,
Душанбе, 30-декабр
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олӣ таъкид карданд, ки «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд. Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад [Паёми Президенти ҶТ, 23.12.2022].
Дар ҳоли ҳозир танҳо феҳристи созмонҳои террористӣ ва ифротӣ, ки дар Тоҷикистон мамнуъ дониста шудаанд, якчанд созмони мамнуъро дар бар мегирад. Аз ҷумла, Ал-Қоида, Ихвон-ул-муслимин, Лашкари Тайиба, Ҷунбиши Толибон, Ҳаракати исломии Узбакистон, Давлати Исломии Ироқу Шом (ДИИШ), Ҷабҳат-ан-Нусра, Ҷамоати Ансоруллоҳ, ТЭТ “Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон”, “Ҷамоати Эҳё” - Исломӣ», «Паймони миллии Тоҷикистон», «Ҷамоати таблиғ», «Даъват ба ислом», «Тоҷикистони озод», «Гурўҳи 24» ва чанде дигар.
Радикализм дар баъзе ҷиҳатҳо танҳо мухолифати шадид ва оштинопазири ақидаҳои худ нисбат ба дигаронро дорад. Ба ин маъно ҳам сотсиализми радикалӣ ва ҳам консерватизми радикалӣ имконпазир аст. Ин ба мо имкон медиҳад фаҳмем, ки истилоҳи зикршуда метавонад падидаро танҳо ба тариқи манфӣ арзёбӣ кунад. Дар давраҳои гуногун ашхосеро, ки ақидаҳои сахти худро шадидан баён карда, манфиатҳои қишрҳои муайяни ҷомеаро ба назар мегирифтанд, радикалҳо меномиданд.
Ҳамин тариқ, дар маънои аслии худ, истилоҳ танҳо ғайри қобили қабул будани созишҳоро муайян мекард ва ҳатман ҷузъи зӯроваронаро дар назар надошт, ки танҳо ба нобудӣ нигаронида шудааст.
Бисёре аз муаллифон радикализмро ҳамчун катализатор танҳо барои харобиоварӣ баррасӣ мекарданд, дар баъзе асарҳое, ки ба проблемаҳои радикализм бахшида шудаанд, нисбат ба таъриф ва мазмуни ин истилоҳ равишҳои дигар низ ҷой доранд. Таҷовузкорӣ ва харобкориро унсурҳои ҷудонашавандаи радикализм номида, боварӣ доштанд, ки он аз категорияи идея ба категорияи фаъолияти радикалӣ, аксар вақт ғайриқонунӣ мегузарад. Пас, ба андешаи мухаққиқи рус С.Самойлов, радикализм идея нест, балки намунаи рафтор аст. Вай дар баробари ин хусусиятхои асосиеро, ки ба радикализм хосанд, зикр мекунад: заминаи асосӣ талаботи доктринаи муайян; мавҷудияти ғояҳои хаёлпарастӣ; руҳияи инқилобӣ, ки ногузирии амалҳои зўроваронаро эълон мекунад.
Муҳаққиқи доғистонӣ Я.Яҳёев радикализмро ба бунёдгароӣ ва харобкорӣ ҷудо мекунад, ки дар он аввалӣ рушду пешрафти инқилобиро дар назар дорад, дуввум консерватизми харобиовар, вале ҳарду вайрон кардани низоми мавҷудаи ҳокимият ва пояҳои ҷомеаро дар бар мегирад. Ба ақидаи ин муаллиф, радикализмро фаъолияти иҷтимоию сиёсӣ дар асоси идеологияи шадиди таҷовузкорона ва амалҳои фавқулоддаи харобиовар, ки ба тағйир додани тамоми низоми иҷтимоию сиёсӣ нигаронида шудааст, дар назар дорад.
Дар асаре, ки ба муносибати мафҳумҳои «радикализм» ва «экстремизм» бахшида шудааст, муҳаққиқон И.Мухаметзянов, В.Холоднов, Ф.Нуриахметова ҳар ду истилоҳро ҳамчун муродиф, ҳамчун кирдорҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ хавфнок истифода мебаранд, ки онро ҳамчунин терористӣ ҳам эътироф кардан мумкин аст.
Экстремизм аллакай худи фаъолиятест, ки чун қоида хилофи меъёрҳои иҷтимоии умум эътирофшуда сурат мегирад ва ба вайронкунии ҳуқуқи ҷиноятӣ дахл дорад.
Дар ҳар сурат, мубориза ва муқовимат бо эктремизму терроризм қарзи ҳар як шахсу шаҳрванди солимақл мебошад!
Ҷумъахон АЛИМӢ, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ