, Панҷшанбе, 30-май

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ТАҲДИД БА ҶАҲОНИ МУОСИР

 13.11.2023 33

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ТАҲДИД БА ҶАҲОНИ МУОСИР

Ба шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини биҳиштосои мо Тоҷикистони маҳбуб сулҳу субот ҳукум фармост.

Мутаасифона имрӯзҳо аз тарафи як гурӯҳ созмонҳо ва ташкилотҳои алоҳида ҳадафҳои ғаразнок мавҷуд аст, ки мехоҳанд нооромиву бесуботиро домангир созанд. Махсусан ин нуқтаро Пешвои миллат хело хуб маънидот кардаанд, «Тероризм ва ифротгароӣ бениҳоят гуштаришт ёфта бо оқибатҳои даҳшатвор ва фоҷиатвори худ айни ҳол ба мушкилтарин мушкилоти башарият табдил ёфтааст».

Бинобар ин танҳо барои сарнагун  намудани зуҳури ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ ин мустаҳкам намудани сатҳи дониши илми дунявӣ ва илмӣ- динӣ мебошад. Пешгири кардан аз ифроту ифротгароӣ яке аз омилҳои асоситарини сулҳу амният, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва рушди давлати миллӣ мебошад. Дар шароити ҳозира вазифаи ҳар инсони оқилу ватандӯстӣ миллат махсусан ҷавонон, ки қисми бештари аҳолии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд аз он иборат аст, ки аз ҳар гуна пайвастшави  ба гурӯҳои дар боло зикр гашта худдори намоянд. Чунки оқибати ин амал сабаб мешавад, ки ҳам ҷони худро аз даст диҳанд ва сабаби марги ҳазорон нафар гарданд.

Ҳар шарванд ки худро фарзанди ин миллат ва ватан медонад бояд барои ҳифзи истиқлолият арзишҳои миллӣ ва якпорчагии кишвар талош варзад.Чунки ояандаи ҳар халқу миллатро бе давлат тассавур кардан ғайри имкон аст.

Терроризм истилоҳи лотини буда «terror» маънои тарс ва ваҳшро дорад. Терористон ашхосе мебошанд, ки хостори бо тарс, кушдор, таркондан, амалӣ сохтани ниятҳои нопокро дороянд.

Терроризм ба як чанд намудҳо ҷудо мешаванд.Тероризми миллатгаро ё миллатчигӣ – худро муборизони роҳи озоди миллӣ эълон карда, дигар халқу миллатҳоро ваҳшатона нобуд ва қатл менаянд.

Терроризми динӣ – мутаасифона имрӯз бештар паҳн шудааст. Ин ашхос зери ниқоби дин худро муборизони дин ба истилоҳ муҷоҳид эълон карда, амалҳои ғайри инсониву динниро анҷом медиҳанд.

Ҳоло он ки дар динни ислом дар бораи қатлу хунрези ва иҷборан диннро тарғиб кардан бо роҳи зуроварӣ ва хусуммат  дар  ягон сарчашмаи динни Қуръон ва аводис қайд нашудааст, баръакс динни ислом динни таҳамулпазир  ва якпорчаги аст.

Терроризми ҷудоихоҳӣ – худро тарафдори зидди асорату ғуломи эълон карда, бар зидди яғонагии давлат якпорчагии он барои аз ҳайати он баромадан мубориза мебаранд.

Терроризми антиглобалӣ – гуё бар задди гуруснаги фақру нодори мубориза мебаранд ҳолати зикр гардида ба гурӯҳҳои номатлуби иҷтимои пайвастани ҷавонон дар тамоми кураи замин мутаасифона дар кишвари мо низ аз он ба назар мерасад.

Тарафдорони гурӯҳҳои террористӣ бо ҳар роҳу усул истифода карда, ақидаҳои гаразноки худро дар майнаи сари ҷавонони содда аз таҷрибаи зиндагӣ дур андохта, онҳоро қурбонии манфиятҳои худ месозанд.

Дар охир ҳаминро қайд карданием,  ки падару модар, ҷамъият, мактаб ва дигар масъулинро мебояд, ки дар тарбияи насли наврас оқил ва донишманд бошанд. Бояд аз ҳар амал ва хатарҳои имрӯзи сайёра насли ҷавонро огоҳу роҳнамо бошем.

Афзалшоҳ РАҶАБОВ, Зарифзода ФАРИШТАМОҲ, омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат