,
Якшанбе, 22-декабр
Башарият аз замонҳои қадим то ба имрӯз шоҳиди пешравиҳо шукуфоии тамаддунҳову фарҳангҳои гуногун будааст, ки дар ин миён тамаддуни пешрафтаи мардуми форсизабон мақому манзалати сазоворе ситоиш дорад. Боиси ифтихору сарфарозиҳост, ки гузаштагони ояндабину дурандеши мо ҳамеша ба одобу фарҳанг ҳамчун зарурати муҳимми зиндагии инсонӣ таваҷҷуҳи бештаре доштанд ва дар ин арса бо мардумони фарҳангпарвару адабдӯсти замони худ паҳлӯ ба паҳлӯ буданд. Асарҳои баландпояи ниёконамон, ки ифодагари идеалҳои олии инсоният мебошад, барои мо, ворисони сипосгузор, мояи ифтихор буда, дар айни замон ба зиммаи мо масъулияти бузурги қадршиносию ҳифзи ин сарвати бузурги маънавиро мегузорад.
Таҳаввулоти адабиву фарҳангии замони Сомониён як адабиёти оламшумулеро бо сарварии устод Рӯдакӣ ба миён овард, ки фурӯғи ҷовидонии он то рӯзҳои мо нурпошӣ мекунад.
Одамушшуаро устод Абӯабдуллоҳ (Абулҳасан) Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Абдурраҳмон ибни Одам Рӯдакии Самарқандӣ (858-941) нахустин шоирест, ки мисли офтоб осмони назми форсӣ- тоҷикиро дурахшон кард, ҳамчун паямбаре падидор шуд, ки маъниҳои асили ватаниро дар миёни халқу миллатҳои форсизабон буруз дод ва шоҳи кишвари маънавиёти нафис шуд.
Имрӯз дар ҳама кишварҳои рӯ ба пешрафт ба хотири баланд бардоштани огоҳии ҷомеа аз бузургони илму адаб рӯзҳои ашхоси барҷастаашонро ҷорӣ намуда, эҳтиром ва садоқати худро нисбат ба таъриху фарҳанги миллаташон баён доштаанд.
Рӯзи Иқбол дар Покистон, рӯзи Навоӣ дар Ӯзбекистон, рӯзҳои Саъдиву Ҳофиз дар Эрон ва рӯзи Такур дар Ҳиндустон гувоҳи онанд, ки ин халқу кишварҳо аз гузаштаи худ эҳтиром намуда, пос доштани номи адибону олимони номии хешро вазифаи муқаддас ҳисобидаанд.
Рӯзи Рӯдакӣ эълон шудани рӯзи 22 сентябр бозгӯи он аст, ки мардуми тоҷик эхтироми хоса ба Рӯдакӣ дошта, панду андарзҳои ӯро дастурамали зиндагии худ қарор додааст.
Рӯдакӣ баъд аз истилои араб аввалин шоири бузурги тоҷикнавис аст, ки комёбиҳои назми асри V11-1Х-ро ба пояи баланд бардошта, асоси шеъри нави форсӣ-дариро гузошта, анъанаи хуби онро барқарор кардааст. Ин мавқеи ӯро олими шарқшиноси Франсия- Дармстетер чунин муайян кардааст: «Дар баробари Сомониён назм ба тахт баромад ва як ном бар болои тамоми давра ҳукмронӣ мекунад, ки ин ном номи Рӯдакӣ аст, ки назми форсӣ вайро ҳамчун Гомери хоси худ дар гаҳворааш ҷой медиҳад».
Ба шарофати ин устоди сухан дар дилу шуури мардумон эҳсосоти наҷибу нодири миллатгароӣ, ватандорӣ, гуманизми фаъол шӯълаафшон шуд. Рӯдакӣ буд, ки дар устувор гардидани давлати Сомониён ҳиссагузор шуд. Шоир таъсир ва сухани худро қайд карда, онро аз оли Сомон донистааст, ҳарчанд дар шуҳратёр гардидани ин сулолаи давлатдорони тоҷик хидмати ӯ кам набуд:
Киро бузургиву неъмат зи ину он будӣ,
Варо бузургиву неъмат зи оли Сомон буд.
Рӯдакӣ шеърро ба минбари ҳамагон кашид, онро халқӣ, ватанӣ, умумиинсонӣ намуд. Вай дар ин тобиш ҷилваҳои нав падид овард. Рӯдакӣ шеърро ба мазмунҳои табиӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ созгор кард. Шеърҳои ӯ дар Аҷаму Араб назир надошт. Абулфазли Балъамӣ, ки аз муррабиёни Рӯдакӣ буд, дар ин бора гуфтааст: «Дар Аҷаму Араб мисли Рӯдакӣ шоире нест».
Шоири тавоно дар дарбор адибони зиёдеро сарварӣ мекард. Муродӣ, Фароловӣ, Шаҳиди Балхӣ аз шогирдони ҳаммаслаки ӯ буданд.
Муҳаммад Авфиии Бухороӣ Рӯдакиро соҳибқирони шоирӣ хонда, чунин мегӯяд:
К-он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон,
Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист!
Вай нафақат пешвои адибони дарбор буд, ки ҳоло ҳам номи беш аз ҳафтод нафари онҳо маълум аст, балки дар байни халқ ва доираи гурӯҳҳои равшангари аҳли шаҳр низ шӯҳрати тамом дошт.
Устод Рӯдакӣ тӯли зиндагии хеш мероси бузурги адабӣ боқӣ гузошта, яке аз шоирони пуркору пурбортарини замони худ будааст. Баршумурдагони осори ӯ ҳаҷму андозаи онро хеле зиёд нишон додаанд.
Муҳаққиқон гуфтаҳои шоири асри XII Рашидии Самарқандиро дар бобати миқдор ва ҳаҷми ашъори Рӯдакӣ (сездаҳ раҳ сад ҳазор) ба гунаҳои мухталиф дарёфтаанд:
1) 100 000X13 = 1, 300 000 байт;
2) Сездаҳ бор баршумурдам, беш аз 100 000 байт хоҳад шуд;
3) Сездаҳ даҳ сад ҳазор, яъне 13X10+100 000, ки баробар ба 100 130 адад низ овардаанд;
4) Гурӯҳи сеюми сарчашмаҳо ашъори шоирро 200 000 байт гуфтаанд. Ин маълумот аввалин бор дар китоби «Таърихи гузида»-и Ҳамдуллоҳи Муставфӣ омадааст.
Лекин осори Рӯдакӣ дар натиҷаи нест кардану сӯхтанҳои паёпай нобуд шуда аз он миқдори хеле кам, ба қавле «Хӯшае аз хирман» боқӣ мондааст. Вале бузургӣ, қудрати офаридгории шоири тавоноро аз он миқдори хеле кам ҳам пай бурдан мумкин аст.
Сухансарои Панҷрӯд дар таърихи халқи тоҷик яке аз нахустин устодони сухан аст, ки таҷрибаҳо, муваффақиятҳои гузаштагони худро дар соҳаи адабиёт ҷамъбаст намуда, адабиёти халқи худро аз ҷиҳати мазмун, ғоя ва шакл ба низом даровард ва роҳи баъдинаи онро муайян намуд, ӯ ба тоҷикӣ чунон шеърҳое офарид, ки сухансанҷони араб низ фасоҳат ва балоғаташонро эътироф карданд. Латофат барҷастагии шеъри Рӯдакӣ, баробари мазмуни баланду санъати олӣ, дар тозагии забону пухтагии он ҳувайдо мегардад. Рӯдакӣ на ба забони куҳнашудаи шоири қарни нуҳ майл мекунад, на дар осораш калимаву ибораҳои арабиро зиёд кор мефармояд ва на ба лаҳҷаи маҳаллӣ шеър менависад. Вай нахустин суханварест, ки забони адабии тоҷикиро дар шеъри бисёр мавзуни сода ва ҳамафаҳм кор мефармояд.
Дар ҳақиқат, устод Рӯдакӣ маъниҳои бузургро дар шаклҳои осону сода ҷой медиҳад. Ба қавли шоир, «лафз ҳам хубу ҳам ба маънӣ осон».
Ба шеъри волояш шоир худ баҳои сазовор додааст. Бо таъбири шоир, ӯ аз санги хора байти парниён, яъне шеъри нафис месозад:
Гар шоирон наванд, манам навгувора,
Як байти парниён кунам аз санги хора!
Устод Рӯдакӣ эҷодкори сабки хуросонӣ, ки онро ба номи ӯ - сабки Рӯдакӣ низ ном мебаранд, мебошад. Даврони ташаккули комилан устувори сабки Хуросонӣ ба давраи Сомониён рост меояд. Дар ин давра шукӯҳмандтарин маркази илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ шаҳри Бухоро буд, ки ин шаҳри куҳантаърих дар аҳди Сомониён шабеҳи Бағдод дониста мешавад: «Имрӯз ба ҳар ҳол Бағдод Бухорост» - мегӯяд устод Рӯдакӣ.
Аз тарафи дигар, теъдоди эҷодкорон шоирону нависандагон дар рӯзгори Сомониён хеле ва хеле боло рафтааст. Тибқи тасдиқи аҳли тадқиқ, шумораи эҷодкорони ин давра фузун аз сесад нафар таъкид мешавад, ки албатта, аз нуфузи эҷоди бадеъ дар он замон, аз болоравии адабиёти форс-тоҷик, аз ғановати осори манзум ва мансур, аз хазинаи пурбори луғавӣ-лексикии забони форси тоҷикӣ, аз паҳнову умқи фарҳанги миллӣ, иртифои сатҳи тафаккури миллӣ ва ғайра шаҳодат медиҳанд.
Устод Рӯдакӣ чаҳор рисолати таърихӣ ба ҷо овардааст, ки маҳз бо манзури ҳамин рисолатҳои таърихӣ ӯ ба 52 унвони ифтихорӣ мушарраф гардидааст, ки бо манзури чунин рисолатҳои таърихӣ ва сазоворшавии теъдоди ин миқдор ановини ифтихорӣ то Рӯдакӣ ва пас аз ӯ низ ба касе муяссар нагардидааст.
Аввалин рисолати таърихӣ, ки устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҷо овардааст, ин аст, ки ӯ дар ҳамаи анвои адабӣ: достон, қасида, қитъа, рубоӣ, тарҷеот, шеъри тасмит (мусаммати мураббаъ), ғазал эҷод кардааст, ки то Рӯдакӣ ин хидмати ӯ ба касе даст надода буд ва аз тарафи дигар, шеваи эҷоди ӯ, ки саҳли мумтанеъ будаву эҷоди шоирро дар қиёс бо алсофу муосирин бо манзури асолати ҳунарии эҷод тарҷеҳ касб кардааст. Аз ҷониби дигар, доираи дарунмояи эҷоди бадеъ –мавзӯъҳоро вусъат бахшид. Ин ҷиҳатро пеш аз ҳама худи ӯ ҳис кардаву хештанро навгувора эълон кардааст.
Аз ин хотир, ӯ пеш аз ҳама бунёдгузори адабиёти форс-тоҷик аст, ки ин адабиёт дар миқёси олам ва масири таърих бидуни қиёс аст.
Дигар аз рисолати таърихии Рӯдакӣ дар он зоҳир мешавад, ки ӯ он кохии бегазанди адабӣ-бадеиро, ки ба қавле теъдоди абёти гуфтаи ӯро як миллиону сесад ҳазор (Рашидии Самарқандӣ) таъкид кардаанд, тавассути забони адабии тоҷик шакли воқеият касб карда, рӯйи кор омадааст ва инак ёздаҳ аср боз ташнагони каломи бадеъро шодоб месозад ва аз ғановати фонди луғавии забони адабии тоҷик низ мужда медиҳад. Аз ин рӯ, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ асосгузори забони адабии тоҷик низ ҳаст.
Рисолати сеюмини таърихии қофиласолори адабиёти форс-тоҷик устод Рӯдакӣ он аст, ки ӯ ба аввалин сабки адабии таърихи адабиёт – сабки Хуросонӣ (сабки туркистонӣ ё мовароуннаҳрӣ ва ё бухороӣ…) низ асос гузоштааст.
Ниҳоят чаҳорумин рисолати таърихии соҳибқирони шоирӣ- ин бунёди мактаби адабӣ – эҷодии Бухороии ӯст, ки то кунун – Х1 аср боз ин мактаби шукӯҳманд манбаи илҳоми эҷодкорон – шоирону носирон аст. Ин аст, ки ҳам муосирони шоир ва ҳам мутааххирин устод Рӯдакиро васфу ситоиш карда, аз корномаи ин нобиғаи таърихи адабиёт, аз санъати волои нотакрори эҷодии ӯ ва манбаи илҳому омӯзиш донистани мактаби эҷодии Рӯдакӣ ёдовариҳо кардаанд. Чунончи, яке аз муосирони устод Рӯдакӣ – дар ин шеъри марсиявии хеш гуфтааст:
Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,
Май бирезад, нарезад аз вай бӯй.
Шоират ку? Кунун, ки шоир рафт,
Набувад низ ҷовидона чун ӯй.
Хун бигашт оби чашмам аз ғами вай,
З-андӯҳаш мум гашт оҳани рӯй.
Нолаи ман нигар шигифт мадор,
Шав, бишав зор-зор нол ба ӯй.
Чанд ҷӯйӣ, чун ӯ наёбӣ боз,
Аз чун ӯ дар замона даст бишӯй.
Ё худ малликушшуарои нахустини расмии таърихи адабиёти форс-тоҷик, шоири дарбори Ғазнавиён – Ҳаким Абдулқосим Ҳасан Унсурии Балхӣ бо манзури асолати ҳунарии ашъори Рӯдакӣ мегӯяд:
Ғазал Рӯдакивор некӯ бувад,
Ғазалҳои ман Рӯдакивор нест.
Агарчи бикӯшам ба борик ваҳм,
Бад-ин карда-андар маро бор нест.
Ва ё шоир, нависанда ва олиму мутафаккири тоҷик Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд:
Рӯдакӣ он ки дурр ҳаме суфтӣ,
Мадҳи Сомониён ҳаме гуфтӣ.
Номи ӯро, ки мебаранд имрӯз,
Ҳаст аз он шеъри анҷуманафрӯз.
Ҳамчунин номи Оли Сомонро,
Неккорону некномонро
Зинда аз назми хеш медорад,
В-аз паси парда пеш меорад…
Бояд гуфт, ки дар таърихи адабиёт қариб ҳамаи аҳли қалам Рӯдакиро устод хонда ба истеъдоду ҳунари ӯ аҳсан хондаанд. Чунончи, Марвазӣ ном шоири асри Х1 дар ҳаққи Кисоӣ ва Рӯдакӣ гуфтааст:
Зебо бувад ар Марв бинозад ба Кисоӣ,
Чунонки ҷаҳон ҷумла ба устоди Самарқанд.
Нодира АШӮРОВА, доктори илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ