, Чоршанбе, 11-декабр

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ОМИЛ ВА КАФИЛИ САОДАТИ МАРДУМ

 16.11.2023 361

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ОМИЛ ВА КАФИЛИ САОДАТИ МАРДУМ

Оид ба корномаҳо, шуҷоату далерӣ ва дурнандешии ин абармарди тоҷик чӣ ба забони модарии мо ва чӣ ба забони мардумони гуногун асару матлабҳои илмию оммавӣ ва тасвирию тавсифӣ, ёддошту адабномаҳо, ҳамчунин нигоштаҳои ситоишию қаноатмандӣ дар расонаҳои хабарии дохилию хориҷӣ ба нашр расидаанд. Қисмати зиёди ин маталабҳо кору пайкор ва фаъолияти серҷабҳаю серҷанбаи абармарди мардумиро аз мавқеъ ва нуқтаназарҳои нав ба нав фаро гирифтаанд. Мунтаҳо, гумони ғолиб он аст, ки ҳанўз ҳам сарнавишту кору пайкорҳои шабонарўзии ў пурра ва мукаммалан ба риштаи тасвиру тавсиф кашида нашудаанд. Воқеият ин аст, ки ифода ва тасвиру тасаввури аслию усулии симою чеҳраи шахсияте, ки миллати дар таркиби абардавлатбудаеву акнун соҳибистиқлолгаштаро, ки қаблан 5 империяро аз сар гузаронида буду ҳамагӣ се даҳсола пештар дар вартаи ҳалокат қарор дошт ва ин шахс на ин ки онро аз вартаи ҳалокату маҳвшавӣ наҷот дод, балки тавонист тамоми мардумро басичу муттаҳид намояд ва неруҳои ақлонию зеҳнии онро рў ба ҷониби халлоқияту созандагӣ нигаронад, кори саҳлу якдафъаинае нест ва солҳои мадид зарур аст то нақшу мақоми воқеии ў дар сафҳаи таърих ва миллату нажоди тамаддунофари тоҷику ориёӣ ба тариқи одилонаю мунсфона ва мукаммал тасвиру тасаввур карда шавад. Сухан дар бораи шахсе меравад, ки мардуми шуморатан камтеъдоди моро на танҳо аз вартаи ҳалокат раҳонид, балки дар баробари беш аз 200 давлати дунё дар Созмони Миллаи Муттаҳид соҳибминбар ҳам намуд ва ҳатто мукарраран бо фикрҳои бикр, андешаҳои дурнамодор ба тамоми башарият аз номи мардуми тоҷик пешниҳоду тавсияҳои судманду хирадмандонае оид ба ҳалли аксаран масойили мубрами ҷаҳонию байналдмилалӣ карда тавонист, ки бо аксари ороъ қобили қабул ва таҳсину ситоиши дигарон низ гашт.

Бале, нафаре, ки худ замоне ҷон дар кафи даст фирориёни ба ғурбатрафтаро сиҳату саломат ва бо замонату кафолат ба ватан интиқол дод, ба мардуми мусибатзада тавонист Оромишу Осоиш орад, мардумро руҳбаланду соҳибватан гардонид, сиёсати хирадмандонаи дарҳои бозро ҷиҳати ҳамкориҳои судманд бо ҳама давлатҳои низомҳои мухталифдошта ба роҳ монд, кишвари кўҳистонию кўҳистониёнро аз бунбасти иртиботию мухобиротӣ вораҳонид ва ба ҳар тараф, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ роҳҳою пулҳоро чун шараёни хунгард дар организми ҷумҳурӣ пайванд доду ба ҳам овард, пояҳои давлату давлатдориро таҳкиму тақвият бахшид, тарҳи Сарқонунеро раҳбарӣ намуд, ки тавассути доираҳои зиссалоҳ ва мутахассисини ҳуқуқдони байналмилалӣ чун яке аз беҳтарин конститутсияҳо дар ҷаҳони мутамаддин эътироф гашт, садои тоҷику Тоҷикистонро аз минбарҳои байналмилалии бонуфуз баландтар гардонид, мақоми зани тоҷикро ба дараҷе баланд бардошт, ки ин зан аз оғози ташаккули миллат то замони муосир чунин мақому мартабаи баланд надошт, ба ҷаҳону ҷаҳониён таҷрибаи сулҳофариниашро муаррифӣ намуд, ки сабақу дарси ибрат ва намунаи барҷастаи ҳаллу фасли мунозиаю муноқишаҳои мусаллаҳона гашта монд ва ғайраю ҳоказо.

Раҳбари олии сиёсии ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон, ки дар айни ҷавонӣ зимому умури идорию сиёсии кишварро бо иродаи аксари намояндагони мардумӣ ба дасти худ гирифт, гўиё шахсияти сарнавиштсозе буд, ки тавонист на танҳо шуълаҳои ҷанги хонумонсўзро хомўш созад, балки руз то рўз истиқлолияти давлатиро таҳкиму тақвият бахшад ва то дараҷаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат эътирофи умум низ гардад.

Амалия ва таҷрибаи давлатдорию давлатдорҳо нишон медиҳад, ки мавриди иззату икром ва эътибору эҳтироми хоса қарор додани чунин шахсиятҳои тақдирсозу таърихсоз амали савоб ва зарурати воқеӣ барои ҳар як шахси солимақл аст.

Ваҳдату истиқлол - неъматҳои беҳтаринанд ва маҳз онҳо метавонанд саодатмандии шаҳрвандонро таъмин кукнанд ва танҳо шахсе чун Пешвои миллати мо, ки бо ҷонбозиҳои худ ваҳдату истиқлолиятро таъмин кардааст, метавонад чунин суханони дурандешона ва пурҳикмат гўяд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад!».

Ваҳдати миллӣ ва истиқлол ба сифати омили муттаҳидгари мардуми тоҷик заминаеро мусоид намуд, ки арзишҳои миллии мардуми мо ҷою мақоми хоса касб карданд, арзишҳои эътирофшудаи байналмиллалӣ таҳдоби ташаккул ва таҳаввули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ гашта монданд.

Таърихи башарят собит месозад, ки бо сабабу омилҳои воқеию ғайривоқеӣ қавму давлату миллатҳое низ маҳву нобуд гаштаанд ва миллати шарофатманду тамаддунсоз ва ҷузъи таркибии нажоди ориёиро, ки 5 маротиба Империя дошт чунин хавфу хатар на як бор рў ба рў омадааст ва ҳар маротиб шахсияте пайдо шуда зуҳур мекард, ки онро аз вартаи ҳалокат наҷот мебахшид. Ин дафъа низ шахсияти ҷавоне дар ҷомеаи мо вобаста ба зарурати таърихӣ зуҳур кард, ки тавонист Оромишу Осоиш оварад, пояҳои давлатро таҳкиму тақвият бахшад, Истиқлолиятро ба соҳибихтиёрию мустақилияти воқеӣ мубаддал гардонад.

Бале, нафаре, ки оғози фаъолияти давлатдории худро ба ҳайси сарвари он шурўъ намуд, расман ва ба тариқи оммавӣ чунин изҳор дошта буд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам!» ва ин қавли худро дар натиҷаи заҳмату ҷонбозиҳои шабонарўзӣ пурра ва мукаммалан дар амал татбиқ намуд. Биноан моро зарур аст, ки атрофи муаззамтарин сарвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳидтару басичтар гашта, нагузорем, ки сулҳу ваҳдат ва неъматҳои пурарзиши онро душманону хоинони дохилию хориҷи ба манфиати худ истифода кунанд!

Хулоса:

-Аз назари шахсии ман бузургтарин кор, ки Пешвои миллат анҷом доданд, ин психологияи даҳҳо ҳазор одамонеро, ки солҳои 1992-1997 ба тахрибкорӣ ва ҷангу ҷидол машғул буданд, тадриҷан ба руҳияи ободкорӣ табдил дод;

-Дар масойили бунёдкорию ободӣ корҳоеро тули се даҳсола анҷом доданд, ки давлати абарқудрати шуравӣ тули 70 соли ҳокимият натавониста буд;

-Модел ва формулаи сулҳ бо мухолифино офарид, ки намунаи самараноке барои тамоми ҷаҳон гашта монд;

-Асосгузори на танҳо сулҳу ваҳдати миллӣ, балки асосгузори давлати навини Тоҷикистон аст, зеро агар кишвар соли 1991 Истиқлолият ба даст оварда бошад ҳам, Сарқонуни (Конститутсияи) Иттиҳоди Шуравӣ то соли 1994 амал мекард ва маҳз аз соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Конститутсияи миллию давлатии худ гашт ва соҳибистиқлолию мустақилият ва демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будан бо ин ҳуҷчати расмӣ тавассути раъйпурсии умумӣ тасдиқ гашт;

-Кишваре, ки солҳои ҳокимияти шуравӣ ба бунбасти коммникатсионӣ гирифтор шуда буд ва 93%-и он аз кўҳхо иборат буд, таҳти роҳбарии Пешвои миллат тавонист тавассути нақбу роҳҳои асфалтпуш на танҳо роҳҳои худро ба чор самти ҷумҳурӣ дуруст кунад, балки ба кишварҳои ҳамҷавор ва тамоми гўшаю канори ҷаҳон рафту омадро таъмин намояд;

-Тибқи ҳисобу китоби коршиносон,то интиҳои соли 2023 суръати рушди иқтисодӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин хоҳад шуд ва дар ин замина, соли 2023 даромади умумии пулии аҳолӣ 15 фоиз афзоиш ёфта, ба 100 миллиард сомонӣ баробар мегардад;

-Агар соли 1992 буҷаи давлат холӣ гашта, ҳукумат фалаҷ гашта бошад, пас дар соли 2022 қисми даромади буҷаи давлат ба 33 миллиард сомонӣ баробар гардид;

-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз Конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон эътироф гашта, тули солҳои охир Тоҷикистон яке аз кишварҳои амнтарини дунё шинохта шуд;

-Дар давраи гузаштаи баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 180 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард;

-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузург, заҳматҳои созанда ва қадамҳои пайваста дар роҳи рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ, ташаббусҳои ҷаҳонӣ, хизматҳои бебаҳо дар густариши ҳамкорӣ, таъмини амнияту сулҳу субот дар саросари ҷаҳон, таҳкими дӯстии миллату халқиятҳо, робитаҳои гуногунсоҳаи башардӯстона, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар даврони истиқлолият бо ҷоиза ва мукофотҳои як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла медали «Барои шуҷоат дар ҳифзи Сарҳади давлатӣ»-и Федератсияи Россия (1994), Ситораи тиллои Алберт Швейтсер (2000), Ҷоизаи байналмилалии «Сулҳ-99» (1999), Ҷоизаи байналмилалии ба номи Петри Кабир (2002), Ҷоизаи олии ҷамъияти Бунёди байналмилалии хайрияи «Сармоягузорони аср» - нахустин ордени алмосии «Ситораи боваринок» (2005), ордени Қаҳрамони миллии Афғонистон - Аҳмадшоҳи Масъуд (2002), медали тиллои «Барои таҳкими сулҳу ваҳдати байни халқҳо» (2005), медали тиллои Давлати Миср (2007), Ситораи сурхи ёқути «Сулҳпарвар»-и Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии хайрияи «Сулҳпарвар» ва Бунёди ҷамъиятии байниминтақавии хайриявии «Созвездие» (2007), медали фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (2007), ордени Шаҳзодаи Украина Ярослав, дараҷаи 1 (2008), ордени аз “Се ситора, дараҷаи 1” бо занҷири тиллои Латвия (2009), Ҷоизаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Ҳадафҳои рушди ҳазорсола” (2010), Ҷоизаи олии давлатӣ - Ордени Покистон (2011), Ордени Байналмилалии Моҳи Нав ва Ситора (2011), медалҳо ва шаҳодатномаҳои Шурои Аврупо - «Пешвои асри ХХI» (2011), мукофоти олии давлатии Украина - Ордени Дараҷаи 1 (2011), Ҷоизаи олии давлатии Озарбойҷон - ордени Ҳайдар Алиев (2012), ордени Президенти Туркманистон «Бетарафӣ» (2012), Ҷоизаи давлатии Давлати Кувайт - Ордени Муборак Алкабир (2013), Ҷоизаи давлатии Баҳрайн "Ал-Килод Ал-Халифа" (Ордени шоҳона) (2014), ҷоизаи олии Федератсияи Русия - Ордени Александр Невский (2017), Ҷоизаи давлатии Қазоқистон - Ордени давлатии “Парасат” (2018), Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон - ордени “Эл юрт хурмати” (2018), Медали фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (2021) ва дигар ҷоизаву мукофотҳо.

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ба кишварҳои хориҷӣ бо устодону донишҷӯёни аксари муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ вохӯриҳо баргузор намуда, барои хизматҳояш, рушду таҳкими робитаҳои байналмилалии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи илму маориф бо мукофоту унвонҳои олӣ, аз ҷумла профессори фахрии фалсафаи Академияи умумиҷаҳонии тиббӣ (2000), ҷоизаи Ассотсиатсияи байналмилалии Академияҳои илмҳои ИДМ - «Медал барои мусоидат ба рушди илм» (2001), медали тиллои ЮНЕСКО ба номи Абуалӣ ибни Сино (2002), доктори фахрии Донишгоҳи Ғозии шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия (2002), профессори фахрии Донишгоҳи Авруосиёи Остона ба номи Лев Николаевич Гумилев (2006), доктори фахрии Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко (2008), медали тиллои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ( Румӣ) - ЮНЕСКО (2009), профессори фахрии Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал (2009), профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов (2009), доктори фахрии Донишкадаи улуми шарқии Русия ва Академияи илмҳо (2009), профессори фахрии Донишгоҳи Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин (2010), ҷоизаи олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия - медали тиллоӣ ба номи Николай Блохин (2009), профессори фахрии Донишгоҳи миллии кӯҳии Украина ва медали тиллои академик Терпигорев (2011), Ҷоизаи олии Институти муштараки таҳқиқоти ҳастаии Федератсияи Русия - медали тилло (2011), профессори фахрии Донишгоҳи Сиамени музофоти Футсзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин (2012), профессори фахрии Донишкадаи давлатии иқтисод ва идораи Туркманистон (2012), доктори фахрии Донишгоҳи Мавлоно, Кунияи Ҷумҳурии Туркия (2012), медали «60-солагии ЮНЕСКО» (2013), профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Беларус (2014), профессори фахрии Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия (2014), профессор дар Маркази аврупоии пажӯҳишҳои байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS) (Брюссел) (2015), профессори фахрии Донишгоҳи муҳандисии нафти Уфаи Федератсияи Русия (2015), доктори илмҳои фалсафа ва иқтисод аз Қоиди Аъзами Донишгоҳи Покистон (2015), доктори фахрии Академияи дипломатии Озарбойҷон (2018), доктори фахрии Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон (2018), доктори фахрии Донишгоҳи Қоҳира (2022) сарфароз гардонида шудаст;

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои барҷаста дар рушди соҳаи варзиш, саҳми арзанда дар рушди ҳаракати олимпӣ, дастгирии доимии варзишгарон, бунёд ва азнавсозии иншооти варзишӣ, мусоидат дар ташкил ва баргузории мусобиқаҳои минтақавӣ ва байналмилалии варзишӣ дар Тоҷикистон, бо ордени Кумитаи байналмилалии олимпӣ «Барои рушди ҳаракати олимпӣ» (2003), ордени Шурои олимпии Осиё «Барои хизматҳои шоён» (2003), нишони рамзии камарбанди сиёҳи 5-уми дан оид ба каратэ-до (2005), Шурои тартиботи олимпии Осиё (2009), медали тиллои Кумитаи олимпии Чин (2012) ва медали фахрии "Камарбанди сиёҳ 9 Дан" бо шаҳодатномаи Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) (2013) мушарраф гаштааст.

Пас ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омил ва кафили саодати мардум аст!

Рўзи Президент муборак бошад!

Ҷумъахон АЛИМӢ – мудири кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон




Ба рӯйхат