,
Якшанбе, 22-декабр
«Ҳамаи давлатҳо сарфи назар аз он, ки хурд ё бузурганд, узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастанд ва бояд дар раванди ҳодисот ва ҳалли проблемаҳои ҷаҳонӣ саҳмгузор бошанд».
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлолият ба давраи сифатан нави давлатдорӣ ва арзишҳои демократию ҳуқуқӣ қадам ниҳода, роҳи худро ба суи бунёди ҷомеаи дунявию иҷтимоӣ муайян намуд. Истиқлолият Тоҷикистонро дар саҳнаи ҷаҳонӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ намуд ва эълон дошт, ки фаъолияти он ҳамчун давлати комилҳуқуқи мустақил барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти байни давлатҳои соҳибистиқлол равона карда мешавад. Ин масъала дар моддаи 15 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бараъло ифодаи худро ёфт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳоро барқарор менамояд, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналмилалӣ мебандад».
Дар олами муосир терроризм ва ҳамаи шаклҳои зуҳури он ба яке аз масоили муҳим ва омӯзишии доираҳои васеи илмӣ-таҳқиқотӣ табдил ёфтааст. Ин раванд ҷомеаи башариро нигарон намудааст ва баҳри пешгирии он аз ҷониби олимони соҳа омилҳову сабабҳои он муайян гардида, дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризм яке аз масъалаҳои асосии илмҳои ҷомеашиносӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад, зеро одамон ба масъалаҳои терроризм ва мубориза бар зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизм алоқаманд гашта, мавқеи худро муйаян менамоянд. Дар замони муосир хатару таҳдиди шаклҳои нави терроризм, аз қабили терроризм бо истифодаи аслиҳаи ҳастаӣ, терроризм бо истифода аз модаҳои заҳролудкунанда ва терроризми иттилоотӣ беш аз беш зиёд мегардад.
Имрӯзҳо терроризм аз ҷониби ҳар як сиёсатмадор ба тариқи гуногун маънидод карда мешавад. Маҳз ҳамин омил боис мегардад, ки раванди баҳамоии давлатҳо баҳри мубориза алайҳи терророризм мушкил шавад. Бояд қайд кард, ки терроризм ин вокуниши ҷомеа нисбати ин ё он ҳодисаи муайян аст.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон чун як давлати мустақил ба арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои нахустини худро дар солҳои 90-уми асри ХХ гузошта, пеш аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид ва ба ҷиноятҳои ҳам анъанавӣ ва ҳам навини асри XX-XXI аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, хариду фурӯши силоҳ, савдои одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дучор гардид.
Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ оид ба ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдории хеш ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба созмонҳои байналмилалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти номатлуби террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон чандин маротиба аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид мекарданд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд.
Айни ҳол давлатҳои ҷаҳон дар роҳи мубориза бо терроризм қонуну санадҳои муштарак ва инфиродиро таҳия месозанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз доираи он мамлакатҳои гирифтори терроризм ва экстримизм берун нест. Гурӯҳҳои террористие, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба вуҷуд омада буданд, то имрӯз мавҷудияти худро аз даст надода, мавридҳои гуногунро истифода намуда, амалиёти худро ба вуҷуд меоранд.
Дар навбати худ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бар зидди терроризм хеле фаъол аст. Яке аз марказҳои терроризми байнамилалӣ ин Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба шумор меравад, ки дар ҳамсоягии мо қарор дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумлаи аввалин давлатҳое буд, ки аз Иттиҳоди байналмилалии зиддитерористӣ бидуни чунучаро ва манфиатҷӯӣ тарафдорӣ кард ва дасти ёрӣ ба мардуми ҷабрдидаи афғонистонӣ дароз намуд.
Мутаассифона гоҳо ҷараёни мубориза бо терроризм, ки солҳои охир сурат мегирад, ба назар чунин мерасад, ки он як навъ мубориза бар зидди ислом бошад. Аз равиши воқеаҳо возеҳ мегардад, ки он мубориза алайҳи дини ислом, ҳаракатҳои исломӣ ва кишварҳои исломист. Дар зери шиори мубориза алайҳи терроризм мубориза алайҳи ислом нуҳуфта аст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз Ислом пуштибонӣ карда қайд мекунад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан муқобили таҳдидҳое чун терроризми байналмилалӣ, аслиҳаи қатли ом, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ мебошад. Аз ҷумла дар паёми соли 2009 ба Маҷлиси Олӣ Президенти кишвар қайд кард, ки “Тоҷикистон комилан ҷонибдори собитқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ буда, дар он саҳми хешро мегузорад”.
Мушкилоти терроризм ва экстремизм имрӯз аксари ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил шудааст ва имрӯз ҳамагон барои бартараф кардани ин вабои аср мубориза мебаранд. Аз ҷумла, Тоҷикистон дар ин ҷода ҳамеша фаъол аст. Бояд гуфт, ки дар кишвари мо низ ин ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистиро ҳамчун мушкилоти асри навин мешиносанд ва ба ин хатарҳо доимо тавассути васоити ахбори омма (ВАО) мардумро аз рафти ин равандҳо ҳушдор менамоянд.
Ҳамин тариқ, низоми таъмини амнияти иҷтимоӣ дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм маҷмӯи қувва ва воситаи субъектҳои таъминкунандаи амнияти ҷамъиятиро дар бар мегирад, ки аз чораҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва ғайраҳо иборат буда, барои таъмини ҳолати муътадили амнияти ҷамъиятӣ равона карда шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили терроризм ва дигар намудҳои амалҳои зиддиинсонӣ фаъолона ширкат намуда, дар ин самт бо дигар кишварҳои минтақаю ҷаҳон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Танҳо баъди гузашти панҷоҳ соли даҳшати ҷанги дуюми ҷаҳон аввалин шартномаҳои байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм баста шуданд. Василаҳои байналмилалие, ки дар рафти мубориза бар зидди ин хатарҳо мансубанд, якчанд мақомот ва созмонҳо, аз ҷумла СММ ва Интерпол мебошанд.
Инчунин ниҳоду созмонҳои минтақавӣ ба хотири пешгирии хатарҳои муосир ва ваҳдати талоши кишварҳои аъзо ҳамкориро дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм вусъат мебахшанд. Созмони Ҳамкории Шанхай яке аз чунин ниҳодҳои минтақавиест, ки дар баробари умқи ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоии кишварҳои аъзо ба зарурати муборизаи дастаҷамъона бо хатарҳои муосир таъкид менамояд. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳим роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои фаъол ва судманд бо Созмони Ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 таъкид намуд: «Созмони Ҳамкории Шанхай аз рӯзи таъсисаш барои ҳаллу фасли масоили минтақавӣ, ташкили ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узв дар асосҳои усулан нав ва дигар бахшҳои ҳамкорӣ, ки тадриҷан тамоми соҳаҳои ҳаёти ҳамарӯзаи моро дарбар мегиранд, корҳои зиёдеро анҷом додааст”.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти муқовимат алайҳи зуҳуроти терроризм ва экстремизм, пеш аз ҳама бо иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои миллат ҳамчун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1999 ҷиҳати муқовимати фарогир бар зидди терроризм ва экстремизм як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд.
Сохтори давлатӣ оид ба пешгирии терроризм ва экстремизм ин мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Асоси бунёди сохтори ташкилӣ барои пешгирии ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта, системаи амалкунандаи давлатӣ оид ба ошкор, пешгирӣ, боздошти амалҳои террористӣ мебошад. Субъектҳои бевоситае, ки ба мубориза бар зидди терроризм машғуланд, аз ҷумла амнияти зиддитеррористиро дар доираи салоҳияти худ тибқи муқаррароти Конститутсия, Қонуни Ҷумҷурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» ва дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд, мақомотҳои зерин мебошанд:
Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад.
Бояд қайд намуд, ки терроризми муосир натанҳо ба ходимони ҷамъиятию сиёсӣ, ташкилот ва давлатҳо таҳдид дорад, балки он ба тамоми инсоният таҳдиду хатари маргбор дорад. Ҳамин тариқ, чи тавре ки аз таснифоти боло хулоса баровардан мумкин аст, дар шароити муосир терроризм хатари умумибашарӣ дошта, ба институтҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии давлат, ҳамзамон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон таҳдид менамояд.
Солҳои охир фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Осиёи Марказӣ ва инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфии худро ба вазъияти ҷамъиятию сиёсии ин давлатҳо мерасонад.
Аз байн бурдани терроризм вазифаи асосии ҳар як давлат буда, барои расидан ба натиҷаи мусбат ҳамкории давлатҳоро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тақозо менамояд. Дар баробари ин баланд бардоштани маҳорату малака ва бо лавозимоти муосири ҷангию техникӣ таъмин намудани сохторҳои қудратие, ки алайҳи терроризм мубориза мебаранд, шарт ва муҳим мебошад. Ҳамзамон муассисаю ташкилоти дахлдор, аз ҷумла мактабҳои миёна ва муассисаҳои олӣ вазифадоранд, ки дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва беҳтар намудани сатҳу сифати худшиносию масъулиятшиносии аҳли ҷомеа чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватанпараст, миллатдӯст ва хештаншинос, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоию террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва як порчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Хулоса, терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои мубрами доғи рӯз ба шумор рафта, зарур аст, ки ҳар як фарди мамлакат нисбати ин зуҳуроти номатлуб ва вабои аср мубориза барад.
Қурбонова ЗАРИНА, муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ