,
Якшанбе, 08-декабр
“Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади меъёрию ҳуқуқиест, ки дорои қувваи олии юридикӣ мебошад ва дар ҷомеа нақши басо бузургро мебозад. Ҳамагон номи онро бо ифтихор ба забон меорем ва дар қатори муқаддасоти миллат эҳтиром мекунем. Халқи шарифи Точикистони азизамон 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. 29 сол қабл аз ин, 6-ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Бо тақозои пешрафти замон, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва миллӣ мусоидат намудан ба тараққиёти иҷтимоиву иқтисодӣ, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағиру иловаҳо ворид карда шуданд: 26-сентябри соли 1999, 22-июни соли 2003 ва 22-майи соли 2016.
Ин санади тақдирсози миллат дар давоми 29 соли мавҷудияташ ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо ва пойдевори ҳуқуқӣ ҷиҳати бунёду ташаккули давлати соҳибистиқлоли тоҷикон нақши муҳим бозид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдевори устувори давлат мебошад. Он соҳибихтиёрии халқи тоҷикро аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият даровард. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқи барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардид ва муқаррар намуд, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бавоситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Он ҳамчун қонуни асосии мамлакат асосҳои сохти кониститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкили фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ шакли идоракунии давлатии Тоҷикистонро муайян намуд. Дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлӯҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, ки мо бевосита онҳоро дар амал тадбиқ менамоем ва роҳи дурустро интихоб намуда, барои ободии кишвар саҳми босазои худро мегузорем.
Пирназаров Эмомназар, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ