,
Якшанбе, 22-декабр
«Фаромӯш накунед, ки ҳурмати забон ҳурмати модар аст, ҳурмати Ватан ва ифтихори давлатдории миллӣ аст».
Эмомалӣ Раҳмон
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Модар-Ватан ва азамати забони модарӣ ҳамчун ба Модар – сарчашмаи ҳамешазиндаи ҳаёт арҷгузорӣ кард ва мақому мартабаи онро дар арсаи байналмилалии сайёра баланд бардошт, зеро забони модарӣ лафзи ширину муқаддас барои ҳар як инсон аст. Тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз мекунад, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои фораму дилнишини он худро бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад сазовори навои баландмазмуни модар гардад. Дар ҳақиқат, он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида, қалби ҷон ором мегирад, зеро он лафзи модарист.
Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки забони тоҷикӣ таърихи беш аз панҷҳазорсола дошта, бо ин забон олимону шоирон ва эҷодкорони зиёде асарҳои мондагор офаридаанд, ки имрӯз ҷомеаи башарӣ аз онҳо васеъ истифода мебаранд. Махсусан, китобу рисолаҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Закариёи Розӣ, Умари Хайём, Абураёҳони Берунӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва садҳои дигар фарзонагони адабу маърифат, таърихшиносону олимон ба он ҳарф мегуфтану адаб меомӯхтанд. Чи дилчаспу гуворо, маҳбуби дилҳост лафзи модар, ки ширину беолоиш ва бо фасоҳату ба қалби мо ҷой мегирад ва моро ба олами пур аз меҳру муҳаббат, ҳаётбахшу пурфайз равона месозад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми декабри соли 2019 барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ рисолати модаронро хотирнишон сохтанд. «Бонувону модарони мо бояд муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забонӣ меномем, ки кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзанд».
Офарандаи забони миллӣ худи миллат буда, дар баробари ташаккул ёфтани он пайдо мешавад, чунон ки асосгузори илми забоншиносӣ В. Гумбольд гуфтааст : «Миллат, агар ҷон бошад, забон рӯҳи (нафаси) он аст. Қисми зиёди ҷанбаҳои зиндагӣ, ки моро ҳамроҳи мекунанд – ҷои истиқомат, иқлим, дин шакли давлатдорӣ ва қонунҳо, расму анъанаҳои миллӣ аз худи миллат метавонанд то дараҷаи муайяне дур бошанд, аммо танҳо забон аст, ки дар шакли зинда дар мафкураи миллат вуҷуд дорад.
Таърих гувоҳ аст, ки забони модарии ҳар миллат сарчашма ва манбаи бақои он буда, санади қавитарини исботи зинда будани ҳар миллат, пойдор мондани забони модарии он аст. Забони тоҷикии мо дар роҳи пурпечутоби таърих ва даҳшату тохтутозҳои аҷнабиён зинда монда, сарчашмаи бақои миллат гардид.
Тавре, Пешвои муаззами мо Эмомалӣ Раҳмон фармудааст: «Фаромӯш набояд кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷаҳон маҳз дар Мовароуннаҳру Хуросон ташаккул ёфта, ба эҳёи тафаккури миллии форсизабонон ва густариши адабиёти классики тоҷику форс замина гузошта аст.
Чи тавре ки мебинему мушоҳида мекунем, забони модарии мо мавриди ғамхориву пуштибонии ҳаматарафаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон қарор гирифтааст.Бояд гуфт, ки ғамхорӣ ва мувозибат аз забони модарӣ, пеш аз ҳама, пуштибонӣ аз халқу миллати худ мебошад. Миллати тоҷик баъд аз солҳо ва садаҳои тӯлонии зери истило ва юғи аҷнабиёну бегонагон ё мухталифмазҳаб қарор доштан ба чунин пуштибониву дастгирӣ ниёз дорад. Тавре ки Сарвари давлати тоҷикон барҳақ таъкид менамоянд: «Дар баробари ин, мо бояд як далели таърихиро фаромӯш насозем, ки ягон миллати дигари дунё мисли тоҷикон ба таъқибу фишорҳои нажодпарастона ва бузургманишиҳои миллӣ гирифтор гардида, аз ҳаводиси миллаткушӣ таърих ранҷ накашидааст».
Дар ин росто, муҳаққиқи қарни Х1Х ва ибтидои асри ХХ рус Н.Павлов бисёр нозукбинона қайд кардааст : « Мо акнун шоҳиди эҳёи ин миллати ҷонсахт ва боистеъдод, яъне тоҷикон ҳастем. Аз ин пеш онҳо на зиндагӣ, балки ҳақирона рӯз кӯр мекарданд ва ин фақру аҷз натиҷаи се зарбае буд, ки Чингизхон, Темур ва манғит ба пайкари ин миллат заданд ва кам миллате ёфт мешавад, ки чунин зарбаҳоро таҳаммул карда тавониста бошад. Тоҷикон аз ҳама ақвоми дигар ҷонсахттаранд, қадре фурсат кофӣ буд, ки онҳо чун мурғи самандар аз оташ ҷон бигиранд ва эҳё гарданд»…
Акнун баъд аз гузашти солҳо давлатии миллии мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар назди зиёиён ва фарҳангиёни тоҷик баҳри рушду инкишофи забони тоҷикӣ ва ба ин васила пешрафти фарҳанги миллӣ вазифаҳои пурмасъулият мегузорад. Яъне, аҳли хирад забонро муҳимтарин омили ҳастӣ ва бақои миллат донистаанд . Забондонӣ нишонаи фарҳангу хирад аст, ки барои роҳкушоии маънавиёти ҳар як инсони соҳибдилу дурандеш мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, донистани таърих, фарҳанг, тамаддун ва забони давлатӣ барои тамоми сокинони кишвар ҳатмӣ аст.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳаматарафаи забони ноби тоҷикӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Яъне, аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ дар он аст, ки забони тоҷикиро аз забони хонаводагӣ ба забони миллӣ, коргузорӣ, сиёсӣ ва давлатӣ табдил дод. Ин забон ҳоло баробари Парчам, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ яке аз рукнҳо ва рамзи муайянкунандаи миллату давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст.
«Забони тоҷикӣ яке аз зеботарин, қадимтарин ва бойтарину шевотарини забонҳои дунёст. Бигузор ин забон чун ситораҳои тобноки осмони пургуҳар дар дили ҳар соҳибзабону соҳибватан абадӣ боқӣ монад» (Эмомалӣ Раҳмон).
Бешак, ин гуфтори пурҳикмат ҳар яки мо – соҳибзабононро водор мекунад, ки ҳамеша арҷгузори забони модарии худ бошем ва барои покизагию ҳифзаш ҳиссагузорӣ намоем!
Қувватова Муҳаббат, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ