,
Якшанбе, 22-декабр
“Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва истилоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, терорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар шароити шиддатёбии ҷаҳонишавӣ ва паҳн гаштани бӯҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ экстремизм яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад. Мақомотҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат зидди экстремизм ва терроризм дар кишвар маҷмуи чорабиниҳои сиёсӣ- ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодааст, ки дар байни онҳо мавқеи марказиро нақши консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муборизаи бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ишғол мекунад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст.
Равшан аст, ки падидаҳои номбурда ҳамчун ҷинояти сангин алайҳи оромию суботи инсоният аст. Ҳадафи ягонаи ҳар яки он гурӯҳҳо дар амал як буда, иҷрои фазои ноамонию бесуботиро барои шаҳрвандони ин ё он давлат эҷод кардан, дороии ин ё он давлатро бо роҳи тасаруф аз худ кардан ва сиёсатдории ин ё он давлатро заиф кардан аст. Бо ин роҳ онҳо имконият пайдо карда боварии мардумро нисбат ба давлат коҳиш дода, миёни давлат ва мардум фосила эҷод карда истодаанд.
Маълум аст, ки ин ҳадафҳои зишткорона дар зиндагии имрӯза барои на ҳама аъзои дигари ҷомеа қобили қабул аст. Аз ҳамин лиҳоз имрӯз сиёсати дастаҷамъонаи ҷаҳон ба муқобили ин омилҳо мубориза бурда истодаанд. Мақсади ин ташкилоту созмонҳо зишт ва нопок аст, поя надорад, зуд-зуд пароканда шуда оқибати бе низом хоҳанд монд, аммо саркардагони онҳо боз падидаҳои ҷадидеро пайдо намуда, сафи худро пурра намуда, ҳаракатҳои худро бо роҳи нав руйи кор оварда истодаанд.
Ҷойи таасуф он аст, ки аз як ҷониб ин амалҳои манфурона шумораи куштори занону кӯдакон ва одамони бегуноҳро дар ҷаҳон замон ба замон афзун мекунад, аз дигар тараф иттилоотҳое, ки дар расонаҳои хабари пахш мешавад, маълум шудааст, ки дар сафи ин гурӯҳҳо бештар ҷавонону наврасон, ки бояд сиришти онҳо пур аз меҳру муҳаббати ватан саршор бошад шомил гаштан акси ҳол нисбат ба Ватани хеш нигоҳи бадбинона зоҳир менамоянд, амали нобахшидании хиёнаткориро пеша интихоб намудаанд. Акнун барои онҳо не ватан, не миллат, не муқадасоти он ягон маъно ё арзише надорад, ки ин ваҳшоният бисёр даҳшат аст. Онҳо ҳамчун манфур таҳти фишор ва фармонравоии хоҷагони хеш қарор гирифта пешаи хиёнаториро касб ишғол намуда, ноором сохтани амнияти зиндагии инсониятро шуғл интихоб намудаанд.
Ба ҳамаи мо маълум аст, дар гурӯҳҳои террористӣ, ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрави кишварҳои Сурия, Покистон, Ироқ, Афғонистон, бештар ҷавонон фаъоланд. Мутаассифона дар радифи онҳо шомилшудани ҷавонони Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шудааст. Онҳо ватани худро бо роҳи тарғибу ташвиқ тарк кардаанд. Дигар роҳи бозгашт барои онҳо вуҷуд надорад, ҳарчанд пушаймонанд.
Тарк кардани давлат ва шомил шудан ба чунин созмону ҳаракатҳо амали хоинона ва нобахшидани нисбати чунин ҷавони соҳибватану соҳибмиллат маҳсуб меёбад. Магар чи зуд молу пул ба як каф хоки ватан баробар шуда метавонад? Ватане, ки дар оғушаш туро ба камол расонидаасту бароят тамоми шароити зиндагиро фароҳам оварда баркамол кардааст.
Дар ягон давру замон терроризмро аҳли башарият дастгирӣ накардааст. Дар лаҳзаҳои ҳассос барои ҳар як миллату давлат арзишҳои умумимиллию умумидавлатие ҳастанд, ки шаҳрвандон ва миллатро ба ҳам меоранд. Дар ин гуна лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз ба ҳеҷ гуна зиддият нигоҳ накарда миллат ва фарзандони баруманди он аз як гиребон сар мебароранд.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон шурӯъ аз лаҳзаҳои сангини давраи ҷанги шаҳрвандӣ таҳти роҳбарии фарзанди фарзона ватандӯст дар роҳи давлату давлатдорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эмин нигоҳ доштани ватан, муқаддасоти он идеаи фарогирии миллӣ, идеаи Тоҷикисони воҳид, миллати ягонаи муттаҳид, суботи сиёсию ҷамъиятии кишварро дар мадди аввал гузошта шиор пеша карда баҳри субботу амнияти ин кишвар кору фаъолият менамояд.
Ояндае, ки мо хоҳем сохт, он пеш аз ҳама амну сулҳу субот аст. Мо фарзандони содиқу бовафои ин ватан имконият таъмини ҳамаи ин арзишҳоро дорем. Пас, барои иҷрои ин масъулият барои ҳифзи ин хоку ватан бояд шурӯъ аз кормандони мақомоти масъул якҷоя, дастаҷамъона кули шаҳрвандон барои ободию амният миллат меҳнат кунем, дӯстию ваҳдатро таҳким бахшем, оқилона ва бо мулоҳиза баҳри созандагӣ баҳс кунему муборизаи шаффофу боадолатро пеш барем.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба маҷлиси Олии кишвар сари ин масъалаи фалокатбор аз ҷумла таъкид намуда будаанд: “Терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Имрӯз аз муборизаи якҷояи давлатҳо ва созмонҳои байнанмилалӣ ба муқобили терроризм дида масъалаи муҳимтаре нест. Барои пешгирӣ аз аъмоли террористи ҳамкории муассири кишварҳо бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигари ва механизми пешрафта дар заминаҳои низомӣ, табодули иттилоот ва эҷоди фазои ҳамкорӣ миёни аъзо ва воҳидҳои қудратӣ зарур аст”.
Мо мардуми тоҷик соҳиби пурарзиштарин неъмат – истиқлолияти давлатием. Ба қадри ин неъмат, ки моро соҳиби муқаддастарин арзиш, давлату давлатдорӣ намуда, як давлати миллӣ ва пуриқтидор сохтааст, ҳифзи он вазифаи бомасъули ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Маҳз бояд қайд кард ки дар ин росто нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд, дар таҳкими эҳсоси ватандори худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.
Беҳуда ҳам нест, ки қувваҳои манфиатҷӯйи дар ҳама ҳолат аввалан бо амалҳои ғаразноки худ арзишҳои фарҳангӣ – маънавӣ ( ахлоқию динӣ )-ро коҳиш дода, маънавиёти ҷомеаро фалаҷ месозанд, баъдан аз маърифати пасти мардум истифода намуда, бо роҳи таҳдид намудан, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Шаҳрвандони кишвар, мо омузгорон, мураббиён ва дигар зиёиёну фаолони ҷомеаро зарур аст, ки бо дарки доштани масъулияти баланди ватандорӣ, истиқлолияти ватани худро аз ҳама хатару фишорҳо эмин нигоҳ доранд ва бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, бо меҳнати софдилона ва бо дарки садоқат ҳисси ватандустӣ ва худшиносии мардумро бедор созанд. Махсусан нагузоранд, ҷавонон фирефтаи ташвиқоту тарғиботи амалҳои бегона гарданд.
Тарғибу ташвиқи ғояҳои миллӣ, тарбия ватандӯстии насли наврасу ҷавонони кишвар, сафарбарнамоии ин қишри умедбахш дар корҳои созандагию ободкороӣ, таҳким бахшидани корҳо ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва ваҳдати миллӣ, роҳест дар коҳиш додани ин падидаҳои нангини аср.
Бозоров ҲАСАН, ассистенти кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ