,
Якшанбе, 29-декабр
Ҳамасола 10 декабр дар рӯйи олам ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Мақсади таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон ин ба ҷомеа ва ба ҳар як фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар як фард мебошад. Маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 10 декабри соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардид ва аз қабули он санади муҳим то имрӯз 75 сол сипарӣ мешавад.
Инсоният ҳамеша дар ҳар давру замон ҳаракат менамояд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои худро ҳимоя кунад ва дар баробари он барои эътирофи ҳуқуқҳои худ кӯшиш менамояд. Яке аз авалин эъломияҳои ҳуқуқи башар, Эъломияи Куруши Кабир (590-530 т.м.) ба ҳисоб меравад, ки ӯ барои баробарии инсонҳо ва барҳам додани ғуломӣ ва озодии ҳар як инсон баромад карда буд.
Мафҳуми «ҳуқуқи инсон» ба маънои муосири худ аз замони Ренессанси Аврупо (Эҳёи Аврупо) замони тадриҷан аз байн рафтани авторитаризми феодалӣ ва консерватизми динӣ, ки дар тамоми асрҳои миёна ҳукмфармо буд, сарчашма мегирад. Дар ин давра донишмандони аврупоӣ кӯшиш карданд, ки як навъ варианти дунявии ахлоқи диниро ташаккул диҳанд. Маҳз ақидаҳои дунявият дар давлатдорӣ аз ҳамин давра оғоз мегардад.
Дар асри XIX бошад, баъд аз Инқилоби Фаронса дар соли 1848 маҷмӯи ҳуқуқҳо расмӣ мегардиданд, ба монанди ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, моликият, интихобот, баробарҳуқуқӣ ва ғайра. Дар садсолаи ХХ бо барқарор гардидани ҷомеаи сотсиалистӣ ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ: ҳуқуқи дохил шудан ба иттифоқҳои касаба, кор, истироҳат, ёрии иҷтимоӣ ва ғайра илова карда шуданд.
Дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон бошад, солҳои 1941-1945, ки дар таърихи инсоният мудҳиштарин воқеа дар таърихи инсоният буд, қурбониҳои зиёдеро ба бор оварда буд ва дар навбати худ ҷаҳиши бузурге дар рушди ниҳоди ҳуқуқи башар гардид. Ин буд, ки дар таҳкими ҳуқуқи инсон ва густариши соҳаи нави ҳуқуқ-ҳуқуқи байналмилалӣ замина гузошт. Маҳз қабул гардидани «Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон», ки дар Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид санаи 10 декабри соли 1948 тасдиқ гардидааст, қадами бузурге дар ин самт буд.
Эъломияи мазкур ҳуҷҷати муҳим буда, ҳуқуқҳои ҷудонашавандаи ҳар як инсонро, новобаста аз нажод, ранг, ҷинс, забон, дин, мавқеи сиёсӣ, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ, моликият, амвол ё мақоми дигар эълон кард. Эъломия иборат аз 30 модда буда, матни он имрӯз ба зиёда аз 500 забон тарҷума гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва бо қабули Конститутсия, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Аз ҷумла боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маврид иброз намуда буданд, ки «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд диққати аввалиндараҷа диҳем». Аз ин лиҳоз, бо дарки таъкидоти нуктаҳои волои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон баён намуд, ки масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз масъалаҳои меҳварӣ дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти маҳбубамон мебошад.
Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар муборак, ҳамватанони гиромӣ!
Самандаров ФАРИДУН, ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносонии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ