, Сешанбе, 10-декабр

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲУҶАТИ САРНАВИШТСОЗ

 04.11.2023 559

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲУҶАТИ САРНАВИШТСОЗ

Конститутсия  аз  калимаи  лотинӣ  «constitutio» гирифта шуда,  маънояш  «муқарраркунӣ»,  «сохтор»  мебошад. Дар  Рими  қадим  яке  аз  намудҳои  декрети  император Конститутсия номида мешуд, лекин на дар ҷаҳони атиқа ва на дар  асрҳои  миёна  мафҳуми  конститутсия  (он  вақт  қонунҳо мавҷуд набуданд) ҳамчун базаи ҳуқуқӣ ба ҳисоб намерафт.   Асосан мафҳуми конститутсия дар вақти ба амал омадани инқилобҳои  буржуазӣ  (ба  муқобили  сохтори  феодалӣ  ва ҳуқуқи  феодалӣ)  ба  миён  омадааст.  Дар  вақти  таназзули феодализм истилоҳи «Қонуни асосӣ» ба миён омад ва дар айни замон  ин  мафҳум  бо  мафҳуми  конститутсия  ҳаммаъно мебошад.

Вожаи «Конститутсия» дар Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тобишҳои мухталифи худ зиёда аз 35 маротиба мавриди истифода қарор гирифтааст. Таҳлили вожаи мазкур имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои гуногуни ин падидаи ҳуқуқӣ муайян гарданд ва ҳангоми истифодаи амалии Конститутсия ва меъёрҳои он ба эътибор гирифта шаванд. Конститутсия  ин  низоми  меъёрҳои  ҳуқуқиест,  ки  ҳамчун қоида  қувваи  олии  ҳуқуқӣ  дошта,  муносибатҳои  асосии ҷамъиятии  байни  шахс  ва  ҷамъият  аз  як  тараф  ва  аз  тарафи дигар  асоси  ташкили  худи  давлатро  муайян  мекунад. Конститутсия  қонуни  асосии  давлат,  санади  қувваи  олии ҳуқуқи дошта,  ба тариқи махсус аз тарафи мақомоти махсуси ваколатдори  давлатӣ  (парламент,  маҷлиси  муассисон)  ва  ё халқ  дар  раъйпурсии  умумихалқӣ  қабул  карда  мешавад. Дар  илми  ҳуқуқи  конститутсионӣ  бештар  вақт конститутсияро  бо  мафҳумҳои  гуногун  ба  мисли:  ҳуҷҷати сиёсӣ,  конститутсияи  моддӣ,  конститутсияи  расмӣ, конститутсияи ҳуқуқӣ ва ҳақиқӣ маънидод мекунанд.

Аввалин қабули конститутсияҳо   аз  солҳои  1787  то  солҳои  1914, ки он зиёда аз 125 солро дар бар гирифтааст, ба ҳисоб меравад. Дар ин давра конститутсияҳои аввалини ҷаҳон дар ИМА соли 1787,  Полша  соли  1791,  Фаронса  соли  1791  қабул  шудааст. Баъдтар,  дар  як  қатор  давлатҳои  пешрафтаи  Аврупо  низ конститутсияҳо  қабул  карда  мешаванд, Белгия соли 1831, Люксембург соли 1868, Олмон соли 1871, Шветсария соли  1874, Голландия соли 1887,  Осиё: дар Япония соли 1889, Эрон соли 1906, Хитой соли 1912.  Баъзе  аз  ин  конститутсияҳо  аз  қабили  конститутсияи Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико  бо  тағйироту  иловаҳо  то  ҳол амал мекунанд.

Дар баробари соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон  ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуданд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи ба даст овардани Истиқлолият ғами қабули конститутсияро мехурд, Чун ки Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон, ки соли 1978 қабул гардида, ба талаботи ҷомеаи баъди шуравӣ, яъне ба талаботҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҷавобгу набуд.

6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Солҳои баъди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиклол воқеан давраи пойдории ҳаёти конститутсионӣ, ҷустуҷӯӣ ва интихоби роҳи нави инкишоф баъди пошхӯрии ҷамъияти сотсиалистӣ буд. Беҳуда нест, ки дар маърӯзаҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карда буд, ки раванди нави таърих ба души давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт. Дар ҳалли ин вазифа Конститутсияи Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозид. Ин бесабаб нест, зеро Конститутсия ҳуҷҷати сарнавишту тақдирсоз буда, он аз марҳилаи нави таърихӣ оғоз гашта, дар он роҳҳои мушаххаси инкишофи минбаъда муайян мегарданд.

Конститутсияи давлат дар он зоҳир мегардад, ки вай сарчашмаи асосии хуқуқии дорои эътибори олӣ аст, ки дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон ҷои баландтаринро ишғол менамояд. Қабули Конститутсия омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷамъиятро  муайян менамояд, яъне шаклҳои моликият ва ташкили фаъолияти иқтисодӣ, муносибати  шахс бо давлат ва муҳимтарин ҳуқуқу вазифаҳои онҳо, таносуби қувваҳо гурӯҳҳои иҷтимоии ҷамъиятро дар низоми сиёсӣ аниқ сохта, таъйинот, вазифаҳо, таркиби дохилӣ ва сохтори мақомоти худидора дар маҳалҳо-ҷамоатҳо инъикос менамояд.

Ҳар як Конститутсия новобаста аз низоми иҷтимоии давлат вазифаҳои муассисӣ, ташкилкунандагӣ, сиёсати беруна, идеологӣ (ғоявӣ) ва ҳуқуқиро адо менамояд. Конститутсия танзимгари бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва  фарҳанги миллӣ ҳисобидааст.

Аз ин нуқтаи назар, ман тамоми дастовардҳоеро, ки тӯли 29 соли амали Конститутсияи Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардидаанд, натиҷаи заҳмату талош ва заковати азими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарфманди тоҷик меҳисобам, чунки маҳз бо иродаи аксари мутлақи мардуми ин сарзамини куҳанбунёд имрӯз кишвари моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд ва мавқеи Тоҷикистонро ҳангоми ҳаллу фасли масоили байналмилалӣ ба инобат мегиранд.

Ҷумъахони САИДШО, ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат