, Якшанбе, 22-декабр

ҲАМГИРОИИ ИЛМУ МАОРИФ ВА ИСТЕҲСОЛОТ-ТАЛАБИ ЗАМОН

 03.01.2024 257

ҲАМГИРОИИ ИЛМУ МАОРИФ ВА ИСТЕҲСОЛОТ-ТАЛАБИ ЗАМОН

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28.12.2023)

Дар шароити муракабшавии вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсию ҳарбии ҷаҳони муосир илму инноватсия ва техникаю технология мавқеи меҳвариро касб мекунад, чунки ченаки муайянкунандаи иқтидори ин ё он қудрат, қудрати илм аст. Ҳамин аст, ки ҳаким А. Фирдавсӣ фармудааст: «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад». Бешаку шубҳа иқтидори ҳар як давлату миллат ба иқтидори неруи зеҳнии он вобастагӣ дорад, ки раванди шиддатбахшидани неруи зеҳниро дар ҷомеа раванди ҳамгироӣ ба танзим медарорад. Дар охири асри 20 ва ибтидои асри 21 баробари босуръат густариш ёфтани раванди ҷаҳонишавӣ тамоми прогресҳои ҷаъмиятиро тамоюли ҳамгироӣ (интегратсия) фаро гирифт, ки дар ин раванд илму маориф ва истеҳсолот мавқеи меҳвариро касб намудааст.

Илм ва маориф дар шароити кунунӣ ба тамоюли пешбаранда ва самти афзалиятноки аксарияти давлатҳои рушдёфта табдил ёфтааст. Ба ин масъала академик А.М. Прохоров ишора намуда қайд менамояд, ки «Агар кишвар барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва аз худ кардани технологияи нав саъю талош наварзад, он ногузир дар радифи мамлакатҳои ақибмонда қарор мегирад ва истиқлолияту асолти хешро аз даст медиҳад». Илм, маориф ва истеҳсолот муҳарики пешбарандаи иқтисоди миллӣ, воситаи асосии ҳифзи фарҳангу тамаддун ва омили асосии рушди истиқлолияти миллӣ мебошад. Доир ба муҳимияти ин масъала коршиноси ватанӣ Қурбонов А.Ш. қайд менамояд: “Давлатдории миллӣ, пеш аз ҳама, ба он халқҳое, муяссар мегардад, ки дар кишвари онҳо илм ташаккулёфта бошад”.

Дар шароити истиқлолитяи давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии созандаву бунёдкорона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳои давлатдории миллӣ як қатор музаффарияту муваффақиятҳои беназир мушоҳида мешавад ва дар сиёсати кунунии ҳукумати мамлакат илму маориф ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии он қарор гирифтааст. Роҳбарияти олии мамалакат пешрафту рушдии устувори давлатдории миллиро маҳз дар пешрафти илму маориф ва татбиқи дастовардҳои илмӣ мебинад ва зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкит гардид, ки: «Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад». Дар воқеъ, омили асосии баландбардории иқтисодиёти милӣ, ки он асоси рушди сармояи инсонӣ мансуб мешавад, пеш аз ҳама, иқтидори илмӣ ва пешрафти илму технология ва дастовардҳои навини илмӣ ба шумор меравад, ки ин масъулият ба души муассисаҳои илмӣ, махсусан, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва корхонаҳои санотӣ, воситаи асосии татбиқи илм дар истеҳсолот ба шумор меравад, вогузор аст.

Зарурати ҳамгироии илму маориф ва истеҳсолот: Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат илму маориф ҳамчун воситаи асосии пешрафти давлату миллат инъикос гардид: «Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад». Дар шароити кунунӣ, ки вазъи геопалитикии ҷаҳон бисёр муракабу сертаниш аст, рушди иқтисоди миллӣ ба рушди истеҳсолоти ватанӣ вобастагӣ дорад. Муссалам аст, ки истеҳсолот он вақт рушд меёбад, ки таҳқиқоти илмӣ ба талаботи истеъмолкунандагон муфовиқ гардонида шавад. Дар робита ба ин ҳамчун муҳаққиқ ва шаҳрванди кишвар пешниҳод менамоям, ки зарурати воқеии масоили мазкурро ба назар гирифта, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав Стратегияи ягонаи ҳамгироии илм ва истеҳсолотро таҳия намуда, ба ҳукумти мамлакат пешниҳод намоянд. Лозим ба таъкид аст, ки Пешвои муазами милллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар алоқамандӣ ба ин масъала иброз доштанд, ки: «Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад». Дар ин росто Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи корхонаҳои санотии мамлакат мутахассис омода намуданро пешаи кори худ қарор диҳанд, ки ин раванд пура ба раванди ҳамгироии илм ва истеҳсолт шомил мегардад.

 Таҷрибаи давлатҳои пешқадам собит месозад, ки рушди иқтисоди миллиро бе ба роҳмондани интегратсияи илму истеҳсолт дар раванди ҷаҳонишавӣ ғайри имкон аст. Мувофиқи таҳлилҳо ҳамон, корхонаҳои саноатӣ муваффақанд, ки барои самарабахшии фаъолияти худ бо марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҳамкории зич доранд. Агар инро дар мисоли кишври худ гирем, корхонаи саноатӣ бо марказҳои илмӣ-таҳқиқотии дохилӣ ё хориҷи кишвар ҳамкоридошта теъдодашон ангуштшумор аст. Дар ин сурат корхонаи саноатӣ зуд ба буҳрон гирифтор мешавад, илм бошад бе натиҷаю дар варақ боқӣ мемонад ва ин ба рои ҷомеа ва давлат наонқадар хушоянд аст. Хуб мешуд, ки дар ин самт Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо институтҳои таҳқиқотии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар марказҳои таҳқиқотӣ ҳамкориро ба роҳ монад.

Бояд зикр кард, ки яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, ин саноаткунонии босуръат мебошад ва рушди саноатро бе сайқал додани неруи зеҳнии мамлакат тасаввур кардан имконнопазир аст. Масъали норасоии кадрӣ дар самти корхонаҳои саноатӣ, низ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ишора гардид: «Дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд доранд». Аз ин бар меояд, ки барои давраи минбаъда муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар муассисаҳое, ки ба омода намудани мутахассисони соҳаи саноат машғуланд, бояд ҳамкориро бештар намуда, байни ҳам табодлуи таҷриба намуда, корро дар ин сам ҷоннок намоянд.

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳад, механизми асосии рушди иқтисодиёт на саноат, балки неруи зеҳнӣ ба шумор меравад. Бо мақсади ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи илм ва маориф дар замони соҳибистиқлолӣ сол то сол маоши кормандони ин ниҳод баланд бардошта шуда, вазъи зиндагонии онҳо хубтар мегардад. «Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд». Дар ҷавоб ба ин дастгириҳои ҳукумати мамлакат масъулин бояд, аз синаи соф кор карда, дар таёр намудани мутахассисони ҳирфавӣ ва бомаҳорат талош варзанд, ҳамчунин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебояд, ки барои тарбия намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ заминаҳои хуби иҷтимоӣ фароҳам оранд. Зеро масъалаи омода намудани кадрҳои болаёқат ба яке аз масъалаҳои калидии ҳаёти иҷтимоии мамлакат табдил гардидааст, ки ин ҳолат дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат садо дод:- «Дар ин раванд, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намоянд». Мушкилоти мазкур аз зарурати саривақтии ҳамгироии маориф бо илм ва истеҳсолот дарак медиҳад. Барои беҳтар омода намудани кадрҳои болаёқату боистеъдод зарур аст, ки табодули таҷриба миёни донишгоҳҳо ва академияҳо сари вақт ба роҳ монда шавад. Яке аз воситаҳои асосии ба талаботи бозори меҳнат омода намудани мутахассисони рақобатпазир ин ба роҳ мондани ҳамгироии илми академӣ бо илми кафедравӣ ва робитаи диалектикӣ доштани таълимгирандагон бо олимон ва озмоишгоҳҳо ба шумор меравад.

Як нуқтаро бояд махсус дарҷ намуд, ки дар шроити кунунии авҷи ҷанги сард, барои ҳифзи амнияти ҳар як кишвар илм ва маориф чи барои таъмини амнияти идеологӣ ва чи барои таъмини иқтисоди миллӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Барои ин ҳар як кишварро зарураст, ки низоми маорифи пешрафта ва иқтидори илмии баланд дошта бошад. Ин зарурат низ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат возеҳ  инъикос гардид:- «Хотирнишон менамоям, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд».

Дар маҷмуъ илм, маориф ва истеҳсолот мисли занҷираи ғизоии табиат буда, пайвастагии доимиро талаб менамояд.

Ғаюров Лоиқ Шералиевич-муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат