, Душанбе, 14-октябр

АҲАМИЯТИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР МАСЪАЛАИ ЗАБОНШИНОСИИ МУҚОИСАВӢ-ТАЪРИХӢ

 05.10.2023 184

АҲАМИЯТИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР МАСЪАЛАИ ЗАБОНШИНОСИИ МУҚОИСАВӢ-ТАЪРИХӢ

(Бахшида ба гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ)

Асари ҷовидонаи аллома Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон», ки бо ибтикори Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бознашр гардид ва ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳар як оилаи кишвар аз номи раҳбари муаззами миллат тӯҳфа гардид, боз як ҳадяи беназир ва хизмати бузург дар муаррифии таърихи бою пурғановати миллати тоҷик мебошад.

Ин асари арзишманд дар такя ба сарчашмаҳои мӯътамади илмӣ ва дар асоси маводи зиёди ҷомеашиносӣ, таърихӣ, археологӣ мардумшиносӣ, бостоншиносӣ, фарҳангшиносӣ ва факту далелҳои дақиқ аз осори олимони машҳури сати чаҳонӣ ба риштаи таълиф кашида шудааст.

Хушбахтона, дар ин асар ба масъалахои забоншиносӣ, ки дар муаррифии миллат ахамияти аввалиндарача дорад, диққати махсус дода шудааст, билхоса ба масъалаи қаробати забонҳои ҳиндуаврупоӣ, ҳиндуориёӣ ва забонҳои эронии қадим.

Дар китоби «Тоҷикон» дар фасли «Умумияти ҳиндуэронӣ.  Ориёиҳо» муаллиф ба масъалаи макони зисти қавмҳои эронинажод ва забони онҳо ишора намуда, муайян менамояд, ки дар асоси нахустин сарчашмаҳои хаттии санавӣ дар асрҳои 6-4 пеш аз мелод дар Осиёи Миёна қавму нажодҳои эронӣ, аз кабили бохтариҳо, суғдихо, марғиёнихо, хоразмиҳо, портҳо, кабилаҳои мухталифи сакоиҳо ва гайра сукунат доштанд ва матнҳои дар натиҷаи кофтуковҳои археолгӣ ёфтшуда, бозгуйи ба чандин забонҳои эронӣ гуфтугӯ намудани онҳо мебошанд. 

Бобоҷон Ғафуров ба масъалаи таснифоти забони қавму қабилаҳои дар боло зикршуда вобаста ба мавқеи чуғурофии онхо ишора намуда, дар асоси андешаи олимони соҳаи таърихи забон ГерценбергЛ.  Г,, Байлей Ҳ.  В ва Ҳенинг В.  Б онҳоро ба шарқиэронӣ ва ғарбиэронӣ ҷудо намуда, ба гурӯҳи (шарқиэронӣ) забонҳои бохтарӣ, суғдӣ, хоразмӣ, хутану сакоӣ ва ба сабаби наздики ба забонҳои Осиёи Миёна бо вуҷуди ба гурӯҳи ғарбиэронӣ дохилшудан забони портиро низ ба ин гурӯҳ дохил намуда, ба гурӯҳи дуюм (ғарбиэронӣ) бошад, забонҳои тоҷикӣ, курдӣ, балучӣ, афғонӣ (пашту), осетӣ ва помириро дохил намудааст.

Вобаста ба масъалаи хешигарӣ ва алоқамандии забонҳои эронӣ ба забонҳои ҳиндӣ ё ҳиндуориёӣ таъкид намуда, онҳоро ба шохаи забонҳои ҳиндуэронӣ ё худ ориёнии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мутаалиқ дониста , қайд намудааст, ки: »…забонҳои эронӣ ва ҳиндуориёӣ дар замонҳои қадим ҳам аз ҷихати сохти грамматикӣ ва ҳам аз ҷиҳати захираи асосии луғавӣ то чи андоза умумият доштанд» (саҳ. 50) махсусан, дар забонҳои авастоиву форсии қадим ва ведию санскрит бо истиснои баъзе хусусятҳои фонетикӣ дар бештари калимаҳо умумияти сохториву маъноӣ мушоҳида карда мешавад.  Масалан барои исботи фикр чунин мисолхоро овардпн ба маврид аст; калимахои об дар форсии қадим ап дар ҳиндии кадим низ ап: замин дар форсии қадим буми ҳиндии қадим бҳума: бод дар форсии қадим вата дар ҳиндии қадим низ вата; тан дар форсии қадим тану ва дар ҳиндии қадим низ тану; даст дар форсии қадим заста ё даста дар ҳиндии қадим ҳаста;калима,овоз дар форсии қадим вачаҳ дар ҳинди қадим ваҷас; номдар форсии қадим наман дар ҳиндии қадим низ наман;либос дар форсии қадим вастра дар ҳиндии қадим низ вастра; падар дар форсии қадим питар дар ҳиндии қадим питар;бародар дар форси қадим братар дар ҳиндии қадим бҳаратар; андардар форси қадим антар дар ҳиндии қадим низ антар;ду дар фосии қадим два дар ҳиндии қадим низ два;чаҳор дар форсии қадим чатвар дар қиндии қадим низ чатвар; панҷ дар форсии қадим панча дар ҳиндии қадим низ панча; ҳашт дар форсии қадим ашта дар ҳиндии қадим низ ашта; дах дар форсии қадим дасо дар ҳинди қадим даша; дувоздаҳ дар форсии қадим двадаса дар ҳиндии қадим два-даша; сад дар форсии қадим сата дар ҳиндии қадим шота ва амсоли инҳо. 

Бобоҷон Ғафуров дар такя ба андешаҳои олимони намоён Оранский И. М.  мутобиқати устуворро дар грамматика, дар тасрифоти системаи феъли форсии қадим ва муқоисаи он бо забони ҳиндии қадим хеле барҷаста нишон додааст.  Масалан, тасрифи шакли замони ҳозираи феъли бар (бурдан)дар забони форсии қадим шахси якуми шумораи танҳо барамӣи.  Шахси дуюми шумораи танҳо бараҳӣ, шахси сеюми шумораи танҳо баратӣ ва муқоисаи тасрифи ҳамин феъл бо феъли браҳӣ забони ҳиндии қадим дар шахсу шумора бҳарами, бҳараси ва бҳарата далели фикрҳои боло мебошад.

Дар масъалаи лексикологияи муқоисавӣ ба вижа омузиши вожаҳои соҳавӣ низ дар «Тоҷикон» маводи хуберо дастрас кардан мумкин аст.  Барои мисол дар забонҳои эронӣ ва ҳиндии қадим дар бисёри калимаҳо умумияти шаклӣ ва маъноии мушоҳида карда мешавд. Чунончи, дар ифодаи номи ҳайвоноти хонагӣ, ғалла, олоти ин чорводорӣ ва киштукор чунин умумият дида мешавад; Гов дар форсии қадим гав, дар ҳиндии қадим гав: асп дар форсии қадим аспа дар ҳиндии қадим ашва; уштур дар форсии қадим уштра, дар ҳиндии қадим уштра; Ҷӯяк дар форсии қадим каршӣ ва дар ҳиндии қадим кршӣ, калимаи шудгор низ бо ҳамин истилоҳ ифода карда мешуд; ғаладона,ҷав дар форсии қадим йава дар хиндии кадим йава ва гайра.

Бадин минвол метавон ҳадс зад, ки масъалаи муқоисаи ин ду забон на танҳо барои забоншиносӣ маводи хеле ҷолиб додаанд, инчунин дар муайян сохтани мавқеи иҷтимои забони қадимаи тоҷикӣ- форсӣ аҳамияти хеле калон дорад. Он бозгӯи тамдуни муштараки куҳани мардумон ҳинд ва форс мебошад.  Аз рӯи ҳамгунагии маъно ва сохти граммтикии вожаҳо ҳам дар «Авасто» ва ҳам дар»Вед» маълум мегардад, ки дар миёни ин ду мардум аз ҷиҳати дину мазҳаб, расму оин ва тасаввуротҳои ҳамамосиву асотирӣи ҳамрангӣ ва шабоҳати зиёд вуҷуд дошт.  Наздикии расму оин урфу одатҳои ин ду мардумро ба таври зайл метавон шарҳ дод: Масалан, дар парастиши оташ эрониёни қадим аз тайёр намудани нӯшобаи муқаддас бо номи ҳаома истифода менамуданд, ки дар забони ҳиндии қадим бо ҳамин ном ҳаома ё сома, истифода мешуд,ё ин ки вожаи Митра ҳам барои эрониён ва ҳам ҳидувон ба маънои худои асосӣ истифода бурда ва парастиш карда мешуд.  Ҳамчунин дар «Авасто» ва «Вед» худои боду ҷанг бо номи Вайу ва Вата;худои бод бо номи якхелаи Вата; номи подшоҳ ва қаҳрамони авастои Йиама ва қахрамони веди Йиама; Асура Варуна дар «Ригвед»бо Аҳура Маздо дар Авасто мутобиқати маъноӣ доранд.

Чун сухан дар ибтидо аз умумияти ҳидуэронӣ ва ориёиҳо дар асари аллома Бобоҷон Ғафуров шурӯъ шуд, лозим донистем, ки дар асоси ин сарчашмаҳои муҳими таърихӣ баъзе маълумотҳоро дар хусуси мафҳуми орё ва маънои муштараки он дар забони форсӣ ва ҳиндии қадим баён намоем.  Ба андешаи олимони намоён Зейме Р, Абаев В. И.  ва Марҳофер М. » «ориё» ба маънои «наҷиб» ва «озод» истеъмол гардида, ифодагари наздикии аҷдодии қабилаҳои гунонгуни эронии қадим мебошад.  Вожаи «орё» бошад, дар матнҳои эронӣ ва ҳиндии қадим бо ҳамин ном ба таври васеъ кор фармуда шудааст. Масалан, номи Эрони имрӯза аз шакли қадимаи «Арянам» (Кишвари ориёно) ва қадимтарин маркази Ҳиндустон байни наҳрҳои Ҷамна ва Ганга бо калимаи ҳиндии қадим «Арияварта» инчунин истилоҳи авастоии «Арянам вайчах» (Паҳнои ориёно) иловатан номи қабилаҳои мидии «оризонт», қабилаи сарматии «орӣ» ва иттиҳодияи қабилавии «аллонҳо» номи аслии осетинҳо ва ҳам номи шаҳр дар ин сазаимин агар шаклану маъноан дурустар ба решаи калимаи мазкур, яъне «орё» диққат дихем, аз он пайдо шудааст.

Ҳамин тарик, дар мавриди хешигарӣ ва наздикии забонҳои эронии қадим ва ҳиндии қадим дар китоби «Тоҷикон» ба таври илмӣ асоснок ва мушаххас мисолу далелҳои хеле зиёд оварда шудаанд ва дар ҳаҷми як мақола баррасии онҳо аз имконият берун аст, аммо дар оянда кӯшиш ба харҷ дода хоҳад шуд, ки ба қадри имкониҳои зехнӣ ин мавзуъ пайгирӣ шавад.

Тоиров Шермуҳаммад, устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат