне, барои миллати тоҷик солҳои 90-уми асри ХХ давраи ниҳоят сангин буд. Ба ҳамаи ин сахтиҳо нигоҳ накарда, фарзандони сарсупурдаи миллат бо дарки воқеии таҳдиди хатари нобудшавии миллат ва давлат баҳри бартарафсозии ҷанги бемаъно, ҷудоиандозии минбаъадаи халқ камари ҳиммат бастанд

Аз ин рӯ, давлату ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, ин равандро муттассил идома медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Соҳибихтиёр эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зиёди иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро пеш овард, ки яке аз онҳо азнавсозии соҳаи маориф ба шумор мерафт.

Тоҷикистонро ҳамон солҳо вазъияти ниҳоят сангини дохилӣ ва минтақавӣ фаро гирифта буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалан мамлакати камрушд ва дорои мушкилоти зиёди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва коммуникатсионии собиқ Шӯравӣ буд, бо пошхӯрии он ба вазъи душвору вазнинтар дучор шуд. 

Афзоиши рӯзафзуни дахолати қувваҳои муайяни давлатҳои хориҷӣ ба ҳамдастии фаъоли баъзе гурӯҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар дохили кишвар омили шиддати бесобиқаи бӯҳрони сиёсӣ ва табдили он ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид.

Бинобар ин ислоҳоти соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин шароити вазнин шурӯъ гардид. Дар ин давра вазъи ноором барои пешравии соҳаи маориф имкон намедод. Зиддиятҳои дохилӣ ва кашмакашиҳо дар баъзе минтақаҳо боиси қатъшавии дарсҳо дар мактабҳо гардид. Аз тарс хонандагон ва омӯзгорон ба мактаб намеомаданд, иштирок ба дарсҳо хеле суст гардид. Дар чунин шароити душвор баъди Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав барқарор гардид ва садҳо проблемаҳо пешорӯи роҳбарияти нави кишвар омаданд, ки яке аз онҳо соҳаи маориф буд.

Дар ҳамин давраи ҳассос ва мураккаб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари кишвар интихоб гардиданд, ки барояшон ҳалли ин мушкилиҳо осон набуд. Аммо ҷасорат, матонат, ҳисси баланди масъулияти роҳбарӣ ва эҳтирому садоқат ба Ватан, сарзамин, хоку бум муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро маҷбур намуд, ки шабонарӯзӣ меҳнат намоянд, дар сатҳҳои баланди байналмилалӣ баромад кунанд ва Ватани азизашро аз вартаи марг ва гирдобҳои даҳшатбори сиёсӣ озод намоянд. Ин характери шахсияти ватандӯст ва ватанпарварро ифода менамуд ва мушкилоти ҳаррӯза ва саривақт ҳал намудани онҳо Эмомалӣ Раҳмонро ба як чеҳраи тобноки сиёсии дохиливу байналмилалӣ табдил дод.

Ин боис гардид, ки давра ба давра вазъи душвори ҷумҳурӣ ба эътидол ояд. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон дар баробари ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ барои тараққиёту азнавсозии соҳаи маориф кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд, то дар ҳамаи муассисаҳои таълимию тарбиявӣ дарсҳо шурӯъ шаванд. Ин бузургтарин муваффақият ва амали хайр барои ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Маҳз ҳамин талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки солҳои 1993 – 1994 сар карда, вазъи соҳаи маориф рӯ ба беҳбудӣ ниҳод ва ҷалби хонандагону омӯзгорони тарки касбкарда, ба мактаб бештар шуда, сатҳу сифати таълим беҳтар гардид.

Шурӯъ аз соли 1999 таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат ба такмили сохтори соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зиёд гашта, масъалаи таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо китобҳои дарси, ки яке аз масъалаҳои душвор ба шумор мерафт, ҳали худро ёфт. Бо назардошти вазъияти баамаломада Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чопи китобҳои дарсӣ 16,5 млн, сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои инвестсионӣ ҷудо намуд. Ин имкон дод, ки муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои нави дарсӣ таъмин гарданд. Барои шароити мусоиди таҳсили хонандагон пайваста чораҳои амалӣ андешида шуда, дар солҳои минбаъда масъалаи сохтмону барқарорсозии иншооти соҳаи маориф яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлат ба шумор мерафт ва аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сол аз сол барои рушди пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ маблағҳо зиёд мегардид.

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо мазмуни таҳсилот ба куллӣ тағйир ёфт, балки муассисаҳои таълимӣ ба худ шакл ва мазмуни нав пайдо карда, давра ба давра ба талаботи имрӯза мутобиқ гардонида шуданд. Барои ба сатҳи байналмилалӣ мувофиқ намудани таҳсилот омӯзишгоҳҳо ва техникумҳо тадриҷан ба коллеҷҳои мустақил ва сохтории муассисаҳои таҳсилоти олӣ табдил дода шуданд.

Пешвои миллат, дар баробари пешрафти соҳаи маориф ба инкишофи илм низ таваҷҷӯҳ намуда, дар бисёр баромад ва вохӯриҳояшон бо намояндагони илм ва зиёиён ба ин масъала эътибори ҷиддӣ дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷудо намудани маблағ барои рушди илм ва тайёр кардани мутахассисони илмӣ дастурҳои мушаххас додаанд. Натиҷаи ҳамин буд, ки муносибат ба илм дар кишвар дар муддати кӯтоҳ тағйир ёфт ва майли ҷавонон боз аз нав ба илм бештар гардид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими илму маориф дар ҷумҳурӣ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (1998) ва як қатор созишномаҳо аз қабили “Оид ба ҳамкории илмию техникии ҳайати иштирокчиёни Иттиҳоди давлатҳои мустақил”, “Дар бораи робитаи бевоситаи Иттиҳоди давлатҳои мустақил оид ба ҳамкории илмию техникӣ”, “Оид ба якҷоя истифодабарии объектҳои илмию техникӣ аз тарафи иштирокчиёни Иттиҳоди давлатҳои мустақил” ва ғайраро ба тасвиб расонид.

Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои мазкур омилҳои пешрафти соҳаи илм дар кишвар гардид. Солҳои охир фаъолияти аспирантура ва докторантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ хеле боло рафт.

Инчунин Сарвари давлатамон рушди соҳаи маорифро кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони миллат ҳисобида, соли 2010-ро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намуданд.

Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон карда шудани соли 2010 боиси рушди соҳаи маориф, пешрафти кори таълиму тарбия ва баланд шудани донишу малакаи хонандагон гардид. Оре, дар ҷаҳони муосир он кишвару мамлакатҳо ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, техникаю техналогияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамоянд. 

Тоҷикистон низ як ҷузъи ҷаҳони муосир аст ва Ҳукумати он баҳри беҳтару хубтар гардонидани зиндагии мардум солҳои охир ба мактабу маориф ва боло бардоштани фарҳанги техникӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Соли маориф ва фарҳанги техникӣ нахуст дар мамлакати мо эълон шуда, сипас дар миқёси ИДМ ҳамчун соли инноватсия қабул гардид.

Аз натиҷаҳои ислоҳоти дар соҳаи маориф гузаронидашуда бармеояд, ки кормандони соҳаи маориф соҳиби ҷойи хуби корӣ ва шароити муосири фаъолият дар самти таълиму тарбия гаштанд. Ҷойгоҳи мактабу маориф ва мақоми омӯзгор тадриҷан боло рафта, афрӯзандагони илму дониш ва чароғи маърифат бо масъулияти бештар рисолати касбии хешро иҷро менамоянд. 

Аз он рӯзҳои фоҷиавӣ, ки ба сари миллат омад ва ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла мактабу маориф низ хисороти зиёди моддию маънавӣ диданд, бояд сабақ бардорем, ба гузаштаи хеш бо чашми ибратбин назар афканем ва содиқона ба тарбияи насли наврас машғул гардида, онҳоро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намоем.

Маҳҷабин Ҳусайнзода – магистранти курси 2-юми факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат