, Якшанбе, 22-декабр

ПЕШВОИ МИЛЛАТ-КАФИЛИ СУЛҲУ ОСОИШТАГӢ

 13.12.2023 483

ПЕШВОИ МИЛЛАТ-КАФИЛИ СУЛҲУ ОСОИШТАГӢ

Таърих гувоҳ аст, ки Пешвои тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар кадом вазъ ва таҳти кадом шароит сари роҳбарият омаданд. Ҳодисаи нангине, ки дар тақдири миллати тоҷик соли 1992 бо номи «ҷанги бародаркуш» рух дод, талафоти сангинеро ба миён овард.

Дар ҳолате, ки халқ ҳар рӯз ба даҳҳо ҳодисаҳои нохӯш рӯ ба рӯ мегашт, президенти онвақта Раҳмон Набиев аз мансаби президентӣ истеъфо дод. Дар лаҳзаҳои мудҳише, ки касе кафолати ҷонӣ надошт, сарвари ғамхори миллати мо - Эмомалӣ Раҳмон ба сари роҳбарӣ омаданд ва аз рӯзҳои аввали роҳбарият ба мардуми парокандаву аламдидаи тоҷик рӯ оварда гуфтанд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!» ва воқеан ҳам бо ин аҳди хеш вафо намуда, мардуми парокандаву ҳаросони тоҷикро аз берун ҷамъ намудаву ба ватан баргардониданд.

Аз солҳои аввали роҳбарӣ сарвари хирадманду ғамхори миллати мо бо мардум наздик буда, доимо миёни халқ буданд ва пайваста аз вазъияти зиндагии аҳолӣ бохабар мегардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ба ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ бахусус соҳаҳои иҷтимоӣ: маориф, тандурустӣ, варзиш, фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ диққати махсус зоҳир намуда, ҳамасола баҳри рушду нумӯи соҳаҳои мазкур маблағгузорӣ менамоянд. Чӣ гунае, ки ба ҳамагон маълум аст, ҳамасола қисми зиёди маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ махсусан ба соҳаи маориф, ки яке аз соҳаҳои муҳими мамлакат ба ҳисоб меравад, равона карда мешаванд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро соҳаи поягии сиёсати иҷтимоии давлат зикр намуда, ҷиҳати омода намудани мутахассисони варзидаи ин соҳа иқдомҳои зиёдеро амалӣ намуданд. Чи гунае, ки шоир мефармояд:

Пояи давлат намонад бе маориф устувор,

Давлати поянда хоҳӣ рӯй бар мактаб биёр.

Дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати сохтмону азнавсозии мактабҳо, коллеҷҳо, донишгоҳу донишкадаҳо бо тарҳи наву замонавӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмиллалӣ гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Инчунин саҳми Пешвои миллат дар бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дастгирии мардуми камбизоат бисёр бузург аст.

Чанде пеш дар яке аз маҷаллаҳои оммавӣ мутолиа намудам, ки як шаҳрванди кишвари мо дар матлаби худ зикр намудааст, ки бо як шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳаммасир гардида, роҳии ноҳияи Дарвоз гардидааст. Зимни сафар ҳаммасири афғонаш аз ғамхориҳои Сарвари хирадманди мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, таъкид намуданд, ки: «ба қадри Сарвари худ расед, зеро ба дастгириҳои бепоёни Роҳбари давлати шумо ҳаваси мо мардуми афғон меояд». Ҳамчунин ёдовар гардид, ки ду сол қабл ҳудуди деҳаҳои ноҳияи Дарвозро сел зада, хонаҳои истиқоматиро вайрон намуд. Соате нагузашта намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷои воқеа ҳозир гардида, ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ сари вақт даст ба кор шуданд ва ҳар як соат Сарвари давлат ба намояндагони ҳукумат ва кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ки барои кӯмаки мардуми зарардида сафарбар гардида буданд, дар тамос мегардиданд. Ҳамзамон барои ҳарчӣ зудтар бартараф намудани оқибатҳои офат ва сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ супоришҳои қатъӣ доданд. Дар муддати хеле кӯтоҳ худи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дасти худ калидҳои хонаҳои истиқоматиро бо тамоми лавозимоти наву замонавӣ ба аҳолии зарардида тақдим намуданд.

«Аммо мо чӣ!» - сӯҳбаташро идома дод, шаҳрванди Афғонистон «сарвари давлат он тараф истад, ҳатто як намояндаи ҳукумат аз ҳоли мо бохабар намешавад, чӣ офатҳову чӣ ҳодисаҳое сарамон омад»,- қисса  намуд он  шаҳрванди Афғонистон ва таъкид намуд, ки Пешвои миллати худро дӯст доред, зеро ӯ нисбати халқи худ бениҳоят ғамхору меҳрубон аст. «Ман ба шумо беғаразона ҳасад мебарам»- гуфт шаҳрванди  Афғонистон, ки бо як шаҳрванди Тоҷикистонӣ ҳаммасир гардида буд.

Воқеан ҳам аз дастгириҳову ғамхориҳои Пешвои миллати мо ҳар қадаре, ки ёдовар гардем тамом намешаванд. Беҳуда нест, ки Сарвари хирадманди моро аз тарафи халқ бо унвонҳои баланди «Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат» эътироф намуданд. Мардуми тоҷик воқифанд, ки агар аввалин ташкилкунандаи давлати тоҷикон дар таърих Исмоили Сомонӣ бошад, баъд аз он нафари хирадманду шердиле, ки тавонист давлати соҳибистиқлолу демократӣ ва дунявиро бунёд намуда, дар арсаи байналмиллалӣ эътироф намоянд ва ба ҷаҳониён нишон доданд, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустаъқиле ҳаст бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инчунин ба як қатор созмонҳои бонуфузи ҷаҳон аъзо гардида, ҳамкориҳои судмандро амалӣ намуда истодаанд.

Аз ин рӯ ҷавонони моро зарур аст, ки ба фарҳанги бегонаву бегонапарастӣ рӯ наоварда, аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротиву ифротгароӣ дур бошанд ва дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, баҳри бунёди зиндагии арзанда талош варзанд. Зеро ин тинҷиву осоиштагӣ баҳри миллати мо бо ҷоннисориҳои бепоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Раънои Нуралӣ - омӯзгори кафедраи менеҷмент ва маркетинги факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат