,
Панҷшанбе, 21-ноябр
Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист.
Эмомалӣ Раҳмон
Терроризм ва экстремизм ҳамчун як зуҳуроти зишттарин дар ҷомеаи инсонӣ таърихи дуру дароз дорад. Он дар охири асри XX, дар ҳошияи равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат ташаккул ва рушд ёфта, алҳол барои аксар кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба яке аз хатарҳои мудиҳштарин табдил ёфтааст. Ин зуҳуроти номатлуб минтақаҳои зиёди оламро валангор сохта, одамони зиёдро аз ҷои зисти аҷдодии худ маҳрум намуда, амалҳои пасттарину зишти номатлубро ба насли инсон раво мебинад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат дар ҳар як суханрониҳояшон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамеша ин зуҳурот ва ё пешаи аҳриманиро, ки дар аксари минтақаҳои Осиёву Африка ва Аврупову Амрико доман густурда, ба мисли вабои сироятбор ҳамарӯза ҳудуди маргбори худро паҳн мегардонад, маҳкум намуда, аз ҷаҳониён даъват ба амал меоранд, то бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон баранд.
Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротӣ, ки аз сӯи бархе кишварҳои абарқудрат созмон дода шуда, сармоягузорӣ мегарданд ва бо истифода аз номи дини мубини Ислом, ки дини поку таҳаммулгарост, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд, оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.
Боиси таассуф аст, аъзоёни бузургтарин гурӯҳҳои террористӣ ва эктремистии сатҳи ҷаҳонӣ зиёдтар аз номи поки дини мубини ислом баромад намуда, ҷавонони гумроҳи камсавод ва онҳое, ки фарҳанги пасти динӣ доранд, ба тарафи худ ҷалб намуда, ба онҳо ваъдаи пулу моли бардурӯғ дода, фатво медиҳанд, ки гӯё бар ин амалҳои зишташон дохили ҷаннат мегардида бошанд, ҳол он ки дохили ҷаннат ва ҷаҳаннам шудани кадом инсонро Худо худ медонаду бас, вале онҳо дар асл номи поки дини исломро доғдор месозанду халос, зеро дини ислом худ шиканҷа ва куштори одамони бегуноҳро маҳкум месозад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора чунин иброз доштаанд: «Ислом дини тақво, инсофу адолат, сулҳу амният, ахлоқи ҳамида ва талқингари маънавиёти воло буда, ҳама гуна аъмоли зишту носавоб, зулму ситам, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти глобалии имрӯза, аз қабили терроризм ва эктремизм мебошад».
Боиси таассуф аст, ки баъзан ҷавонони мо аз сабаби кам доштани донишу фаҳмиш, заиф будани ҷаҳонбиниву шуури сиёсӣ ба доми чунин навкарони шайтон-аъзоёни гурӯҳҳои террористӣ афтида, домони поки миллатро доғдор ва ҳаёти рангини худу наздиконашонро шӯр месозанд. Агар пеши роҳи чунин кирдорҳо гирифта нашавад, оқибатҳои нохубро дар пай доранд.
Мушкиле, ки сабаби шомил шудани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ мегардад, ин нобаробарии дараҷаи дониш, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, шуурнокӣ ва маданияти сиёсии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки қисме аз шаҳрвандони мо ба моҳияти истиқлолият, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ сарфаҳм нарафта, ба сафи гурӯҳҳои иртиҷоии террористӣ мепайванданд.
Дар ин набард моро зарур аст, ки дар раванди тарбияи шаҳрвандон бар он муваффақ гардем, то дараҷаи дониш, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва шуурнокии сиёсии ҳар як шаҳвандро баланд бардорем, чунки ҳама мардуми Тоҷикистон ба моҳият ва мазмуни истиқлолият, ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ сарфаҳм рафта тавонанд. Дар чунин ҳолат вазифаҳои ҷомеаи демократӣ, адолати иҷтимоӣ ва равандҳои асосии эҳёи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ то рафт мустаҳкам мегардад ва ҳеҷ як гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар мубориза бо мо муваффақ шуда наметавонанд.
Муҳаммадшариф Абдиев, донишҷӯи факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ