, Якшанбе, 22-декабр

МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ МИЛЛӢ - КАФИЛИ САОДАТИ РӮЗГОРИ ТАЪРИХИИ МОСТ!

 11.09.2023 242

МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ МИЛЛӢ - КАФИЛИ САОДАТИ РӮЗГОРИ ТАЪРИХИИ МОСТ!

Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 дар самти эҳёи таърихию фарҳанги миллати тоҷик чунин қайд карданд: «Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад. Мо тасмим гирифтем, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон - шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 - солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем.

Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем».

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 90 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ тармиму барқарорсозӣ ва эҳё гардидаанд. Корҳои тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» амалӣ гардида, мақсади асосии барнома ба низом даровардан, ҳифзу нигаҳдошт, тармиму барқарорнамоӣ, истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангии кишвар баҳри баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии мардум ва дастраси ҷаҳони муосир гардонидани сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик маҳсуб меёбад.

Дар Тоҷикистон мавзеъҳои табиии Искандаркӯл, Сарез, Гармчашма, Чилучорчашма, Сари Хосор, Ҳафткӯл ва ғайраҳо ба маҷмӯи ёдгориҳои табиат дохил мешаванд. Роҷеъ ба ҳар яке аз ин ёдгориҳо ривоятҳо ҷой доранд, ки онҳо аҳамияти илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ ва тарбиявӣ доранд. Ин гуна мавзеъҳо макони сайёҳӣ буда диққати сайёҳонро бештар ҷалб месозанд. Вобаста ба гӯшаҳои таърихии Тоҷикистон ҳам яке аз шарқшиносони рус чунин дарҷ намудааст, ки:

- "Тоҷикистон - манбаи ёдгориҳои бостониест, ки назираш дар дигар манотиқ камтар ба назар мерасад!"

Биёед ба яке аз ёдгориҳои нодири миллии мо Аҷинатеппа назаре меафканем, ки он харобаи ёдгориҳои дини буддоии нимаи асри 7-ибтидоӣ. 8 м. маҳсуб меёбад. Соли 1959 дар масофаи 3 км аз работи марказии совхози ба номи Кирови водии Вахши  Тоҷикистони имрӯза кашф гардидааст. Дар бобати ин ёдгорӣ бори нахуст соли 1960 ҳафриёти аввалин гузаронида шудааст. Дар қисмати Тоҷикистони Ҷанубӣ таҳти роҳбарии Б. А. Литвинский ва Т. И. Зеймаль мунтазам тадқиқот ба роҳ монда мешавад ва то соли 1973 пурра тадқиқ мегардад. Ин мавзеи таърихӣ бинои росткунҷаест, ки вусъаташ 100Х50 м, буда аз ду қисми мутаносиби бо роҳрав пайваста иборат аст, ки шартан «дайр» ва «маъбад» номида шудаанд. Иморати ҳар як қисми бино аз рӯи тарҳи иморатсозии чорайвона бино ёфтааст. Бино аз похса ва Хишти Хом, тақкурсиаш хуб ва аз хишти пухта сохта шудааст. Фарши ҳуҷраҳо, рӯи ҳавлӣ ва девори биноҳои ибодатгоҳ бо хишти пухта рӯйкаш шудаанд. Равоқҳо камбар ва биноҳо гумбазнок будаанд. Дар маркази нимаи «дайр» ҳавлии чоркунҷаве ҳаст, ки дар атрофи он ҳуҷраҳо, ибодатгоҳ, толор, биноҳои хоҷагӣ ҷой гирифтаанд. Ҳамаи ии нуктаҳоро роҳрав байни худ мепайваст. Ороиши меъмории ибодатгоҳи дайр мураккаб, шифту девор нақшу нигор ва муҷассамаҳои бисьёр зиннат медоданд. Ҳангоми ҳафриёт пораҳои муҷассамаи калони баландиаш 4 м, ки дар маркази бино воқеъ буд, ёфт шудаанд. Поёни деворҳо, рӯи суфаҳо ва пояи ҳайкалҳо бо нақшу нигор оро ёфтаанд. Дигар биноҳои дайр, ҳуҷраҳои роҳибош намуди оддӣ доранд. Дар яке аз роҳравҳо муҷассамаи дувоздаҳметраи якпаҳлў хобидааст. Буддо ва дар атрофи он муҷассамаҳои хурди Буддоӣ ёфт шудаанд. Муҷассамаҳоро аз маводи аҷибе рангубор додаанд.

Ба андешаи ман, яке аз воситаҳои ҳифозати осори гузаштаи ниёгон ин таъсиси мамнуъгоҳҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Бо назардошти ҳифзу нигоҳдошт ва тарғиби таъриху фарҳанги миллати кўҳанбунёди тоҷик ва худшиносии миллӣ, рӯ овардан ба таъриху фарҳанги ниёгони хеш, тармиму эҳё намудани осори фарҳанги гузашта ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ба ҳисоб меравад.

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ тармиму барқарорсозӣ ва эҳё гардидаанд. Дар робита ба ин, метавон гуфт, ки агар барои эҳё ва инъикоси махсуси гӯшаҳои таърихиву ёдгориҳои нодири миллии мо ҳар моҳе як маротиба ҳамоиши илмӣ - фарҳангӣ дар ин хусус доир гардида мутахассисони ҷавон ба он мавзеҳо равона гарданд ҷиҳати пешрафту тараққиёт замимаи хубе мегардад. Ҳамзамон, барои муаррифии ин гуна минтақаҳои бостоншиносӣ ҳар рӯза дар шабакаҳои телевизионӣ барномаи махсуси "ВАТАНРО БИШНОСЕМ!" роҳандозӣ гардад ба манфиати кор хоҳад буд. Инчунин, барои донишҷӯёни ихтисосҳои сайёҳӣ - меҳмондорӣ ва бостоншиносон - фарҳангшинос хуб мешуд агар қисмати дарсҳои амалиро татбиқ намуда онҳоро ҷиҳати пажӯҳишу омӯзишу тадқиқоту таҳлил ба худи ҳамон минтақаҳои таърихиву бостоншиносӣ равона намоянд.

Умедҷон Амонӣ

Барандаи Ҷоизаи ИЖТ




Ба рӯйхат