, Якшанбе, 22-декабр

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ–ОМИЛИ ДАҲШАТНОК

 21.12.2023 394

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ–ОМИЛИ ДАҲШАТНОК

Терроризм ва мубориза бар зидди он яке аз масоили асосии факторҳои байналхалқӣ ба хотири таъмини амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Меарзад нисбат ба ду мафҳуми забонзадашудаи ҷаҳони имрӯз, ки терроризм чист ва террорист кист назаре андозем.

  1. Терроризм рафти ба амалбарории воситаҳо аз ҷониби иштирокдорони муносибати иртиҷоӣ нисбат ба объект;
  2. Террорист бошад ҳамчун субъекти амалинамоии терроризм шинохта мешавад.

Яке аз роҳҳои асосии ҳалли масъалаҳо фаҳми якхелаи муносибат дар доираи мушкилоти мавҷуда ба ҳисоб меравад. Терроризм калимаи лотинии «terror» буда, маънои тарсро ифода менамояд. Ё ин ки дар луғати С.И.Ожегов муайян гардидааст, ки терроризм аз калимаи фаронсавӣ «terrorizer» гирифта шуда, маънои зуроварӣ, даҳшат ва дар ҳолати тарсу ҳароси доимӣ нигоҳ доштанро ифода менамояд. Терроризм ин ҳар гуна ҳодисаи зуроварӣ бар зидди озодӣ, ҳаёт ва тандурустии одамон мебошад.

Терроризм ҳамчун навъи муносибат дар ҷаҳони имрӯз, вобаста ба субъектҳо ҳар навъ ба амал бароварда мешавад. Омилҳои асосии зуҳури терроризм дар шароити имрӯза чӣ ба ҳисоб меравад? Амалҳои якҷояи давлатҳо бар зидди ин падидаи иртиҷоӣ ва самараи он ба сифати омилҳои асосии раванди ба вуҷудоии терроризм метавон як қатор мушкилотҳоро нишон дод. Сатҳи пасти маълумотнокии динию дунявӣ, иқтисодӣ, камбизоатӣ, сатҳи баланди ташаккули техникаю технологияи муосир ва раванди пахши иттилоот, сармоягузории хоҷагиҳои берунӣ ба субъектҳои дохилии давлат, ки мехоҳанд фазои дохилиро халалдор созанд.

Терроризм дар шакл ва суратҳои гуногун ба амал меояд. Махсусан таҳдидҳои бевосита дар рафти муборизаҳои сиёсӣ, рабудани хизматчиёни сатҳи оллии давлатӣ, талаби пул ва озод намудани маҳбусони сиёсӣ. Бо чунин анҷом террористон умед мебанданд, зараррасонӣ дар нисбати молу амволи шаҳрвандон, амалҳои барои ҷомеа хатарзо ва таҳдид ба амниятӣ давлатӣ, ҳуҷум ба намояндогони ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳо ва инчунин амалҳое, ки бо мақсади барангехтани моҷароҳои сиёси ва муқовиматомез сохтани муносибатҳои байналхалқӣ равона шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар шароити муосир ва раванди ташаккули таҳдидҳои нави замони махсусан терроризму экстермизм муносибати ҷиддӣ аз ҷониби ҳукумати амалкунанда ва шаҳрвандони кишаварамон ба роҳ монда шавад, зеро муносибат накардан ба хотири ҳалли ин масоил маънои таъсири он ба мамлакат ва роҳи ҳалли ин, мушкилоти замони муосир нест. Ҳукумат ва шаҳрвандонро лозим аст, ки муносибати объективона нисбат ба ин қазияро пиёда созанд ва таъминоти ҳуқуқӣ, ҳолати мавзунии муносибатҳо ва сулҳу осоиштагӣ дар ҷомеа боқӣ монад ва барои наслҳои оянда шароити мусоиди зиндагӣ ва барои рушду инкишофи давлат заминаҳо муайян карда шавад. Моро мебояд ғамхор дар нисбат ба замини аҷдодиямон бошем ва барои рушди инкишофи он шароит муҳайё сохта, ҳимояи манфиатҳои миллию давлатиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузошта, аз насли имрӯз ба насли ояндаи миллат номи нек боқӣ гузорем.

Иброҳими АҲМАДХОН, ассистенти кафедраи адабиёти хориҷа бо МТЗАР-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат