, Сешанбе, 10-декабр

ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ ВА ПОЯИ МУСТАҲКАМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

 04.11.2023 262

ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ ВА ПОЯИ МУСТАҲКАМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ҳамасола мардуми шарифи кишвар санаи 6 ноябрро ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомати хоса таҷлил менамоянд. Зеро Конститутсия – бахтномаи миллат ва яке аз пояҳои мустаҳками Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад. Бо таманнои осмони софу беғубор ба Ватани азизамон ин рӯзи фархундаро самимона шодбош менамоям ва ба кулли мардуми тоҷик хушбахтиву хонаободӣ орзумандам.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтихор ва сарфарозӣ, ифодакунандаи манфиат ва ормону иродаи мардуми шарафманди тоҷик дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Муқаддимаи он масъулияти баланди халқи тоҷикро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда баҳри бундёди ҷомеаи адолатпарвар, эътирофи баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми халқияту миллатҳо ифода менамояд.

Яке аз беҳтарин дастоварди Тоҷикистони соҳибистиқлол ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, зеро ин санади тақдирсоз сарнавишти имрӯзу фардои давлату миллати тоҷикро дар худ таҷассум менамояд.

Конститутсияи Тоҷикистон маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии ҳалқи тоҷик мебошад. Ин бахтномаи миллат кафили сулҳу субот, ҳомии давлату ҷомеа дар кишвари азизамон мебошад.

Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуданд. Ба ин мазмун шоир Давлат Сафар менависад:

Бедор ба субҳи меҳр аз хоб шудем,
Дар шоми висол нури маҳтоб шудем.
Дар ҳар варақи кушодаи “Сарқонун”
Сад ранҷ ба сар кашида даҳ боб шудем.

Агар ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, тадбирҳо вобаста ба таҳия намудани он бо қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Комиссияҳои конститутсияонии ташкилшуда чанд маротиба шаклҳои гуногуни лоиҳаи Конститутсияро пешниҳод намуданд. Дар натиҷа, лоиҳаи Конститутсия бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ маъқул дониста шуда, бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интишор ва муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид.

Ҳамин тавр, 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ, ки 94,4 фоизи шаҳрвандони ҷумҳурӣ иштирок намуданд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории 87,59 фоизи иштироккунандагон қабул гардид. 

Конститутсия санади ҳуқуқие мебошад, ки асосҳои сохтори давлатдорӣ, ташкил ва фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро муқаррар намуда, барои тамоми низоми ҳуқуқии кишвар ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқӣ баромад менамояд.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро тавассути қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.”

Меъёрҳои Конститутсия дарбаргирандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ буда, ҳам давлат ва мақомоти он ва ҳам шаҳрвандону иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд онҳоро риоя намоянд.

Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории тоҷикон марҳилаи нави таърихӣ оғоз ёфт ва ин санади тақдирсоз шоҳсутуни Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид. Конститутсия кишварро ба рушд ва дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳнамоӣ намуд.

Бояд қайд намуд, ки Конститутсияи Тоҷикистон аз нигоҳи сохтор таркиби меъёрӣ ба илман асоснок ва ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ мебошад. Аз ин ҷост, ки аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳои баланд гирифта, дар шумори яке аз панҷ конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф карда шудааст.

Яке аз хусусияти фарқкунандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он мебошад, ки усули таҷзияи ҳокимиятро пешбинӣ намуда, волоияти меъёрҳои қонуни асосӣ ва бартарияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар намудааст. Мувофиқи он агар қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хилофи Конститутсия бошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Дигар хусусияти он ба таври маҷмӯӣ ва бо дар бар гирифтани тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ муқаррар намудани вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд мебошад, ки аз хусусияти демократӣ доштани Конститутсия дарак медиҳад. Ин санади олии ҳуқуқӣ инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф менамояд, риоя ва ҳифзи онҳоро кафолат медиҳад.

Дар баробари ин Конститутсия бо ифодаи меъёрҳои муайян Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ менамояд. Мувофиқи он давлат барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 қайд намудаанд, “Мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешавад.”

Бояд тазаккур дод, ки бо рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ва ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон санаҳои 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихақӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Тағйиру иловаҳои воридкардашуда баҳри мустаҳкам намудани давлати ҳуқуқбунёд, таҷзияи ҳокимият, волоияти меъёрҳои Конститутсия, адолати судӣ, назорати суди конститутсионӣ, дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрии инсон равон карда шудаанд. 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда таркиб ёфта, ҳар як боби он меъёрҳои ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои хосаи ҷамъиятиро фаро мегирад.  Боби якуми он ба асосҳои сохтори конститутсионӣ бахшида шуда, меъёрҳои муқарраркунандаи шакли сохти давлатӣ, шакли идоракунии давлатӣ, хусусиятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат, забони давлатӣ ва рамзҳои давлатӣ, соҳибихтиёрии халқ ва давлат, ҳудуди кишвар, таҷзияи ҳокимияти давлатиро дар бар мегирад.

Боби дуюми он ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, вобаста ба вазъи ҳуқуқии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, баробарҳуқуқии мардон ва занон, ҳуқуқ ба ҳаёт ва кафолати ҳифзи судӣ, эҳтимолияти бегуноҳӣ, дахлнопазирии манзил, ҳуқуқ ба моликият ва мерос, ҳимояи оила ва модару кӯдак, ҳуқуқ ба меҳнат ва истироҳат  меъёрҳо муқаррар карда шудааст.

Ба парлумони кишвар бошад боби сеюми Конститутсия бахшида шуда, сохтори он, вазъи ҳуқуқии вакилони халқ ва тарзи интихоби онҳо муайян мекунад.

Моддаҳои 64-72, ки ба боби чоруми Конститутсия дохил мешаванд, меъёрҳоеро дар бар мегиранд, ки интихобот, салоҳият ва дахлнопазирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар мекунанд.

Дар боби панҷум меъёрҳои танзимкунандаи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар боби шашум меъёрҳои танзимкунандаи фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, дар боби ҳафтум меъёрҳои танзимкунандаи вазъи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, дар боби ҳаштум  доираи салоҳият, талабот ба интихоб намудан ва дахлнопазирии судяҳои мақомоти судӣ, дар боби нуҳум мақоми ҳуқуқии мақомоти прокуратура муқаррар карда шудааст.

Тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо тибқи боби даҳуми Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад.

Маврид ба зикр аст, ки эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия, таъмини волоияти он нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, таҷлили ботантанаи рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бешубҳа аз садоқати давлат ва халқи Тоҷикистон ба ин санади тақдирсоз ва бахтномаи миллат гувоҳӣ медиҳад.

Аҳамияти муҳими ин санади сарнавиштсоз дар он ифода меёбад, ки бо ифодаи озодонаи иродаи халқи Тоҷикистон қабул карда шудааст ва татбиқи бомароми меъёрҳои он метавонад ба пойдории сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагӣ, рушди ҳаматарафаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, баланд гардидани обрӯву нуфузи Тоҷикистони азиз дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ба як кишвари ободу зебо табдил ёфтани он мусоидат намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ чунин таъкид менамоянд: “Танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯ мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя менамояд ва танҳо ҳамон давлате нуфуз пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузоранд.”

Бо рӯҳияи идонаву бо қалби ватандӯстона бори дигар ҳамаи шуморо бо рӯзи қабули Конститутсияи Тоҷикистон муборакбод намуда, иқболи нек таманно дорам. Бигзор Конститутсия равшангари ҳаёти мо дар масири расидан ба орзуву ормонҳои мардуми шарифи тоҷик бошад. 

Мазарифов Манучеҳр, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат