, Якшанбе, 22-декабр

ТЕРРОРИЗМ ЯКЕ АЗ МАСЪАЛАИ ТАШВИШОВАРИ ҶАҲОН

 18.09.2023 245

ТЕРРОРИЗМ ЯКЕ АЗ МАСЪАЛАИ ТАШВИШОВАРИ ҶАҲОН

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амният таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Ҳамроҳ шудани баъзе шаҳрвандони мо ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ ҳар яки моро водор месозад, ки барои пешгирӣ кардани ин раванди хатарнок ва вабои аср ҷиддӣ ва дастаҷамъона кор кунем ва давлату Ватани худро аз ҳар гуна хатарҳои даҳшатовар эмин нигоҳ дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Терорризм яке аз масъалаҳои ташвишовар ва ҳалталаби замони муосир ба шумор меравад, ки боиси ба тарсу даҳшат афкандани ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Дар ин гуна амалиётҳо ҳазорон одамони бегуноҳ нобуд ва шаҳрҳои обод ба вартаи нобудӣ рафтаанд.

Терроризм зуҳуроти ниҳоят хавфноки замони навин буда, бо шаклу тарзҳои гуногун амалӣ мегардад ва онро пешгӯи намудан душвор аст. Терроризм амали номатлуб буда, бар зидди ҳуқуқу озодиҳои инсон аз тарафи ҷонибдорони гурӯҳҳои махсус ва алоҳида равона мегардад.

Мақсади асосии террор амалҳои террориро анҷом додан аст, ки он аз се қисмат таркиб ёфтааст:

  1. Ғоя ва омилҳои сиёсие, ки амали террориро асоснок менамоянд;
  2. Фаъолияти зӯроварӣ бо тамоми зуҳуроташ;
  3. Худи амали террористӣ, ки ба муқобили кадом объекте равона гардидааст.

Терроризм ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешавад: терроризми байналхалқӣ ва терроризми дохилидавлатӣ.

Терроризми дохилӣ-фаъолияти гурӯҳҳои махсуси ташкилшудаи террористӣ, ки амалиёти худро барои расидан ба мақсадҳои муайяни сиёсӣ дар қаламрави як давлат ба амал меоранд.

Терроризми байналхалқӣ дар навбати худ ба шаклҳои мухталиф тақсим мегардад: терроризми иқтисодӣ (инқилобӣ), терроризми этникӣ (миллатгароӣ), терроризмӣ динӣ.

Роҳҳои пешгирӣ ва дар амн мондан аз ин вартаи нобудӣ тарғибу ташвиқи корҳои тарбиявӣ, ташкили озмӯнҳои бонуфӯз (ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ) ва вохӯрӣ бо шахсони донишманд, таҷрибадор, ҷавонони лаёқаманд ва ғолибони озмунҳо ва исломшиносон мебошад.

Саида ИДИЕВА, донишҷӯи соли 3-юми факултаи филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат