, Душанбе, 14-октябр

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАР БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

 19.10.2023 154

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАР БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳаст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Имрӯзҳо   дар   шароити  ҳассосу  таҳаввулпазири  низоми  ҷаҳонӣ  таҳдиду  талош ба  амну суботи   ҷомеаи башарӣ   ба   таври   бесобиқа ва бо шаклу   гунаҳои мухталиф мегирад. Ҷаҳони муосир ба як қатор мушкилоту     муомилаи ҷиддӣ,  аз  қабили  терроризми  байналмилалӣ,  ифротгарии сиёсӣ ва   мазҳабӣ, қочоқи маводи мухадир,  экстремизми  ҷаҳонӣ, харид ва фуруши аслиҳа  ва ғайра рӯ ба рӯ шуда, дар натиҷа дар   идея аз кишварҳо  натанҳо оромишу суббот, балки  тамомияти арзӣ ва   мавҷудияти   онҳо таҳти суол қарор гирифтааст. Гуфтан ба маврид  аст, ки    терроризм, экстремизм (ифротгароӣ)  барои ҷомеаи   инсонӣ зуҳуроти  чандон  нав  нест. Мақсад,   мазмун  ва   моҳияти ин амали номатлуби    барои  ҷомеа хавфнок  дар ҳар   давру   замон   ва   макон тақрибан як сон буд,  вале тарзу   усул,  восита   ва   амалигардони ба   анвои гуногун сурат мегирифт.   

Барои он ки хонанда ба ин мафҳумҳои номатлуб сарфаҳм раванд, мо бояд  маъно, мақсад, технологияи  ин  мафҳумҳоро донем  фаҳмем, ки  ин  доғ ба  дунёи  инсонӣ чӣ таъсире карда метавонад.

Калимаи терроризм аз калимаи “terror”  баромада  ба   дигар забонҳо паҳн     шудааст.  Маънояш   дар  луғатҳо  тарс,  даҳшат,  сиёсати тарсонидан, ва   фурӯ  нишондани  душмани   сиёсӣ бо   роҳи     зӯрӣ ҳатто  ба  ҷазоҳои  ҷисмонӣ куштор  ва  ғайра   шарҳ додо  шудааст.

Экстремизм- ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, давлатӣ ва  нооромӣ,   дигаркунии  сохти  конститутсионӣ дар давлат,  ғасби ҳокимият ва тасарруфи солоҳияти он, вусъат додани масъалаи   нажодпарастӣ,  милатгароӣ,   бадбинии  иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Ба дигар  маъно  мо  ин  калимаҳоро   таҳлил  намоем, бешубҳа  гуфта  метавонем ,  ки   экстремизм ин    чунин  фаъолиятест,  ки  ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро поймол намуда, ба сохтори  конститутсионӣ ва системаи  давлатдорӣ таҳдид менамояд.

Ифротгароӣ маҷмӯи  ақидаҳои нодурусти як шахс ё  гурӯҳ буда, он дар зумраи шуурии  сиёсии ҳамон  афрод  чун   ҳақиқат   зуҳур  меёбад  ва  аз  тарафи ҳамон   афрод   амалӣ  гардонида  мешавад. Ба   ин  масъалаи   нангин  ва хатарнок  мисол шуда метавонад;  бетартибиҳои оммавӣ ҳаракатҳои авбошӣ,  бадбинии нажодӣ, миллӣ ё динӣ, қатлу ғорат ва ғайраҳо. Махсусан,  дар асри   XXI экстремизми  динӣ ва дунявӣ  реша   давонда,  барои ҷаҳони  муосир   хатари   безурге дорад. Ин   масъала   дар доираи истифодаи дини   ислом, ки қариб аксари аҳолии дунё ба ин дин мансубанд, зуҳури худро намоиш медиҳанд.  

Аз расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем , ки имрӯзҳо созмони бо  ном  «Давлати исломи (ДИИШ)» яке  аз  бузургтарин  гурӯҳҳои  экстремистӣ, террористӣ,  ифротгароии   ҷоҳонӣ олами    ислом  ба   шумор  меравад.  Ин  созмон    аз  тарафи    гурӯҳҳои    манфиатҷӯ  маблағгузорӣ шуда,  дар  Ироқу Сурия  ва   дигар  давлатҳои  араб зӯроварӣ,  қатлу  ғорат,  кушторҳои  бераҳмонаро   ба роҳ  мондааст.

Ба  мо  пӯшида  нест, ки  ҳоло ин  ҳаракату  созмонҳои  террористӣ;  ба монанди   Ал-Қоида, Толибон,  Ҳизб-ут-таҳрир, ҷамоати  Ансоруллоҳ  ДИИШ дар кишвари ҳамсояи мо  - Афғонистон боиси  ташвишу нигарониҳои  кишварҳои минтақа  гардидааст. Бинобар ҳамин, ташабусҳои сулҳу суботи Афғонистон ва минтақа дар сатҳи  роҳбарияти  олии  Тоҷикистон   ҳамеша   мавриди   пуштибонӣ қарор  гирифтааст.

Махсусан,  баромадҳои  Ҷаноби  Олӣ аз  минбари баланд  СММ  ва даъвати ӯ ба  ҳама кишварҳо  алаҳи  мубориза  ба   муқобили экстремизм,  терроризм ва  ифротгароӣ,  ин   ташабуси   муҳимест  барои  оромиши    инсонияти   дунявӣ.    Асосгузори  сулҳу  ваҳдати   миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  ақидаи  худро  оид    ба  терроризм    дар  конфронҳои  зиёд    байён  кардааст. Бинобар яке  аз  ин  конфронсҳо «Конфронси  байналмилалии  мубориза  ба   зидди  терроризм»  мебошад,  ки соли 2011 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон  баргузор  гардид.  Ҷаноби Олӣ дар ин Тоҷикистонро   дар  роҳи мубориза  бо   терроризму ифротгароӣ  ва  носозгорию  зуҳроти  номатлуб  бори  дигар    таъкид  намуд; «Тоҷикистон, ки  ҷанги  таҳмилии  шаҳрвандиро  аз сари  худ   гузаронидааст ва бо  зуҳуроти    зишти    ин  падидаи  ғайри  инсони  аз  наздик  ошно  мебошад, ҷонибдори  усул   ва  пойдору   устувори  мубориза   ва  ҳамоҳанг  шудани  ҷомеаи  ҷаҳонӣ бар  зидди  он  аст».

Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  сиёсати  худро  бар  зидди терроризму   ифротгароӣ ба  тавру  возеҳ муайян   кардааст.  Ҳанӯз  соли 1999 бо  роҳбарии Ҷоноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон,  Қонун « Дар  бораи  мубориза  бар  зидди  терроризм»  қабул   карда  шуд. Асосгузори  сулҳу  ваҳдати   миллӣ - Пешвои  миллат ,   Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  дар  ҳама  баромадҳояш  таъкид  менамояд, ки «Террорист  ягон  дину  мазҳаби  мушаххас,  ватан, миллат ва  ҷойгиршави  мушаххас  надорад».  Бешубҳа,  агар  имрӯз  аз  як  тараф  кӯшишҳои  исломи  сохтани  фаъолиятҳои  террористӣ равандҳои алоҳидаи  гурӯҳои  ифроти  бошад,  аз  тарафи  дигар  натиҷаи  сӯистифода  аз  номи  муқаддаси дини  мубини  ислом  мебошад. Аз  ҷумла Ҷаноби Олӣ барои  нишон  додани  ин   нуқтаҳои  зикргардида,  ишорат менамоянд, ки  ба ҷанги хунине, ки  солҳои 90 –уми  қарни  гузашта  дар Тоҷикистон  рӯй  дода  буд,  ки   ташкилоти  террористии «Назҳати  ислом»,   яъне  “ҲНИТ”,  бо  суханҳои  бофтаю  дурӯғини худ, исломро  яроқи  худ  сохтан  мехостанд.

Ҷумҳурии Тоҷикисто  яке  аз мамлакатҳои  мебошад,   ки  ҳамеша  ба  раванди   сулҳу  дӯстӣ ва оромиши   миллату   қавмҳои  гуногун   талош  менамояд.  Ҳамеша сарвари давлат таъкид менамояд, ки роҳи  давлатдорӣ ва   давлатсозӣ аз  тарбияи  илмию  фарҳангии ҷавонон  ва   зиракии сиёсии онҳо  иборат  мебошад.  Имрӯз  яке   аз   шартҳои  асосии пойдории давлат  таҳкими  истиқлолият,   сулҳу  ваҳдат  ва  ягонагӣ дар   кишвар,  доштани  сатҳи   баланди  зиракии   сиёсии   ҳар   як  сокини  мамлакат, махсусан  мо  шаҳрвандон  мебошад..

Дар охир ба хулосае омадан зарур аст, ки таҳдиду хатарҳои ҷиддие, ки имрӯз авзои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонро баташвиш овардааст. Ҷомеаи моро зарураст, ки аз ҳаргуна созмону гурӯҳҳои ифротӣ ҳазар намуда, таъмини якпорчагии давлату миллат ва сулҳу ваҳдати Ватани азизамонро посдошта, кишварамонро барои имрӯзу фардои насли оянда ободу зебо гардонем. Ҳаминтариқ, барои мубориза бурдан алайҳи экстремизму терроризм бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.

Муродов ШАҲБОЗ, ассистенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат