,
Сешанбе, 10-декабр
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ конститутсияи ҷадидеро қабул намуд, ки тамоми меъёрҳои заруриро дар бар гирифта, ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарин дар байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳисоб меравад. Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд ин меъёрҳоро риоя ва иҷро намоянд.
Дар илми ҳуқуқшиносии муосир конститутсия ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқии асосӣ мавқеи муҳим дорад. Муҳимияти конститутсия дар он таҷассум меёбад, ки ҳамчун қонуни асосии давлат сохтор, аломатҳо ва хусусиятҳои ҳам ҳуқуқ ва ҳам давлатро инъикос менамояд.
Бояд қайд намуд, ки конститутсия дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад. Аз ҷумла, бо тариқи махсус қабул карда мешавад, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, аз ҳамаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ боло меистад, қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он ба тариқи махсус сурат мегирад, ҳуҷҷати таъсисӣ буда, асосҳои сохтори давлатдорӣ ва низоми ҳокимияти давлатиро муқаррар менамояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ кабул карда шуда, хусусияти демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона доштани Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуд. Халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қабули Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаддас шуморида, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки “Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд”.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар меъёрҳои дахлдорро дар худ таҷассум намуда, ҳамзамон шакли сохти давлатӣ, шакли идоракунӣ ва режими сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намудааст.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти таърихӣ дорад, зеро он тақдири минбаъдаи халқи Тоҷикистон, табиати ҳуқуқии давлати Тоҷикистон ва алалхусус, фаҳмиши нави ҳуқуқиро равшан намудааст. Ин конститутсия ифодагари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузургу нодири миллати тоҷик буда, маҳз бо шарофати ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид.
Фарорасии Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро ба тамоми мардуми шарифи кишвар муборакбод намуда, тандурустиву хушбахтӣ, иқболу муваффақият ва рӯзгори хушу осудро таманно дорам.
Разоқов НАВРӮЗ, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ