, Душанбе, 14-октябр

ТЕРРОРИСТ КИСТ МАҚСАД ВА ҲАДАФИ ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ?

 12.10.2023 791

ТЕРРОРИСТ КИСТ МАҚСАД ВА ҲАДАФИ ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ?

Терроризм-яке аз зуҳуроти номатлуби асри замон буда мақсад ва ҳадафи асосиаш аз байн бурдани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ тарсонидани аҳолӣ ва несту нобуд кардани инсоният мебошад.

Терроризм- дар луғат ба маънои бо роҳи зӯроварӣ ва қатлу куштор аз худ кардани давлатҳо омадааст.

Ҳоло, ки як масъалаи муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ин Терроризм ва Экстремизм мебошад. Терроризм махсусан дар солҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башарият гардидааст.

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки ба хулосае оем, ки амалҳои анҷомдодаи террористону экстремистон бештар ба дину мазҳаб робита дошта, рушди илму техника ва инсонияту зиндагии онро инкор мекунанд.

Имрӯз олами Ислом ба қатлу куштор, талаву тороҷ ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғайри шаръӣ, балки аъмолӣ куфр аз номи дини мубини Ислом анҷом дода мешавад.

Махсусан ҳамин гурӯҳҳои террористону экстремистон ҳастанд, ки номи Исломро дар назари ҷаҳониён ҳамчун як дини қатлу куштор ва бераҳм нишон медиҳанд, дар ҳоле, ки дини мубини Ислом пайравони худро ҳамеша ба панду насиҳат, илму маърифат, дӯстиву бародарӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ даъват мекунад, на ин ки ба қатлу куштор ва ҷудоандозиву ҷудохоҳӣ ва дигаву дигар.

Ва дар ҷое Роҳбари Олии Кишвар Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд ва мегӯянд, ки терроризм ва экстремизм ватан, миллат, дин, мазҳаб, таърих ва фарҳанг надорад.

Мусаллам аст, ки терроризм ва экстремизм аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш гардидааст. Терроризм ва экстремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.

Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар як тахдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем хонандагони азиз ва гиромӣ як лаҳза тафаккур кунем дарк мекунем ки ин ҳама ҳарфҳо воқеият дорад.

Огоҳӣ...

Ҳамватанони Азиз - биёед фирефтаи ин ё он гурӯҳҳои Террористиро нахӯрем, чун ТЕРРОРИЗМ бадтарин зуҳуроти номатлуби асри замон буда, мақсад ва ҳадафи асосии асосиаш аз байн бурдани давлатҳо, миллатҳо, динҳо, фарҳангҳо, таърихҳо ва ғайра мебошад.

Ҳамватанони Азиз биёед ҳама якҷо бошем ва нагузорем, ки ин гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд ва ҳама якҷоя ин шиъорро дошта бошем нест бод ТЕРРОРИЗМ...

Самандаров Фаридун, ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат