,
Якшанбе, 22-декабр
Ифротгароӣ-яке аз зуҳуроти номатлуби асри замон буда мақсад ва ҳадафи асосиаш аз байн бурдани давлатҳо, миллатҳо ва халқиятҳо мебошад, ва яке аз мақсадҳои дигари ифротгаро ин аст, ки барангехтани низоъи нажодӣ, миллӣ иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад.
Ифротгароӣ-дар луғат ба маънои аз меъёр гузаштан дар коре омадааст.
Ҳоло, ки як масъалаи муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин ифротгароӣ мебошад.
Ифротгаро метавонад дар як давлат, ё дар як вилоят, ё дар як шаҳру ноҳия, ва ё дар як оила ба вуҷуд ояд.
Ифротгаро ба тафаккури тунду нописанди худ вориди як давлат, миллат ва халқ мешавад ва агар он давлат, миллат ва халқият дорои саводи солим набошанд, дар кутоҳтарин фурсат фирефтаи ин гурӯҳҳои ифротиро мехӯранд.
Барои ҳамин мо халқи тоҷик ва Тоҷикистониён бояд имрӯз омӯзем то ин ки фирефтаи ин ё он гурӯҳҳои ифротиро нахурем.
Мусаллам аст ки як ҷомеаи босавод ва бохирад ҳеҷгоҳ фирефтаи ин ё он гурӯҳҳои ифротиро намехӯранд чун охири он роҳро медонанд ки хуб нест.
Ифротгароӣ динӣ бошад метавонад мову шуморо ба воситаи дин фирефтаи худ кунад, агар мову шумо аз дин бехабар бошем, на Худоро шиносему на Пайғамбарро ва аз Қуръону Ҳадисҳои Набавӣ бехабар бошем ва чизеро надонем, шояд мову шуморо ин гурӯҳҳои ифротгароёни динӣ фирефтаи худ кунанд, бояд мову шумо дар баробари илми дунявӣ илми диниро низ, омӯзем, имрӯз дар ватани азизамон Донишкадаи исломии Тоҷикистон (номи расмӣ: Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам») — муассисаи олии омӯзиши улуми исломӣ вуҷуд дорад ки ҳар нафаре аз мову шумо агар мехоҳем илми диниро омӯзем дар ин муассисаи давлатӣ дохил шавем ва омӯзем, ва агар суоле дорем дар бораи дини мубини Ислом метавонем аз донишмандон ва олимону орифони худ бипурсем ва ҷавоб бигирем.
Ифротгароёни динӣ мехоҳанд мақсади нопоки худро ба воситаи дин паҳн кунанд, номи динро пеш меоранду ва мақсадҳои нопоки худро амали мекунанд ва инсонҳое, ки аз дин бехабаранд дарҳол фирефта мешаванд.
Махсусан ҳамин гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳастанд, ки номи Ислом-ро дар назари ҷаҳониён ҳамчун як дини иғвогар иғвоандоз ва бераҳм нишон медиҳанд, ва мардуми бехирад ва бедониш фикр мекунанд, ки дини мубини Ислом дини иғвоангез ва бераҳм аст, дар ҳоле, ки дини мубини Ислом пайравони худро ҳамеша ба панду насиҳат, дӯстиву рафоқат, дӯст доштани ватану миллат, якҷоягии қавму нажоду миллатҳо даъват мекунад, на ба қатлу куштор ва на ба ҷудоандозиву ҷудохоҳӣ.
Огоҳӣ...
Ҳамватанони Азиз- биёед фирефтаи ин ё он ифротгаро-ро нахурем, чун мақсад ва ҳадафи ифротгаро аз байн бурдани давлатҳо, миллатҳо, таърихҳо, фарҳангҳо ва халқиятҳо мебошад, ки ин боиси таассуф хоҳад буд. Онҳо мехоҳанд байни миллатҳо, қавмҳо ҷудоиҳо бошад, ва мову шуморо мехоҳанд аз ҳам ҷудо кунанд, биёед мо ҳама якҷо бошем ва нагузорем, ки ин гурӯҳҳои ифротӣ байни мову шумо тафриқа андозанд. Биёед даст аз қавмгароиву қавмпарастӣ, миллатгароиву миллатчигӣ ва монанди инҳо бардорем ва ҳама якҷо Тоҷикистони азизро бозҳам ободу зебо кунем...
Самандаров ФАРИДУН, ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ