, Якшанбе, 22-декабр

БАЪЗЕ ҶАНБАҲОИ ТАЪЛИМИЮ АХЛОҚИИ АШЪОРИ УСТОД РӮДАКӢ

 27.09.2023 353

БАЪЗЕ ҶАНБАҲОИ ТАЪЛИМИЮ АХЛОҚИИ АШЪОРИ УСТОД РӮДАКӢ

Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Адабиёт оинаи зиндагии ҳар халқ, ифодагари орзую омол, фикру андеша, ахлоқу ҳунари ӯст. Вале дар айни замон адабиёт инъикоскунандаи андешаҳои умумибашарӣ, инсонпарварона ва созанда мебошад».

Ёдоварии ин матлаб бар он аст, ки имрӯз тамоми кураи заминро дар баробари тараққиёти босуръати илму техника, даргириву нобасомониҳо низ фаро гирифтааст. Дар ин миён дар ҳар кишвари қудратманд мехоҳад, ки мавқеи худро бештар намуда, ба ин восита фарҳангу оини миллаташро тақвият бахшад. Аммо миллати тоҷик аз нахуст сулҳу суботро сармашқи кору пайкори худ қарор додааст, ки дар ин ҷода мавқеи намояндагони илму адаб зиёд ба назар мерасад.

Ҳамин аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар ба хотири баланд бардоштани огоҳии ҷомеа аз бузургони илму адаб зиёд гардида, рӯзҳои ашхоси барҷаста ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад. Ҳадаф аз ин гуфтаҳо таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Рӯдакӣ дар кишвари азизамон мебошад.

Воқеан, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо эҷоди ашъори баландмазмун на танҳо дар таърихи адабиёти классики форсу тоҷик, балки дар байни дигар халқу миллатҳо мавқеи махсусро касб кардааст.

Эҷодиёти устод Рӯдакӣ гуногунпаҳлу буда, фарогири мавзуъҳои панду ахлоқӣ, фалсафӣ, сиёсӣ, ишқӣ ва ғайра мебошад. Суханвари маъруфи асри ХIII Рашидии Самарқандӣ роҷеъ ба осори шоир чунин нигоштааст:

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,
Ҳам фузун ояд, агар чунон-к бояд бишмарӣ.

Баррасӣ ва ёдоварии осори ин мутафаккири барҷаста аҳаммияти таълимию маърифатиро касб карда, дар ин миён омӯзиши илму дониш мавқеи асосӣ дорад, зеро илму дониш қувваи бузургест, ки инсонро қдратманд ва бофазл ва соҳибмақом мегардонад. Инсон бо ҳар роҳу васила бояд, пеш аз ҳама, дониш омӯзад, зеро:

Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст!

Аз мутолиаи ашъори устод Рӯдакӣ равшан мегардад, ки андешаву афкори шоир маҳз ба ташаккули инсони комил нигаронида шудааст. Масалан, дар байни зер ба хонанда ҳушдор додааст, ки фирефта ва мағрури сармояву ашёи рӯзгор нагарданд, балки пайваста дар омӯзиши илму дониш бошанд, касб омӯзанд ва ба ин восита ақлу ҳуши худро ташаккул диҳанд:

Бифнуд танам бар дираму обу замин,
Дил бар хираду илму ба дониш бифнуд.

Оре, кас дар сурати доштани илму дониш ва касбу ҳунар метавонад ба мақсад бирасад ва дар зиндагӣ комёб гардад. Беҳтарин муаллим барои ҳар инсон, пеш аз ҳама, таҷрибаи зиндагӣ мебошад. Аз ин рӯ, пандҳои устод Рӯдакӣ бояд сармашқи кори ҳамарӯзаи мо бошад, зеро андешаҳои вай дар натиҷаи андӯхтани таҷриба ва айни камолоти умр эҷод шудааст.

Дар байти зер шоир бар он хитоб кардааст, ки ҳамеша аз корҳои носазо ва инсонҳои касиф дур бошем. Амали бад ва инсонҳои бадро устод Рӯдакӣ ба мор ташбеҳ додааст:

Сифла табъи мор дорад, бехилоф,
Ҷаҳд кун, то рӯйи сифла нангарӣ!

Тавре равшан мегардад, шоир ҳато аз назар кардан ба пастфитратонро манъ кардааст.

Табиати инсонӣ гоҳо ин аст, ба корҳое даст мезанад, ки аз он ҳеҷ суде нест. Дар чунин ҳолат ҳам вақт талаф мешавад ва ҳам мақсуд амалӣ нахоҳад шуд. Дар байти зерини устод Рӯдакӣ маҳз дар ин бора сухан рафта, пандест барои омӯзиш:

Сухани ширин аз зуфт наёрад бар,
Буз ба биҷ-биҷ ҳаргиз нашавад фарбеҳ.

Тавре маълум аст, фарҳанги миллӣ ин ташаккулдиҳандаи тарбияи ахлоқию эстетикии ҳар як қавму миллат ба шумор рафта, дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию маърифатпарварӣ, пешрафти кори таълиму тарбия дар байни ҷавонон нақши ҳалкунанда мебозад.

Аз нигоҳи устод Рӯдакӣ фарҳанг мояи аслии ҳувияти миллат аст, фарҳанг метавонад миллатро пешрафтаю навовар ва соҳиби обрӯи ҷаҳонӣ кунад. Аз ин нуктаи назар бояд фарҳаги миллӣ ҳамеша ҳифз карда шавад:

Ҳеч ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рав туву ин ганҷ неҳ!

Яке аз омилҳое, ки имрӯз боиси ташвиши ҷиддӣ гардидааст, ҳамроҳшавии ҷавонон ба равияҳои тундраву худхоҳ ва тақлид ба пушидани либосҳои ғайр мебошад. Дар ҳоле, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ назар кунем хоҳем дид, ки озодӣ чисту, ободӣ кадом аст! Имрӯз ҳазорон ҳазор аз гурезагон ранҷи мусофирию беватанӣ ва ҳазорони дигар вартаи ҳалокатанд. Мо бояд аз он чӣ мебинем, ибрат гирем. Устод Рӯдакӣ чӣ зебо ва чӣ ҳаққонӣ фармудаанд:

Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Барои дарки маънӣ ва суханони пандомези устод Рӯдакӣ ба хонанда чашми бино ва гӯши шунаво лозим, ки барои ин чашми сар ва гӯши муқаррарӣ басандагӣ намекунад, балки «чашми дил» бояд бино бошад, ки он маҳз тавассути дониш ва хирад ҳосил мешавад. Шоир хирадро мояи асосии расидан ба орзуҳо донистааст:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ
Киштие соз то бад-он гузарӣ!

 Дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ инсон ва мавқеи ҷамъиятии ӯ ҷойгоҳи махсус дорад. Ба таъкиди адабётшинос М. Муллоаҳмад «Рӯдакӣ маъниву мақсади асосии зиндагии инсонро, пеш аз ҳама, аз некиву накукорӣ иборат медонад. Дар умри гузарон, ки ҳар лахзаи он бебозгашт аст, инсон бояд аз худ танҳо ёдгории бегазанди некройӣ, накугуфторӣ ва накукирдорӣ бигзорад».

Хулоса, аксари эҷодиёти устод Рӯдакӣ ҷанбаи таълимию маърифатӣ дошта, барои хонандаи имрӯз, ки дар гирумони ҷаҳони пурасрор ва бархурди тамаддунҳо қарор доранд, муфид арзёбӣ мегардад.

Шамшоди Ҷамшед, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик




Ба рӯйхат