,
Якшанбе, 08-декабр
Ёде аз устоди зиндаёд Иззатулло Тамлихоев (1933-2012)
Муаллим, омӯзгор – вожаҳое, ки барои фарзанди инсон ошною муқаддас аст. Зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад.
Муаллим шахси барумандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Тавре гуфтаанд:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гӯем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад.
Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Сарчашмаи ҳамаи хӯшиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзонанд, ки чандон кори осон нест. Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси рӯҳии одамон аст. Тавре ки мухандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзонанд ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста, камбидиву нуксонҳоро бартараф мекунанд. Омӯзгор касест, ки хамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт.
Расад ҷон бар лаби бечора устод,
Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.
Мехоҳам имрӯз зери ин суханҳои тиллои ёди яке аз устоди устодони донишгоҳ, шахсияте, ки тинаташ пок аз ифлосиҳо, донишманди асил, устод Тамлихоев Изатулло намоям. Соли 2002 донишҷӯи коллеҷи омӯзгори будам, устод моро аз фанни таърихи забони тоҷикӣ дарс медоданд. Вакте вориди синфхона гаштанд, бо мо шиносои намуда атрофи ки ва чигуна муаллим буданашон 5 дақиқа сӯҳбат карда, сипас дарси аввалро оғоз намуданд. Бо вуҷуди он, ки калонсол буданд тамоман дар курси наменишастанд ва маърӯзаи дарсиашонро росто истода мегуфтанд. Бисёр зеҳни тез доштанд ва аз рӯзи аввал донишҷӯро ҳам аз чеҳра ва ҳам аз овоз мешинохтанд. Ман, ки сардори гурӯҳ будам дар қатори аввал яъне дар пеш менишастам. Рӯзе аз рӯзҳо муаллим ҳангоми ба дарс ворид шуданаш аввал бо ҳайрат ба ман нигариста бо овози хашмолуд гуфт: “Хез берун шав инҷо театр не» ман , ки аз ин ҳолат дар ҳайрат будам бе ин, ки худро софияти диҳам аз дарс берун шудам. Рӯзи дигар ҳангоми дарс боз ин ҳолат рух дод ва ман аз дарс пеш шудам. Хулас як ҳафта аз дарс берун шудам ва сабаби берун шуданро намедонистам ва аз тарси устод фаҳмидаҳам наметавонистам, зеро усто бисёр ҷидди ва серталаб буданд. Билохира ҳангоми дарси тарбиявӣ ин розро ба роҳбари гурӯҳамон устод Набиев Муродалӣ расонидам. Устод дар аввал маро гунаҳгор намуда, баъдан ба хулосае омаданд, ки аз устод мепурсанд. Дарси устод ҳафтаи дигар сар шуд ва ман ҳамроҳи роҳбари гурӯҳамон ба дарс ворид шудем. Бисёр тарсидам ва хомӯш меитодам. Вақте устод Муродали Набиев суханро нозукона ва бо эҳтиёт оғоз кард ман дуздида ба муаллим нигоҳ кардам, ки дафтари синфро қайд намуда истода буд. Бисёр ҳарос доштам, зеро муаллим чидди ва сахтгир буданд. Дафтари синфиро қайд намуда, ба устод нигариста гуфтанд: «Ин шогирди Шумо дар партаи пеш нишаста қошҳояшро сурма карда менишинад, ба ман донишҷӯ даркор на актриса» Ман ки бо диқкат гуш карда истода будам бехтиёр гиря кардам, зеро қошҳои ман модарзоти сиёҳу ғафс буданд. Устод Муродали Набиев ҳарчанд бегуноҳии маро исбот мекарданд, аммо устод Тамлихоев Изатулло қабул надоштанд ва суханашро бозпас гирифтани набуданд. Дигар илоҷ ба ҷуз тарки синфхона набуд. Вақте хостем аз синфхона берун равем устод моро бозпас гардонида румолчаи сафер ба дасти яке аз духтарони гурӯҳамон дода супориш дод то қошони маро покиза кунанд. Румолчаро ба об тар карда кошони маро чанд бор покиза карданд ва ҷуз гарди дохили қошҳоям чизи дигар намудор нашуд. Устод, ки ҳолатро мушоҳида мекард ба бегуноҳ будани ман бовар карда иҷозати нишастан ба дарсро дод. Он лаҳзаҳо, ки бисёр аз ноумеди хаста шуда будам шояд таги дилам ғур-ғур низ мекардам, вале вақте бо устод ҳамкор шудаму худам вориди синфхона ҳамчун муаллим гаштам ва ба қадри устод садҳо бор расидам.
Бо устоди зиндаёдам бисёр хотироте дорем, зеро бо вуҷуди якҷо кор карданамон дар хобгоҳи донишгоҳ низ ҳамсоя будем. Бисёр дарси хуб мегузаштанд, муаллими асил буданд. Дар ҳамсояги низ мову Шумои хубе доштанд, бисёр одами мулоҳиза гапу аз ифлосиҳо дур буданд. Тинаташон нисбати донишҷӯёнаш мисли оина буд. Нигоҳаш падарона ва муомилааш берун аз дарс ҳамчу волидайн буд. Хотироти дигаре, ки аз устод дорам ин аст, ки боре бегоҳи аз хона берун шуда дар ҳавои тоза нишастам. Ба ногох устод ҳам аз хонаашон берун шуданду маро дида наздам омаданд. Мувофиқи расми русуми одамгари ҳангоми муаллим ба наздам наздик шудан аз ҷой хестаму салом додам онгаҳ бо муаллим сари чанд масъала суҳбат кардем. Ҳама суханҳои устод пурмаъни буданд ва аламовараш ин, ки устод зиндагии бачагии худро нақл карда модарашро ба неки ёд кард. Ӯ гуфт: «Кӯдак будам, моҳи Рамазон омад ман аз модарам хостам маро ҳангоми нони саҳар бедор кунад, модарам маро бедор карда рузаро ният кардам, рӯз шуд то нисфирӯзи тоқати гушнагӣ карда дигар натавонистам, аз тарс, ки модар маро мебинад тори дарахт баромадам ва онҷо пинҳони аз модар нон хурдам» дигар устод гап зада натавонистанд ва беихтиёр оби чашмашон низ чори шуд. Манҳам, ки онвақтҳо беҳтарин неъмати Иллоҳи падару модар доштам дар гиряи устод гиристам. Бисёр афсус мехурам, ки суҳбати каме доштем ва устод, ки ҳар лаҳза дар наздамон буд аз буданаш аз сӯҳбатҳояш аз илмаш истифода накардем. Хамчу муаллим, ҳамчун шогирд дуо мекунам, ки Иллоҳо руҳи устоди зиндаёд дохили ҷаннат бошаду манзилаш обод. Бисёр ифтихор мекунам, ки тарбияи ин устодонро аз қабили Тамлихоев Изатулло, Сайҷафаров Шовалӣ, Саидов Раҳим, Нозимов Барот, Алиев Аҳмад, Соат Чалишев, Сангов Қаюм, Икромов Искандар, Кучаров А., Абдулҳай Қаландар, Нурали Аюбӣ, Мирзоева Маҳтовбӣ, Ашурова Нодира, Холиқова Зайналбӣ, Ҳотам Асозода, Бахтиёр Сафаров ва дигаронро гирифтаам.
Мақолаи мо, ки бахшида ба иди муаллим омода шудааст, мехоҳам дар фарҷоми ин мақола ҳамаи устодон, омӯзгорон, ва тамоми муаллимони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои иди касбиашон сидқан табрику таҳният намуда, баҳрашон беҳтарин неъмати Иллоҳи саломати ва рӯзгори хубро таманно дошта бошам.
Мирзораҳматова ГУЛНОРА, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ