,
Якшанбе, 22-декабр
(Бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ)
Ҷойгоҳи забон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, сол аз сол имконият барои рушду густариши забони давлатӣ фароҳам меояд ва баҳри эмин нигоҳ доштани забони давлатӣ ҳамчун мероси маънавии миллати тоҷик аз таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Мутафаккири бузург А. Волтер гуфтааст: «Барои аз худ намудани як забон шаш сол кофӣ аст, аммо барои аз худ намудани забони модарӣ як умр кам аст». Ин аст, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои оламшумули ҷаҳонӣ буда, тули ҳастии хеш дар марҳилаҳои гуногуни таърих халқи тоҷик тавонист бо забони нобӣ худ гуфтугӯ кунад, шеърҳо эҷод намояд, қиссаю достонҳо нависад ва фарҳанги миллии худро чун хати сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт кунад.
Яке аз хусусиятҳои хосси инкишофи илми муосир аз он иборат аст, ки сарҳадҳои ба истилоҳ халалнопазири равияҳои гуногуни тадқиқотӣ шикаста шуда, дар ин замина равияҳои нави илмӣ пайдо мешаванд. Илмҳои нав, дар раванди ҷустуҷӯйи мавзуи омӯзиш ва пойгоҳи шоистаи худ маҷбуранд аз усул ва категорияҳои илмҳои нисбатан ботаҷриба истифода намоянд. Чунин ҳолат дар рушди илми забоншиносӣ баръало ба мушоҳида мерасад.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат забони тоҷикӣ ба сифати забони миллӣ ва давлатӣ мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ ва муносибатҳои дипломатиро ба худ касб намуд.
Забон ҳамчун мафҳуми марказии илмҳои забоншиносӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати тамаддунӣ аз доираи маҳдуди забонӣ берун баромада, ба категорияи универсалӣ табдил ёфтааст. Табиист, ки дар равияҳои гуногуни илмҳои ҷомеашиносӣ сиёсатшиносӣ, геополитика, муносибатҳои байналхалқӣ, дипломатия, равоншиносӣ, таърих, фалсафа ва ғайра бе ягон шакку шубҳа метавонанд категорияи забонро хамчун категорияи байни илмӣ ё умумӣ илмӣ дар чаҳорчӯбаи мавзуъҳои таҳқиқотии худ истифода намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони давлатиро аз фазои адабу фарҳанг ба фазои коргузории давлатӣ оварданд, онро дар сатҳи ҷумҳурӣ забони илм намуданд, забони давлатиро ҳамчун унсури давлатдорӣ ва ҷузъи ҳувияти миллӣ баррасӣ намуданд. Ҳамзамон, таҷрибаи давлатҳои куҳан ва пешрафтаи дунё ба равшанӣ нишон медиҳад, ки истифода аз як забони умумӣ ба эҷоди миллате бо пайванди иҷтимоии қавӣ ва давлати неруманд боис мегардад. Дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ ин мавқеияти шоистаи сиёсиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангиро доро мебошад.
Аз нигоҳи таҳқиқоти илмӣ, мавзуи забон ва истифодаи он ба хотири ҳимояи манфиатҳои миллӣ яке аз проблемаҳои мубрами илми муосир гардидааст. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон имрӯз давлатеро пайдо намудан мушкил аст, ки дар бораи ҳифз ва тақвият бахшидани забони миллии худ ғамхорӣ надошта бошад.
Нақши забон ҳамчун василаи сиёсат ва категорияи илмҳои сиёсатшиносӣ ва геополитикӣ дар қарни XXI, бо инкишофи системаҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ниҳоят боло рафтааст.
Ҳарчанд ки забони тоҷикӣ мақоми забони расмиро ҳанӯз дар соли 1989, соҳиб шуда буд, раванди ба забони сиёсат, иқтисод ва илму фарҳанг табдил шудан ва ба самардиҳӣ пардохтани он дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон хусусан баъд аз Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шудааст. Ва дар амри ба ҳақиқат пайвастани ҳадафҳои ин раванди муҳим, чун дар анҷоми муваффақиятомези дигар ҷараёнҳои ҳаётофарин ва созандае, ки кишварро ба диёри сулҳу субот, бархӯрдор аз ваҳдати миллӣ ва рӯй ба инкишоф табдил додааст, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, «забони миллӣ симо ва пайкари миллат мебошад». Аз ин рӯ, вазифаи ҳар фарди меҳанпараст, огоҳ ва дилсӯз ба фарҳанги миллӣ ҷаззоб, зебо, солим, неруманд ва қобили созандагӣ нигоҳ доштани ин симову пайкар аст.
Мавзуи забон дар сиёсат дар маҷмӯъ ва дар сиёсати ҷаҳонӣ ва дипломатияи муосир хусусан нақш ва мақоми сазоворе пайдо намудааст. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби хеш «Забони миллат – ҳастии миллат» мефармоянд, «Таърихи давлатдории тоҷикон нишон медиҳад, ки аҷдодони мо барои устувор намудани пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам намудани ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода намудаанд».
Аз назари таҳқиқоти илмӣ, мавзуи забон ва истифодаи он ба хотири ҳимояи манфиатҳои миллӣ яке аз масъалаҳои мубрами илми муосир гардидааст. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон имрӯз давлатеро пайдо намудан мушкил аст, ки дар бораи ҳифз ва тақвият бахшидани забони миллии худ ғамхорӣ надошта бошад. Нақши забон ҳамчун василаи сиёсат ва категорияи илмҳои сиёсӣ дар қарни XXI, бо инкишофи системаҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ боло рафтааст.
Аҳамияти геостратегӣ ва геополитикии забон дар сиёсати ҷаҳони муосир ва дипломатия бо он муайян мегардад, ки забон ҳамчун «неруи нарм» барои расонидани таъсирӣ фарҳангӣ ба муҳити геополитикии давлат амал менамояд. Яъне ҳар як давлат бо роҳи ҳифз ва таҳким бахшидани забони миллӣ барои худ як ҷавшан, як девори муҳофизатии фарҳангӣ эҷод менамояд, то ки таъсири авомили манфии ҷаҳонишавиро заифтар намуда, умри тамаддунии хешро дарозтар созад.
Яке аз ҷанбаҳои манфии ҷаҳонишавӣ дар он зоҳир мегардад, ки рушди технологияҳои иттилоотӣ суръат ва фосилаи паҳн гардидани забонҳои абарқудратҳо ва маҳдуду аз байн бурдани забонҳои миллатҳои хурд ва заифро тағйир додааст. Барои мисол, мутобиқи маълумотҳои мавҷуда, сад сол қабл дар сайёраи мо беш аз панҷуним ҳазор забону лаҳҷаҳо ва гӯйишҳо мавҷуд буд. Имрӯз бошад, дар ҷаҳон беш аз дуним ҳазор забону лаҳҷаву гӯйишҳо боқи мондаанд. Яъне, дар тайи сад соли охир нисфи забонҳо аз байн рафтаанд.
Ин раванд ба як қонунмандии сиёсати ҷаҳонии муосир табдил ёфтааст. Маълум аст, ки давлат ҳамчун ниҳоди асосии геополитикӣ ва сиёсӣ ҳамеша барои васеъ намудани доираи таъсири хеш кӯшиш менамояд. Аммо воқеияти имрӯза чунин аст, ки дар ҷаҳон тамоми соҳаҳои фаъолият инҳисори давлатҳои пешрафта гардида, самт ё фазои холӣ барои давлатҳои дигар ё танг мегардад, ё вуҷуд надорад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ давлатҳо аз забон ҳамчун нерӯи нарм, нерӯи таъсиррасонандаи ғайримуноқишавӣ дар сиёсати хориҷӣ ва дипломатия барои расидан ба ҳадафҳои геостратегӣ, геофарҳангӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии худ васеъ истифода менамоянд.
Болотар аз ин, имрӯз масъалаи забон, пок нигоҳ доштани он дар шароити хеле мураккаби рақобати забонӣ, бархӯрди тамаддунҳо, таъмини амнияти иттилоотии давлат, дар гардиши илмӣ мафҳуми таъмини амнияти забонӣ низ ворид гардидааст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ забон аз як тараф ба унсури муҳимми рақобати забонӣ, аз тарафи дигар ба омили таъсиррасонандаи фарҳангӣ ва гуфтугӯйи тамаддунӣ миёни халқу давлатҳои ҷаҳон мубаддал гардидааст.
Дар ҷаҳони муосир тақрибан тамоми давлатҳои олам дар фаъолияти хориҷии худ сиёсати миллии забониро истифода менамоянд. Дар ин самт хусусан фаъолияти сохторҳои марбутаи сиёсати берунии Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Британияи Кабир, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Федеративии Германия ва дигар акторҳои сиёсати ҷаҳонӣ фаъоланд.
Сиёсати забонии давлат дар таҳия ва татбиқи сиёсати берунии он, таъсири он ба муносибатҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани имиҷи давлат, эътибори он дар ҷаҳон, боло рафтани боварӣ ба он ва алоқаҳои тамаддунии он саҳми бузург дорад.
Талошҳои пайваста ва пурбори Сарвари давлати тоҷикон буд, ки забони тоҷикӣ марҳалаи наверо дар такомули худ оғоз намуда, ба иҷрои вазифаи худ ҳамчун унсури ваҳдатбахш ва рамзи ягонагиву ваҳдати миллии тоҷикон пардохтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолият ба ҳайси роҳбари давлат дар баробари анҷом додани вазифаҳои мураккаб ва печидаи марбут ба таҳкими сохтори сиёсии давлат, омода ва баргузор намудани ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳалли маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳаёти давлатӣ ҳамеша бар он мекӯшад, ки бо ҳамватанон дидору мулоқотҳо ороста, чун муаллиму омӯзгор, сухан аз омӯзиш ва гиромидошти арзишҳои миллӣ бикушояд ва мардумро ба роҳи фарогирӣ ва сабақандӯзӣ аз таърихи миллати хеш ҳидоят намояд. Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин қадамеро, ки барои худшиносӣ ва огоҳии миллӣ тавсия медиҳад, гиромидошти забон аст. Сарвари давлат забонро появу бунёди ҳастии миллат медонад ва бо далелҳои муътамад нишон медиҳад, ки эҳёи давлатдории миллии тоҷикон пас аз ҳукмронии дусадсолаи арабҳо аз ба саҳнаи сиёсӣ баргардондани забони модарӣ оғоз гардидааст.
Дар сиёсати хориҷӣ ва дипломатия сухан монанди амал нақши муҳим бозӣ мекунад. Беҳуда нест, ки имрӯз дар сафоратҳо ва раёсатҳои вазоратҳои корҳои хориҷӣ бештар аз ҳама кормандонеро қадр мекунанд, ки хуб навишта метавонанд. Ҳамчунин маҳз ҳамин забони тоҷикӣ буд, ки шоирони машҳури олам Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ, Абдураҳмонӣ Ҷомӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абуалӣ ибни Сино, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва садҳо дигарон асарҳо эҷод намуданд, ки имрӯз онҳоро натанҳо дар Тоҷикистон балки берун аз марз дар тамоми гушаю канори олам мехонанду миллати тоҷикро эҳтиром менамоянд.
Ҳамин тариқ, забони тоҷикӣ бо Истиқлолияти давлатӣ пайванди ногусастанӣ дорад ва якдигарро пурра мегардонанд. Зеро истиқлоли Ватан аз истиқлоли забон аст ва истиқлоли забон аз истиқлоли Ватан маншаъ мегиранд.
Нуриддин Парвин, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Файзов Рамазон, номзади илмҳои сиёсӣ, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ