,
Якшанбе, 22-декабр
Масъалаи густариши сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар замони истиқлол яке аз масъалаи меҳварии давлатсозӣ ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳои адабиётҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки дар рушду инкишофи сиёсати хориҷии Тоҷикистон саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.
Пешвои миллат зимни ироаи Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва гузаштаву имрӯзи он, бо тозатарин роҳнамиоҳо қайд намуданд: «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «Дарҳои боз», сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд густариш диҳад». Аз ин нуқтаи назари Пешвои миллат масъалаҳои асосию меҳварии сиёсати хориҷии Тоҷикистон барои имрӯзу фардо муайян шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баракати сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофари Пешвои Миллат тавонист дар даврони истиқлолият натанҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шавад. Таъкид кардан ба маврид аст, ки барқарори равобити хориҷӣ ва шиносонидани Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ буд.
Сиёсати хориҷӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба таърихи истиқлолияти ҷумҳурӣ назар афканда мебинем, ки дар ин самти муҳим корҳои арзанда ба анҷом расида, дар баланд бардоштани иқтидори кишвар ва шинохти он дар арсаи байналмилламлӣ иқдомҳои зиёде рӯи кор омадаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан дар нахустин муроҷиатномааш бо туфайли истиқлолият аз якчанд масъалаи муҳиме ёд овардааст, ки ҳама ба соҳаи сиёсати хориҷӣ дахл доранд. Аз ҷумлаи чунин масъалаҳо мебошанд:
Яке аз хусусиятҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «Дарҳои боз»-и эълон намудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии «Дарҳои боз»-ро пайгирона дар амал татбиқ намуда, эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани саъю талошҳои ҳамаи давлатҳоро дар ин раванд имконпазир мешуморад.
Сиёсати хориҷии шаффоф ва усули «Дарҳои боз» ба он мусоидат намуд, ки Тоҷикистон узви шоистаи созмонҳои байналмилалӣ гардад ва равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон ба роҳ андозад. Тоҷикистон имрӯз дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ симои хоси худро дошта, ҳамчун узви соҳибэътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Сиёсати «Дарҳои боз» ба мо имкон дод, ки доираи робитаҳоро бо кишварҳои хориҷӣ васеъ намуда, сафи ҳамёрони анъанавӣ ва доимиамонро афзоиш диҳем.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ҳадафи аслӣ ва стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ин татбиқи амалии манфиатҳои олии давлат ва миллат, қабл аз ҳама ин таъмини амният, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръат ва таҳкими иқтисоди дохилии кишвар аст. Ин ҳадаф стратегияи санҷида, ҳамаҷониба асоснок ва дорои механизмҳои муассири робитаҳову ҳамкории фаъол бо ҳамаи давлатҳо, субъектҳои муносибатҳои байналхалқиро тақозо дорад.
Ҳангоми муайян намудани самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва афзалиятҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳо ва манфиатҳои миллии худ такя мекунад. Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи сиёсати хориҷӣ дар марҳилаи ҳозира ва дар дурнамои наздик ба қарори зайл муайян намудан мумкин аст:
Дар тӯли солҳои Итиқлолият Тоҷикистон ба шарофати сиёсати мутавозин ва мутаносиб бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар анҷумани давлатҳои мутамаддин мақом ва манзалати шоиста касб кард. Тоҷикон бо ҳифзи вижагиҳои миллӣ ва андухтаҳои маънавии худ ҳампо, ҳамнаво ва ҳамрадифи мардуми сайёра шуданд, набзи сиёсати хориҷии кишвар ба набзи сиёсати имрӯзаи ҷаҳонӣ ҳамсадо гардид.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се даҳсолаи соҳибистиқлолии кишвар роҳи бузургеро тай кард. Таҷрибаи ҳосилшуда имкон медиҳад, ки равандҳои гуногуни муносибату ҳамкориҳоро дар ҷаҳони муосир зери мушоҳида гирифта, нисбати онҳо назари хосаи худро дошта бошем ба онҳо аз мавқеи худ баҳогузорӣ намоем.
Бояд қайд кард, ки корсозиҳои хирадмандона ва дурандеши сиёсии Пешвои миллат дар ҷодаи дифоъ аз сиёсати хориҷӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳою ормонҳои миллӣ боиси афзудани эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.
Дар ҳақиқат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори мактаби нави сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Бо туфайли истиқлол ҳамасола ин тадбирҳоро Пешвои миллат дар Паёмҳояшон назарсанҷӣ ва баррасӣ мекунанд. Дар ҳар як паёму баромадҳояшон самтҳои сиёсати хориҷиро самти афзалиятнок дониста, барои ташаккул ва пешрафти сиёсати хориҷии Тоҷикистон тадбирҳои сари вақтӣ меандешанд.
КОМИЛБЕК АМИД ЁРБЕК, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев
ЗАРИФОВ ҲАБИБУЛЛО, ассисенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ