,
Якшанбе, 22-декабр
Дар раванди ташаккулёбии ҷомеаи иттилоотӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ технологияҳои гуногуни иттилоотию коммуникатсионӣ ба таври фаъол мавриди истифода қарор дода мешаванд ва маҳз дар чунин шароит иттилоот ва манбаъҳои иттилоотӣ яке аз омилҳои муҳимтарини рушди инсон, ҷомеа ва давлат ба шумор меравад, ва дар шароити кунунӣ тамоми кишварҳои қишри сайёра дар миёни муборизаҳои иттилоотӣ қарор дошта маҳз таъмини амнияти иттилоотӣ имрӯз ба масъалаи муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфта, суботу устувории ҳукуматҳо ва амнияти миллии давлатҳо ба он алоқамандии зич пайдо кардааст.
Албата Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир, ки дорои истиқлолияти сиёсии хеш аст, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар кишвар яке аз масъалаҳои муҳими сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз аз лаҳзаи бо суъат рушд намудани техникаву технология ва шабакаҳои ҷаҳонии интернет кишварҳои ҷаҳон миёни бархурдҳои сиёсӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ қарор доранд, ки ба фазои сулҳу осоиштаи онҳо таҳдидовар мебошад. Яқинан бояд гуфт, ки бо пайдо шудани интернет имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷангҳои лафзию иттилоотӣ бештар гардида, бархурду низоъҳои сиёсиву давлатиро байни кишварҳои осоишта ба бор овардааст.
Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар шароити мутақобилан ба кишвари сулҳу осоишта ва соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд табдил ёфта, дорои арзишҳои миллию давлатӣ, ва ваҳдатсолориву сарнавиштсоз мебошад. Ҳукумати кишвар дар роҳандозӣ бо сиёсати сарнавиштсози "Дарҳои боз" равобиту ҳамкориҳои густурдаи худро бо кишварҳои ҳамдӯст ва ҳампаймони худ мустаҳкам намуда, пояи Истиқлолият ва сулҳу суботи худро устувор намудааст. Ба ҳамин мақсад дар шароити ҷаҳонишавии геопалитикӣ, бархурди тамаддунҳо ва низоъҳои сиёсӣ кишвари Тоҷикистон дар миёни ҷангҳои иттилоотӣ қарор дошта, таъмин ва устувор намудани амнияти иттилоотӣ пеш аз ҳама муҳим арзёбӣ мегардад.
Албата ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз фазои амнияти иттилоотӣ мо дар миёни муборизаҳои шадиди мухолифон ва хоинони ватану миллат қарор дорад. Имрӯз бадкорон ва хоинони ватану миллат бо истифода аз шабакаҳои ҷаҳонии интернет ба хусус дар шабакаҳои Ютуб ва Фейсбук фазои сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, ва манфиатҳои миллию давлатии моро ноором карда истодаанд, ва моро зарур аст ки дар таъмин ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ саҳми худро гузарем ва нагузорем, ки ин гурӯҳҳо ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд.
«Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд. Зеро тавре ки аз мазмун ва моҳияти қонунгузории мамлакат оид ба васоити ахбори омма бармеояд, таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти он мебошад». Роҳбари Олии Кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Аз ин рӯ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии шаҳрвандон, пешгирии пайравии ҷавонони сустирода ба ақидаҳои террористиву экстремистӣ, баланд бардоштани ҳисси зиракиву сиёсии ҷавонон, таъмини амнияти иттилоотӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим дар назди ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб меравад.
Тавре, ки дида истодаем раванди инкишофи босуръати технологияи муосир дар баробари пешравиҳо як қатор мушкилиҳоро низ ба бор овардаву сабаби ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Баъзе аз дастовардҳои ҷадиди илмию техникие, ки инсоният кашф кардааст, имрӯз ба амнияти худи сокинони сайёра хатар эҷод намуда истодааст.
Тавре ки Роҳбари Олии Кишвар Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ зикр менамоянд, дар шароити муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва тамоюл ба он суръати баландро касб менамояд, якчанд омилҳо ба сарнавишти давлат ва мардум таъсири дарозмуддати манфӣ дошта метавонад.
Чунин таъсири манфӣ ва таҳдиди раванди ҷаҳонишавӣ ба шуур ва маънавиёти ҷомеа тавассути шабакаҳои Интернетӣ ва васоити ахбори омма, ки дорои нерӯи бузурги таъсиррасонӣ мебошанд, эҳсос мегардад.
Бояд қайд намуд, ки омили муҳими таъмини амнияти иттилоотӣ дар он мебошад, ки бояд воситаҳои ахбори омма моҳияти рӯйдодҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиии аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалидоштаро дар сатҳи баланди касбият, ба таври воқеъбинона, саривақтӣ, соддаву фаҳмо ба ҷомеа расонанд ва дар ташаккули афкори мусбӣ ва дурусти ҷомеа саҳми муносиб гузоранд.
Дар ин ҳолат таъсири ҳар гуна иттилооти беасос ва бардурӯғ дар расонаҳои манфиатхоҳ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ташкилотҳои террористию ифротгаро ба ҷомеа метавонад камтар гардад. Зеро табиати инсон чунин аст, ки ба иттилои аввал дарёфтнамуда бештар эътимод пайдо мекунад. Эътимоду боварӣ ба иттилооти расонаҳои расмӣ бошад моҳиятан эътимоду бовариро ба мақомот ва ҳокимияти давлатӣ бештар месозад.
Мо умед дорем, ки амнияти давлату миллат ва амнияти иттилоотӣ мо побарҷо бимонад ва ҳеҷ як таҳдиду хатар пеши роҳи шукуфоии Тоҷикистони азизи моро нагирад.
Самандаров Фаридун, муаллими кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгощи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ