,
Якшанбе, 22-декабр
Дар аксар мамлакатҳо ташкилотҳои экстремистиро аз рӯи ду нишона тасниф месозанд: Истифодаи зӯроварӣ ва мақсадҳои сиёсие, ки онро дар назди худ мегузоранд. Он экстремистҳоеро, ки зӯровариро ҳамчун воситаи барои ноил гардидан ба мақсадҳои сиёсӣ истифода мебаранд террорист меноманд.
Истилоҳотҳои «терроризи» ва «экстремизи» дар собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 90-уми асри ХХ ба вуҷуд омад. Дар дигар давлатҳо ин падида барвақтар зуҳур кардаанд. Масалан, дар Покистон, Афғонистон, Ироқ, Сурия ин зӯҳуроти номатлуб ҳамчун падидаи номатлуб рӯи кор омаданд. Ҳангоми пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ин зуҳуротҳо дар Кавказ пайдо шуда, ҳамчун дастгоҳи саркуб фаъолият намуданд.
Экстремизми муосир ҳамчун терроризм шакли худро тағйир дода метод ва усулҳои худро ошкортар намуданд. Ҳамаи мамлакатҳои олам дар сиёсати дохилии худ ва дар расонаҳои иттилоотӣ терроризм ва экстремизмро ҳамчун зуҳурот ба инсоният бегона ва ғайриинсонӣ эътироф намуданд. Дар марҳилаҳои ҳозира инкишофи маданист арзишҳои анъанавии маданӣ – ахлоқӣ, муҳофизати онҳо ва ҳамзамон мубориза алайҳи фаъолиятҳои террористӣ ва экстремистӣ яке аз афзалиятҳои Стратегияи миллии агентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Новобаста аз ҳамкории якҷояи давлатҳо ба муқобили терроризм, ҷараёнҳои экстремистӣ фазо ва сарҳадҳои бештареро иҳота намуда истодаанд. Экстремизм ва терроризм ба ягон миллат ва дин алоқамандӣ надоранд. Мақсади онҳо барҳам додани ҳаёти асли инсонӣ ва ташкил додани ҷамъияти ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонӣ мебошад. Масалан, дар Сурия дар амалётҳои ҳарбӣ дар ҳайати ИГИЛ шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва шаҳрвандони ҷаҳони кӯҳна шомил буданд.
Бо оғози ҳазорсолаи нав ин тазоҳуроти номатлуб ҳарами номубораки худро ба остонаи ҷаҳони муосир гузошт. Ҷараёнҳои экстремистӣ барои роҳандозӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки худ аз тамоми роҳу воситаҳо истифода мебаранд. Экстремизм як қатор равишҳо ва зерсохторҳои худро дорад, ки онҳоро чунин тақсимбандӣ намудан мумкин аст: идеологӣ, синфи, динӣ, ҷуғрофӣ, миллӣ, экстремизми миллӣ ва иҷтимоӣ.
Зуҳуроти рафторҳои экстремистиро мо масалан дар байни муштариёни ашадии футбол намояндагони дин ва мусиқашиносон мушоҳида менамоем. Таҳдиди экстремизм дар дилхоҳ вазъият ба амал омаданаш мумкин аст. Масалан, одамон аз рӯи аломатҳои барои худашон муҳим ба ду гурӯҳ «худӣ» ва «бегона» ҷудо мешаванд. Дилхоҳ фарқияте, ки одамон дар миёни худ мегузоранд метавонад боиси зиддиятҳо шаванд.
Ҷалби ҷавононе, ки аз мақсадҳои ниҳоии ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ огоҳии комил надоранд ва даъватҳои онҳоро ҳамчун дифоъ аз ҳақиқат қабул мекунанд, боиси нигаронии ҷомеаи солими инсони гардида аст.
Таҳлили воқеа ва ҳодисаҳое, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал омаданд. Моро ба хулосае меоранд, ки табаддулотҳои дар собиқ ҷумҳуриҳои он баамаломада аз таъсиротҳои падидаҳои номатлуби терроризм ва экстремизм бархӯрдор буданд. Якчанд аломатҳои экстремизми ба ин марҳила хосро тасниф месозем.
Асри ХХI –ро асри иттилоот, асри инкишофи технологияҳои нав ва асри роботҳо меноманд. Ҷомеаи муосирро ба муносибатҳои ноошкор дар шабакаҳои иҷтимоии гуногун, форумҳо ва ҳамкориҳо тасаввур кардан мумкин аст. Бо вуҷуди ин ҳама дастовардҳои мусбат инсониятро хатари таъмини бехатарии шахсият таҳдид мекунад, яке аз ҷиҳатҳои хатарҳои ин ҳама комёбиҳо дар самти иттилоотрасонӣ аз онҳо истифода намудани ҷараёнҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошад. Ишғоли шабакаҳои Интернетӣ бо мақсади таҳмили идеаҳои ғаразноки худ барои ҷомеаи инсонӣ хатарзо мебошанд. Зуҳури «Киберэкстремист»-ҳо падидаи зиёноваре мебошад, ки фазои иттилоотиро забт намудааст.
Якчанд шаклҳо ва мақсадҳои «Киберэкстремист» - ҳоро шаҳр медиҳем;
Барои ба дом овардани муштариён ин гурӯҳҳо саҳифаи шахсии онҳоро меомӯзанд. Баъдан се равишҳои асосии зеринро истифода мебаранд. Аввалан, ба онҳо талқин месозанд, ки дар қаламрави давлати зиндагӣ мекардагиашон адолат вуҷуд надорад. Гурӯҳи ИГИЛ сохтани ҷамъияти идеалиеро ваъда медиҳад, ки ба ҳар кас вобаста ба хизматии ваъдаҳои оилаи идеалиро пешкаш менамояд. Яке аз донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Москва Варвара Караулова фирефтаи ваъдаҳои онҳо гардида, аъзои ин ташкилоти экстремистӣ гардида, ҳаёти худро қурбонии онҳо намуд.
Равиши дуюми онҳо идеологӣ буда, муштариёнро «барои тафаккури исломи ҳақиқӣ» даъват менамоянд. Ин даъвати онҳо ҷонибдорони зиёд пайдо мекунанд, зеро исломӣ будан барои ҷавонон қобили қабул аст. Аммо онҳо бехабар аз «тафаккури дурусти исломӣ» ба дом меафтанд, ки дар он ҷо чизе ба исломро пайдо намудан аз эҳтимол дур нест.
Равиши сеюми онро характери молиявӣ дорад. Онҳо барои ҷонибдорони худ маблағҳои зиёдеро таклиф мекунанд. Вале баъди шомил гардидан ин ваъдаҳо ба фаромӯшӣ мераванд ва шахси мубталоро танҳо як хоҳиш домангир мешавад-раҳоӣ аз доми гирифторӣ.
Ин мавзӯъ ҳамеша садо медиҳад ва боз садо хоҳад дод, то он замоне, ки ҷавонон аз ҳақиқат ин гурӯҳои ботил воқиф шаванд ва ҳеҷ гоҳ ба ваъдаю фиребҳои онҳо гирифтор нашаванд.
Самариддинова ЗАЙНАБ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, декани факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ