, Сешанбе, 10-декабр

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРИМИЗМ - ХАТАР БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

 18.09.2023 507

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРИМИЗМ - ХАТАР БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Терроризм ва экстримизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳон ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Терроризм аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарсу ваҳм, даҳшат мебошад. Шахси террорист мақсадҳои ноҷавонмардонаи худро танҳо бо роҳи тарс додан, азият додан ва куштан амалӣ месозад.

Мақсади террорист дар ҷомеа тарс, ваҳшат, азият ва ноумедиро ба вуҷуд овардан аст. Заминаи пайдоиши ин амали номатлуб аз дунёи қадим маншаъ гирифта, дар мактабу равияҳои гуногуни диншиносии он давра фаъолият мекард. Масалан, ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафкан мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ин давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегардид.

Ҷаҳони имрӯза ба мушкилоти зиёде гирифтор аст ва яке аз мушкилиҳое, ки ба осоиштагии мардуми сайёраамон монеа пеш оварда истодааст, терроризми байналмилалӣ мебошад.

Терроризми байналмилалӣ, яъне терроризме, ки ба тамоми миллатҳо ва амну осудагии кулли инсоният таҳдид мекунад, ба дили мардум даҳшат ва тарсу ваҳм оварда, тавассути амалҳои номатлуби худ: зӯроварӣ, ҷазоҳои гӯшношуниди ҷисмонӣ, зинда гӯронидану куштор оммаро тарсониданӣ шуда, ба “мақсад”-и нопоки худ расиданианд. Ҳарчанд онҳо мақсади муайяне надоранд. Ин тоифа мехоҳанд, ки тавассути амалҳои носолиму даҳшатангез дунёро дар гирдоби тарсу ҳаррос нигоҳ доранд ва ба ин васила ҳукмрони кулли башар бошанд.

Сиёсати динии давлати абадқудрати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Мутафаккири машҳури немис К.Маркс дар асоси таҳлили ҳаматарафа нисбат ба дин чунин гуфта буд: «Дин барои мардум афюн аст». Бо мақсади татбиқи муборизаи оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна зуҳуроти номатлуби динӣ чораҳои гуногун андешида мешуд, аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод.

Мардум тибқи анъана ва фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, пинҳонӣ амал мекард ва ҳатто дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад. Аммо таърих исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуд ва намебошад. Лекин алайҳи хурофот, кӯҳнапарастӣ, ки бофтаҳои хаёлоти баъзе диндорони бесавод мебошад, муборизаи беамон мебурд ва мебарад. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир бар зидди дин набаромадааст, лекин хурофот, нодонӣ ва ҷаҳолатро ҳамеша маҳкум мекарданд.

Масъалаи соҳиб шудан ба ин ё он минтақаи олам ё ба даст овардани захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ ва ғайра дар замони ҷаҳонишавӣ байни давлатҳои абадқударати ҷаҳон дар ҳоли рушд мебошад. Давлатҳои абадқудрати ҷаҳон барои расидан ба ин мақсадҳо байни дину мазҳабҳои ҷаҳонӣ, яъне ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддиятро ба вуҷуд меоранд.

Ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷӯю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷӯ муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф менамоянд. Ҳатто онро намунаи ибрат нишон медиҳанд. Ба ин васила мақсадҳои нопоки худро ба гардани дигарон бо зӯрӣ бор кардани мешаванд. Соҳиби Табрезӣ дар ин бора чунин таъкид мекунад:

Инон ба дасти фурӯмоягон мадеҳ зинҳор,
Ки дар масолеҳи худ сарф мекунанд туро.

Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари маргро меоварад. Мақсади террорист аз байн бурдани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани амният дар ҷомеа ва тарсонидани аҳолӣ мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон аз ҷониби ҷомеа ва давлат эътирозро ба вуҷуд меоварад, чунки дар заминаи ин амалҳои зишт ифратгароӣ сабзида мерасад. Дар ин бора ҳакиме овардааст:

Одами бад чун каждум,
Заҳр мезанад ба мардум.

Шахси ифратгарро дар кадом шакле набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла, ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон низ таҳдид мекунад.

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши терроризм, фундаментализм, экстремизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ дар замони худ нисбат ба одамоне, ки хатари маргро эҷод мекунанд, мардумозор мебошанд, чунин фармуда буд:

Сари сифларо рӯйи болиш манеҳ,
Сари мардумозор бар санг беҳ.

Хулоса, аҳли ҷомеа, ба хусус, ҷавононро аз амалу ниятҳои нопоки ифротгароён огоҳ сохта, дар ҷамъомаду чорабиниҳое, ки ба ин мақсад гузаронида мешаванд, намояндагони шӯъбаи амният ё ВКД, исломшиносон, омӯзгорон, ҳуқуқшиносон даъват карда шаванд. Намояндагони сохторҳои дахлдор дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Аҳолӣ, бахусус, ҷавононро ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба амалҳои ношоистаи террористону иғвоангезон бохабар созанд.

Шукри озодӣ, ободӣ, тинҷию амонии Тоҷикистони биҳиштосоро намуда, баҳри сарсабзию шукуфоии он саҳми муносиб гузорем ва нагузорем, ки нохалафе чашми кӯрбинашро ба сӯйи ҷомеаи мо дӯзад.

Тоҷикистон, зиндаам бо бӯи ту,
Кӯр бодо, чашми бад бар сӯи ту.

Хушвахт БОЗОРОВ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат