,
Якшанбе, 22-декабр
Терроризм ва экстремизм яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фарогирифтаву зиёда аз садҳо таъриф барои мушаххас намудани он аз ҷониби олимон пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, ҳуқуқшиноси машҳурирус Л.А.Моджорян мегӯяд: «Терроризм амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон, барои расидан ба ҳадафҳояшон равона карда мешавад».
Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри XX терроризм мавриди таваҷҷуҳи ҳаматарафаи олимон ва ҷомеашиносон қарор гирифт, хусусан аз ҷониби чомеашиносони Шарку Ғарб омӯзиши ин падидаи номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Шояд суоле ба миён ояд, ки барои чӣ ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд, дар ҳоле ки таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замон содиршавии терроризм вуҷуд доштааст, ҳарчанд дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, мардумро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои баҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Қурбонии терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу авомили бурузи афкори терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва читавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст” ва набояд фирефтаи он гашт.
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Каримов Ё.Ч, ассистенти кафедраи фалсафа