, Шанбе, 12-октябр

ЗУҲУРИ ТЕРРОРИЗМ - ХАТАР БА ҶОМЕА

 09.11.2023 156

ЗУҲУРИ ТЕРРОРИЗМ - ХАТАР БА ҶОМЕА

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон»  (18.10.2022), қайд намуда буданд, ки: «Таҳлили ғояҳои тундгароёна бар афкори ҷавонон ва мавҷудияти ба истилоҳ «Гурӯҳҳои хуфта» – и ифротиву террористии байналмилалӣ аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти минтақа маҳсуб меёбад.

Мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар нуқоти муайяни олам терроризм дар шаклҳои гуногун ва зери шиорҳои мафкураи ифротӣ амал намуда, кӯшиш менамоянд, ба мақсадҳои нопоки худ ноил гарданд.

Ба ибораи дигар, ҳаракатҳои террористӣ ҷараёни мушаххаси мақсадгузорӣ, омодасозии рӯҳиву равонӣ ва ҷисмониро дар бар мегирад».

Аз ин суханони Сарвари давлатамон бармеояд, ки ҳадафи асосии терроризм, бо роҳи тарсу даҳшатафканӣ рӯҳи  мардумро шикаста ва дар дили онҳо тарсу ҳаросро ҷо кунад.

Вожаи «террор»  низ аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарс, ҳарос ва ваҳм мебошад.

Террористон мехоҳанд, ки ба роҳҳои мухталиф ва тарғибу ташвиқи бепоя мафкураи ҷавононро вайрон намуда, онҳоро шомили ин ё он гурӯҳҳои ифротӣ гардонанд.

Барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан, аз ҳама гуна роҳу василаҳои мухталиф истифода мекунанд. Бахусус,  дин барои онҳо яке аз омилҳои асосӣ ба шумор меравад. Аксар амалҳои ғаразнокашонро дар зери ниқоби ислом ба анҷом расонидан мехоҳанд. 

Ифротгароён бо сарфи маблағ ва дигар воситаҳои ҷалбкунӣ фарзандони бетаҷрибаи як давлату миллатро бар зидди худи ҳамон давлат мавриди истифода қарор медиҳанд. Дар ин ҳолат, ҷавононро лозим аст, ки хеле ҳушёру боандеша бошанд. Ба фиребу сафсатаҳои дурӯғи бепояи ашхосе, ки мехоҳанд, мафкураи онҳоро заҳролуд намоянд, роҳ надиҳанд.

Ифротгароёну тундравони исломӣ ҷиҳоди худро муқаддас медонанд. Бо андешаи зишти онҳо, шахси мусалмон ҳеҷ гоҳ набояд бағайримусалмон тобеъ бошад. Агар тобеъ шавад, пас ҳама талошҳои мусалмон дар роҳи Ҳақ ва ҳақиқат бе натиҷа хоҳад буд. Намозу рӯза, дуову закот ва дигар аъмоли парҳезкории ӯ аз ҷониби Худованд пазируфта нахоҳад шуд. Ба ҳамин монанд, боз садҳо шартҳои дигари бардурӯғро ба рӯҳияи ҷавонон таҳмил медиҳанд, то ба мақсадҳои ифлоси худ бирасанд.

Дар роҳи ба ҳадафҳои сиёсиашон расидан, созмонҳои экстремистиву террористӣ шаҳрвандони дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳо мебошад. Ҳамин андешаи ғаразноки худро асос карда, диққати мардумро ба он ҷалб карданӣ мешаванд, ки роҳи пешгирифтаи онҳо дурӯст аст.

Чи хеле ки дар боло ишора намудем, таваҷҷуҳи ифротгароён бештар ба ҷавонон нигаронида шудааст. Зеро ин қишри ҷомеа, баъзеашон, зудбоваранд. Ба ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ онҳоро ба ташкилотҳои экстремистӣ ҷалб кардан мехоҳанд.

Террористон гурӯҳи  чандон калон набуда, аз гурӯҳҳои хурд иборат мебошанд. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки бо ҳар гуна роҳҳо ба ҷомеа зарари худро расонанд.

Шаклҳои зуҳури терроризм инҳо мебошанд:

  1. Терроризми давлатӣ.
  2. Терроризми гурӯҳҳои мухолифи давлат.
  3. Терроризми байналмилалӣ.
  4. Терроризми дохилидавлатӣ.

Ҳадаф ва мақсади ин гурӯҳҳо ба ҳам хеле монанд мебошанд: қасд ба ҷони ашхоси маъруф ва шинохта; халал расондан ба раванди давлатдорӣ; вайрон намудани мафкураи ҷавонон; ноором сохтани вазъи ҷомеа ва амсоли инҳо.

Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқобил ба  ин хатари ҷаҳонӣ бе тараф нест. Тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад, то терроризму экстремизм аз байн равад ва ё тамоман несту нобуд карда шавад.

Дар тамоми ҷаҳон марказҳои омӯзишии ин зуҳуроти номатлуб фаъолият карда истодаанд, то мақсад ва нақшаҳои онҳо қаблан ошкор карда шавад ва пеши роҳи амалҳои онҳо гирифта шавад. Аммо, на ҳама вақт ин даст медиҳад. Мутаассифона, баъзан, ба мақсадҳои разилонаи худ мерасанду сабаби марги одамони бегуноҳ ва расонидани хисороти зиёд мешаванд.

Боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз ҳисоби ҷавонони гумроҳ зиёд шуда истодааст. Ба назар чунин мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ муҳимтарин омили гумроҳшавии ҷавонон аст.

Даҳҳо ҳодисаҳои даҳшатнокро номбар кардан мумкинаст, ки бо дасти нопоки террористон ба анҷомрасонида шуда, муҷиби марги садҳо одамони бегуноҳ гардидаанд.

Ҳодисаи 11 сентябри соли 2011 дар ш. Ню-Йорки ИМА рӯйдодаро мардуми ҷаҳон ҳоло ҳам аз хотир фаромӯш накардаанд. Дастаи созмони террористии «Ал - қоида» тайёраи мусофирбарро зӯран баихтиёри худ дароварда, ду бинои серошёнаро ба воситаи ин  тайёра мавриди таркиш қарор доданд, ки дар натиҷа  2996  нафар одамони бегуноҳ ҷон бохтанд. Ё худ, санаи 1-уми  сентябри  соли 2004 террористон  ба мактаби № 10 шаҳри Беслани Осетияи Шимолӣ ҳуҷум намуда, 1100 шогирдону устодонро гаравгон гирифтанд. Муддати се рӯз онҳоро бе обӯ хӯрок нигоҳ доштанд. Дар натиҷаи ин амали бераҳмонаи онҳо 188 хонанда ва 17 нафар омӯзгорон ҷони худро аз даст доданд. Ба монанди ҳодисаҳои болозикр  боз  даҳҳо  ҳодисаҳои  дигарро номбар  намудан мумкинаст, ки сабаби марги садҳо одамон гардида, даҳҳо иншоотҳо аз истифода баромаданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки амалҳои террористӣ ва экстремистиро маҳқум менамоянд.

Бо Фармони Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм» тасдиқ гардид.

Дар саросари ҷаҳон мубориза ба созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дар меҳвари сиёсати давлатҳо қарор дорад. Давлати мо  низ, бо дигар давлатҳо ҳамовоз шуда, тамоми амалиётҳои террористиро ба таври қотеона маҳкум менамояд.

Кишвари мо ҳам тарафдори он аст, ки сулҳу осоиштагӣ ва субботу оромӣ дар тамоми кураи замин ҳукмфармо бошад.

Имрӯзҳо ҳамаи моро зарур аст, ки тамоми чораҳоро андешем, то ҷавонони мо фирефтаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ нашаванд.

Тамоми кӯшиши худро ба харҷ диҳем, то ин ки сарзамини муқаддаси худро аз дассисаҳои душманон эмин нигоҳ дорем.  Ба қадри неъматҳои Истиқлолияти давлатӣ содиқона бирасем. Арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатамонро дӯст дорему ҳифз намоем. Ҳеҷ гоҳ хиёнат ба ин давлату ин миллат накунем. Ба қадри ғамхориҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем.

Мо, омӯзгорон ва дигар зиёиёни фаъоли ҷомеаро зарур аст, ки бо ҳисси баланди ватандорӣ ва бо меҳнати софдилона дарки ватанпарастии мардумро бедор намоем ва нагузорем, ки ҷавонон фирефтаи ташвиқоту тарғиботи амалҳои бегонагон гарданд.

Қаюмова МУБИНА, омӯзгори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат