, Душанбе, 14-октябр

БОЗТОБИ МАСЪАЛАҲОИ АХЛОҚӢ ДАР «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»-И МАВЛОНО ҶАЛЛОЛИДИНИ БАЛХӢ

 30.09.2023 366

БОЗТОБИ МАСЪАЛАҲОИ АХЛОҚӢ ДАР «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»-И МАВЛОНО ҶАЛЛОЛИДИНИ БАЛХӢ

Мавлоно Ҷаллолидини Балхӣ яке аз пуросортарин шоирони адабиёти классикии тоҷику форс мебошад. Ӯ аз сарзамини Вахшонзамин чун хуршед тулӯъ намуда, дар фарози шаҳри Кунияи Туркия ба дурахшидан оғоз кард ва ҳеҷ гоҳ ба ғуруб нахоҳад рафт.

Дар мавриди нақши Мавлоно Ҷаллолидини Балхӣ дар адабиёти классикӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намудаанд: «Осори Ҷаллолиддини Балхӣ дар радифи даҳ китоби сертеъдод ва хонданитарини аҳли олам қарор гирифтааст».

Устод Ҷаллодини Балхӣ ба ояндагон осори гаронарзише, ки саршор аз панду андарз ва мазмуну ҳикмат аст, мерос гузоштааст, ки яке аз онҳо «Маснавии маънавӣ» мебошад. Ин асар аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои Мавлоно ба ҳисоб меравад. Ҷалолиддини Балхӣ дар «Маснавӣ» муҳимтарин масъалаҳои ирфону тасаввуф, руҳоният, тариқату шариат ҳамчунин адолат ва ҳаёти башариро ба риштаи тасвир кашидааст.

Дар хусуси забони «Маснавии маънавӣ» - и Ҷаллолидини Балхӣ ҳаминро қайд кардан мумкин аст, ки он дар ҳама давру замон бо оммафаҳм будани мазмуни худ машҳур гардидааст. Ҳамчуни бояд таъкид намуд, ки «Маснавии маънавӣ» бо муҳтаво ва мазмуни баланди худ бисёр машҳур гардидааст. Дар ин бора ба забонҳои гуногуни ҷаҳонӣ тарҷума шудани он баръало гувоҳӣ медиҳад.

«Маснавии маънавӣ» ниҳоят аҳамиятнок буда, дар пайравии он бисёр шоирону нависандагони зиёде асар эҷод намудаанд. Вобаста ба мазмуну муҳтавои он олимони зиёде асарҳои илмӣ навиштаанд.

Оид ба масъалаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ, афкори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аҳамияти хеле калон дорад, ки мазмуни он аз волотарин хислатҳои инсонӣ, дастгирии ҳамдигар, адолатхоҳӣ, ҳақиқатпарастӣ ва амсоли инҳо иборат аст. Дар ҷамъияти инсоние, ки офарида шудааст, бояд чунин хислатҳои ҳамида вуҷуд дошта бошад. Дар ин маврид чунин мефармояд:

Ҳақ зи ҳар ҷинсе чу завҷайн офарид,
Пас натоиҷ шуд, ҷамъият падид.

Мавлоно Ҷаллолидини Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ» ба масъалаи ахлоқи инсонӣ низ таваҷҷуҳ мекунад. Яке аз масъалаҳои хеле муҳим ва махсусу маъруф дар эҷодиёти Мавлоно мавзуъҳои панду ахлоқӣ мебошад. Дар тамоми осори писандидаи шоир сухан ҳамеша атрофи ахлоқ меравад. Панду андарзҳои Мавлоно Ҷаллолидини Балхӣ дилчаспу муассир иншо шуда, забони равону муъҷазу самимӣ доранд ва иртиботашон бо воқеъият қавист. Мутафаккир дар қисмати ахлоқ, дар бораи одоб, сабр, илмомӯзӣ, хоксорӣ, раҳм бар нотавонон, машварати ақлҳо, дӯстӣ, эҳтироми худ ва дигарон, ростӣ, хоксорӣ, ростқавлӣ ва дигар мафҳумҳои ахлоқи ҳамида сухан мегӯяд. Мавлоно қабл аз ҳама инсон шуданро ба инсонҳо талқин менамояд:

Чанд сурат охир, эй суратпараст,
Ҷони бемаънӣ аз сурат нараст.
Гар бар сурат одамӣ инсон будӣ,
Аҳмаду Буҷаҳл худ яксон будӣ.

Ё ҷойи дигар мегӯяд:

Охир одамзодаӣ, эй нохалаф,
Чанд пиндорӣ ту пастиро шараф.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз рӯйи махсусиятҳои андешаронӣ ҳамчун муррабӣ, шахсияти андешаманду равоншиноси дурандеш ва шоири озодфикру дар олами шеъру шоирӣ нақши муҳим дорад. Махсусан, озодандешӣ, ки тавассути ишқ сурат мегирад, меҳвари аслии андешаҳои ӯро дар «Маснавии маънавӣ» ташкил медиҳад:

Гар таваккул мекунӣ, дар кор кун,
Касб кун, пас такя бар Ҷаббор кун!

Ё ки:

Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост,
Ошиқонро миллату мазҳаб Худост.

Воқеан ҳам, Мавлоно дар «Маснавии маънавӣ» ба сифати муаллими ахлоқ ва тарбиягари хислатҳои ҳамидаи инсонӣ андешаҳои инсондӯстонаи худро баён намудааст. Дар баробари ин ӯ инсонҳоро дар рӯҳияи зиндадилӣ, тарбия менамояд:

Кӯйи навмедӣ марав, умедҳост,
Сӯйи торикӣ марав, хуршедҳост.

Дар «Маснавии маънавӣ» ҳазорон - ҳазор андешаҳои инсонпарварварона, ҳикматҳои фалсафӣ, арзишҳои ахлоқӣ, масъалаҳои равоншиносӣ, таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ғайра мавҷуд аст, ки метавон дар бораи онҳо ҷилд - ҷилд китобу рисола навишт, зеро ӯ аз чунон дониш ва биниши густурда ва завқу шавқи беназир бархурдор аст, ки оламро дар худ ва худро дар олам ғунҷондааст.

Осори Мавлоно дар марҳалаи имрӯза барои суботи сиёсию иҷтимоии миллатҳо аҳамияти беназир дорад. Воқеан ҳам, устод Ҷалолиддини Балхӣ бо осори гаронарзиши худ аз қаъри асрҳо на танҳо барои наҷоти миллати худ, балки барои наҷоти башарият омадааст. Дар мавриди адои рисолати худ устод чунин мефармояд:

Ман ба таблиғи рисолат омадам,
То раҳонам мар шуморо аз надам.

Шеъри Мавлоно шеърест, ки байни замину осмон пул мезанад ва саршор аз ҳаяҷони рӯҳи ҳаракату баракату беқарорӣ ва шуру ҷазобаи инсонӣ аст, ки хонандагонро шефта ва мафтун месозад.

Ҳамин тариқ осори гаронбаҳои Ҷалолиддини Балхӣ дорои аҳамияти ахлоқиву тарбиявӣ буда, ҳар як фарди ҷомеаро дар рӯҳияи инсондӯстиву инсонпарварӣ, некиву накукорӣ ва меҳрубониву садоқат ва самимият раҳнамун месозад.

Мубина Қаюмова, омӯзгори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат