, Якшанбе, 15-декабр

ВАТАН ОБОД БОЯД КАРД!

 09.11.2023 414

ВАТАН ОБОД БОЯД КАРД!

Шукри истиқлоли Ватан, шукри оромию осудагии ин диёри биҳиштосо, шукри  Яздони пок, ки ба мо шахсеро фиристод ва сабаб гардонид, ки чунин муҳити  орому осударо баҳри Тоҷикистони азиз фароҳам овард. Ин шахси ватандӯсту халқпарвар, миллатдӯсту хештаншинос, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ пайваста шукр мегӯяд ва шукрона карданро ба дигарон талқин менамояд. Бале, шукрона мекунем, мисли раҳбару раҳнамои худ шукри Худоро ба ҷо меорем, то ин ки ин неъматҳо рӯз аз рӯз фузун гардад. Шоир барҳақ фармуда:

Шукр гӯӣ, неъматат афзун шавад
В-ар нагӯӣ, аз кафат берун шавад. 

Бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз ободу зебо шуда истодааст.

Тайи чанд соли охир ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар Ватани тинҷу ороми мо пайдо шудаанд, ки оромии Тоҷикистони азизро халалдор мекунанд. Бадии кор дар он аст, ки  онҳо зери ниқоби дини мубини  ислом кирдорҳои нопоки худро амалӣ гардонида, маҳз ҷавононро дар  атрофи худ ҷамъ меоваранд  ва бо ваъдаҳои бардурӯғ онҳоро бар зидди давлати худ омода месозанд. Мутаассифона баъзе ҷавонони гумроҳ, ки аз бекорӣ сари калоба гум кардаанд, ба чӣ кор шуғл варзидани худро намедонанд, ба чунин гурӯҳҳо ҳамроҳ шуда, оқибат ҷони ҷавони худро аз даст додаву хонаашонро ба мотамсарое табдил медиҳанд.

«Ҷавонон, вақте ки дунболи маърифати динӣ ҳастанд, агар мо онҳоро дар ин роҳ тарбият накунем, пас дигарон онҳоро меомӯзонанд. Аз ин рӯ, як навъ зарурати ошноии насли наврас ба пояҳои маърифати динӣ вуҷуд дорад. Албатта, зарур нест, ки тамоми мардум маълумоти касбии динӣ дошта бошанд, вале мардум бояд як тасаввури ибтидоии дуруст дар бораи асосҳои ислом, мазҳаби ҳанафӣ ва арзишҳои он дошта бошад. Зеро вақте ки як ақида, мазҳаб, равияи ғайрианъанавӣ ва ифротӣ, ё ҳадафнок аз берун ворид мешавад, ҷавонони мо ташхис дода тавонанд, ки ин барои мазҳабу фарҳанг ва дини мо бегона аст»,- гуфтааст олим ва сиёсатмадор Абдуллоҳи Раҳнамо.

Дар ин хусус шоиру омӯзгори варзида  Абдулҳай Қаландар хел хуб фармудааст:

Тезхӯю тундрав, раҳгуму ифротӣ мабош,
Аз қафои зоғ манмо орзуи ошу мош.      

Ман бо тамоми ҳастӣ ҷавононро ба он даъват менамоям, ки ба фарҳангу адабиёт рӯ биёранд, илм омӯзанд, аз панду андарзҳои бузургон ғизои  маънавӣ  бигиранд. Маҳз хондану дониш аз худ намудан шахсро ба  роҳи дурусти ҳаёт раҳсипор месозад, ба қадри Ватан, падару модар, оила ва пайвандон расиданро талқин менамояд.

Ҷавонони азиз! Биёед ба қадри обу хоки ин Ватани биҳиштосо бирасем, онро дӯст дорем, аз душманон ҳифз намоем ва нагузорем, ки нохалафе пой бар ин ҷаннати  рӯи замин биниҳад. Боз рӯ меорем ба гуфтаҳои шоир Абдулҳай Қаландар:

Хоки поки Тоҷикистон сурмаи чашмон кунем,
З-обҳои ноби он ҳар лаҳза  нӯши ҷон кунем
В-аз насими субҳи содиқ  дил чу гул хандон кунем,
Шукри обу нону хоки ин Ватан чандон кунем.
Тезхӯю тундрав, раҳгуму ифротӣ мабош,
Дар дифои Меҳани худ доимо омода бош!

Аз васоити ахбори омма пайваста огаҳӣ дорем, ки дар ҳама гӯшаи дунё як нооромие вуҷуд дорад, аммо Тоҷикистони азизи мо ором аст, мардум орому осуда умр ба сар мебаранд, ҳама фарзандони мо ба таълим фаро гирифта шудаанд, шароит нисбати солҳои пешин хеле ва хеле хуб аст. Ин аз ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Чунин Президенти оқилу дурандеш, созандаю ободкор, ғамхори пиру ҷавон, парастори ятимон, меҳрубон чун падарро ягон давлати дунё надорад.

Пас, моро лозим меояд, ки дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвою Сарвари хеш ҷамъ омада, баҳри ободию шукуфоӣ ва сарсабзии ин меҳани ҷаннатосо беш аз пеш хизмат кунем ва фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, дӯст доштану ҳифз намудани  марзу буми ин сарзамини биҳиштмонанд тарбия намоем.

Холиқова ЗАЙНАЛБӢ, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат