,
Якшанбе, 22-декабр
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон дар назди зиёиён таҳкид намуда буд, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ба ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунад.
Хоҷаҳои ин гурӯҳҳо аз дуриҳо истода дар навбати аввал ҷавононеро ба доми худ бо ёрии ҳаммаслаконашон меандозан, ки обу ҳаво, нону намаки ҳамин давлатро истифода карда ба намакдон туф карда аз паи нооромиҳо шуда, даст ба корҳои ношоиста мезананд.
Роҳбарони ин гурӯҳҳо ашхосеро ба худ мекашад, ки таҷрибаи рӯзгор, сатҳи дониши пасти дунявӣ доранд ва ақли солимро кор фармуда наметавонад зуд гирифтори сафсатаҳо мешаванд.
Барои он ҳар як фарди тоҷик ояндаро фаҳмад, аввал гузаштаро омӯзад, ки ниёгони мо чӣ тарзи зиндагӣ доштанд, ва баъд ин, ки расму оини миллиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш кардан лозим нест. Меросе, ки аз гузаштагонамон мондааст чун моли шахсии худ ҳар як фард бояд қадрдонӣ кунад.
Воқеаҳое, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Арманистон, Аврупою-Амрико гузашт нишон дод, ки таъсиррасонии иттилоотӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо шууру маънавиёти наврасону ҷавонон торафт шиддат меёбад. Технологияи замонавӣ торафт рушд ёфта, таъсири мусбии худро ба кули ҷавонони дунё расонида истодааст. Мубориза бар зидди ифротгароён ва дигар равандҳои номатлуби ҷаҳонӣ барои пешгирӣ дар байни кули ҷавонон нақши асосиро мебозад. Дар ин масъала бояд омӯзгорон маърифат ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқии наврасону донишҷуёнро ба сатҳи баланд бардоранд. Байни донишҷуён яке аз омӯзгорони ботаҷрибаро интихоб намуда, сиёсати давлат ва оқибатҳои терроризмро ҳар моҳе ду маротиба фаҳмонида диҳад. Донишҷӯёнро доимо пайваста ба илмомӯзӣ ва роҳи дурусти зиндагӣ равона сохта, қимматтарин барои инсон озодиро фаҳмонанд. Аслиҳаҳои муҳимтарин дар ин давру замон воситаҳои иттилоотӣ ҳисоб мешавад, ки ҷавонон пайваста ниҳоду завқи инро пайдо кардаанд.
Шукронаи онро кардан лозим, ки дар фазои сулҳу оромӣ кор ва фаъолият карда истодаем. Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳар як баромадашон таҳкид месозанд, ки мо бояд ҷавононро илм омӯхта ба роҳи дурусти зиндагӣ сафарбар намоем. Ин таъкидҳо моро ҳушёр месозад, ки мо боз ҳам тарбияи ватандӯстиро дар байни ҷавонон шаффоф дар сатҳи баланди таъсирбахш гузаронем, ки қимматтарин барои ҳар як миллат хоку обу ҳавои Ватанаш аст.
Баҳри фардои дурахшони Ватан,
Ҷон супорам лек намедиҳам Ватан.
Мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯза ҷавонони гумроҳе ҳастанд, ки бо халқу Ватани хеш хиёнат мекунанд. Ба сафи ифротгароён шомил шуда, обруи падару модар, миллату Ватанро баъзе ҷавонон дар ҷаҳон паст мезананд, ки оқибати сангину талху шурии зиндагӣ то охир дар қалбашон мемонад. Мард бояд ҷавонмардона рафтор кунад, марде, ки хиёнат ба хеш меорад дар байни аҳли одамият ҷой надорад.
Нанг аст, ки номус бибарад тир бар ҳадаф,
Ҷое, ки мард ҳаст, зи номард назанед ҳарф.
Азимов РАҶАБАЛӢ, мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ