,
Сешанбе, 10-декабр
Ҳамасола дар сартосари кишвар 1 сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил мегардад. Таҷлили Дарси сулҳ ва оғоз гардидани соли нави таҳсил бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне, насли ояндасози миллат мебошад.
Таҷлили Рӯзи донишу баргузории Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар марҳилаи таърихӣ доир гардид. Зеро сокинони шарафманди Тоҷикистони азиз ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи 32-юмин солагарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷаҳду талоши қавӣ омодагӣ дида, дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаю маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас гузошта, дар фазои сулҳу субот ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ бо рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ ба таври шоиста кору зиндагӣ ва таҳсил доранд.
Барои аҳли зиё ва мардум шарафманди мо мо ин нукта равшан аст, ки дар сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои илму маориф нақши калидӣ ва афзалиятнок дошта, нақши он дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона, ҳамзамон рушду нумӯӣ кишвари биҳиштосоямон муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳамчунин унсури фарҳбахшу созанда- баргузории Дарси сулҳ дар Рӯзи дониш беҳтарин имкониятест, ки нақши сулҳу субот дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа муҳим таъкид мегардад. Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аҳамияти муҳимму ҳаётӣ доштани сулҳу субот барои ҷомеаи башарӣ зимни суханронии худ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таъкид доштанд, ки “Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу ҳассос таҳаммулгароӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва тарғибу ташвиқи андешаву афкори сулҳпарварона барои аҳли башар ниҳоят муҳим ва ҳатто ҳаётӣ мебошад.
Яъне сулҳу амният, оромиву осоиш ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар замони муосир барои тамоми кишварҳои сайёра бояд аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳои ҳаёти инсонӣ дониста шаванд”
Дар ҳошияи таъкидоти Пешвои миллат метавон гуфт, ки “Дарси сулҳ” чун “Дарси садоқату ватандорӣ” заминагузори худшиносиву худогоҳӣ, паёмрасони озодиву оромӣ ва амонии кишвар гардида, чун як армуғон ё туҳфаи арзишманди Пешво, мо ва наслҳои моро ба сӯи қуллаҳои баланд дар партави донишу хирад ва худшиносӣ роҳнамоӣ менамояд.
Воқеан ҳам баргузории Дарси сулҳ дар Рӯзи дониш аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасону ҷавонони мо таъсири мусбат расонида, онҳоро дар рӯҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву раҳнамоӣ менамояд. Маҳз ин омил ба ташаккули зеҳнияти насли наврасу ҷавон мусоидат менамояд.
Дарвоқеъ бе ташаккули зеҳнияти хонандагони соҳибистеъдод ва бе омӯзонидани донишҳои муосир ба ҳадафҳои неку ояндасоз ноил шудан мушкил гардида, таъмин рушди минбаъдаи сармояи инсонӣ низ мураккаб мегардад. Дар иртибот ба ин мавзуъ набояд фаромуш сохт, ки ояндаи ободи Ватан ба донишандӯзии имрӯзаи наврасону ҷавонон вобастагии амиқ дорад.
Бо дарки ин масъала, Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустин ба масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти зарурӣ зоҳир намуда, заминаҳои моддиро ҷиҳати рушди босуботи он дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мустаҳкам гардонид. Бадастории Истиқлолияти давлатӣ яке аз дастоварди беназири миллати куҳанбунёди тоҷик маҳсуб меёбад, ки дар роҳи давлатдориву давлатсолорӣ баъд аз ҳазор сол маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик муяссар гардид, ки волотарин арзиш - Истиқлолияти давлатии хешро ба даст овард, таҳким бахшад ва дар заминаи он ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардаду ба сӯи ояндаи дурахшон устуворона қадам гузорад.
Пешвои миллат дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки “Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст”.
Баёни ин нукта ба маврид аст, ки тамоми тадбирҳои амалигардонидаи ҳукумати мамлакат, аз қабили ташкилу ба роҳ мондани озмунҳову маҳфилҳо, ба монанди «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” ба хотири боз ҳам тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии ҷавонон дар назар дошта мешавад.
Дар иртибот ба ин мавзуъ Пешвои миллат зимни суханрониашон дар Дарси сулҳ таъкид доштанд, ки “Мо дар ин ҷода, ба хотири он, ки ҷавонону наврасон ва умуман, шаҳрвандони худро дар рӯҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву раҳнамоӣ кунем, озмуни «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат»-ро эълон намудем.
Ҳадафи мо аз иқдоми зикршуда «тагурӯ» кардани таърих нест, балки мо мехоҳем мардумамон бо суннату анъанаҳои деринаи аҷдодӣ, расму ойинҳои ғановатманди миллӣ ва гузаштаи пурифтихори худ бештар ва беҳтар шинос шаванд, решаҳои худро донанду шиносанд ва барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои таъриху фарҳанги бостонии хеш масъул ва саҳмгузор бошанд”.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши ҷавонон дар рушду шукуфоии мамлакат ва масъулиятшиносиву кордонии онҳо бо ҳисси саршор аз меҳру садоқат ба насли созандаву бунёдкор суҳбат намуда, ин қишри ҷомеаро ҳамчун неруи созанда, ояндаи давлату миллат ва қувваи пешбарандаи ҷомеа эътирф намуда, таъкид доштанд, ки “Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи худ наврасону ҷавонон ва хонандагону донишҷӯёнро созандагони фардои Ватан мешуморад ва ман ҳамчун Роҳбари давлат ба шумо – ҷавонони шарафманди кишвар эътимоди комил дорам”.
Дар ин баробар насли наврасу ҷавонро ба омӯзишу соҳибкасб гардидан роҳнамоӣ намуда, баён доштанд, ки “Шумо ҷавонону наврасон, дар навбати аввал, хонанда ва донишҷӯ, яъне ҷӯяндаи дониш ҳастед, ки вазифаи аввалиндараҷаатон хондан ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ, техникаву технологияҳо ва мутобиқ шудан ба талаботи замони муосир мебошад”.
Ҳамчунин ба насли наврасу ҷавони кишвар “Дарси садоқату ватандорӣ омӯзонда, дӯстдории ватани аҷдодиро талқин намуда, аз онҳо ҳушёрии сиёсиро талаб намуд. Дар ин робита таъкид намуданд, ки “Кӯшишу талош намоед, ки дар баробари мутахассиси ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеаи имрӯзу фардои кишвар будан, Ватани азизи худро дӯст доред ва барои хизмат ба он ҳамеша омода бошед.
Борҳо гуфтаам ва боз мегӯям, ки дар чунин вазъи хатарзои ҷаҳони муосир ҳушёрии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳед, нагузоред, ки қувваҳои бадхоҳ ба зеҳну андешаи шумо ва ҳамсолони шумо таъсири номатлуб расонанд.
Дар баробари ин, ҳатто як лаҳза фаромӯш накунед, ки ояндаи миллат, давлат ва Ватан дар дасти шумост”.
Бовариву эътимод ва суханони падаронаву ҳакимонаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мо насли ҷавон чун “Дарси садоқату ватандорӣ” боиси ифтихору сарфарозӣ медонем ва гузашта аз ин барои худ масъулияти бузург дониста, сидқану самимона кӯшиш менамоем, ки нисбат ба ояндаи давлат ва миллати худ бетарафӣ зоҳир накарда, ҳамқадам бо қувваҳои солим ва созандаи ҷомеа дар ободӣ ва рушди меҳан саҳмгузор бошем, ҳамсолон ва ҳамсафони худамонро аз гароиш ба гурӯҳҳои ифротӣ боз дошта, нерӯи онҳоро ба анҷоми корҳои судман, ба нафъи халқу Ватан равона созем.
Бо ифтихор ва шарафмандӣ дар атрофи сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти соф ва садоқат ба халқу ватан муттаҳид гардида, сараввал таърихи гузаштаи миллат, осори адабии гаронбаҳову оламшумули ниёгонамонро чун ганҷинаи пурарзиш ва манбаи тарбияву ташаккули инсони комил, сарчашмаи пурғановат, ки дар масири садсолаҳо дар тарбияи маънавии миллати тоҷик ва мардумони дигар нақши пурарзиш бозидааст, омӯхта, дастуру раҳнамоиҳои Сарвари далатро сармашқи кори худ қарор дода, бо аз худ кардани илмҳои замонавӣ ва бо роҳи дар амал тадбиқ намудани донишҳои омӯхтаамон дар пешбурди ҷомеа саҳмгузор бошем.
Муҳаммадҷони Абдувоҳид- сардори маркази рушди касбият ва инноватсияи ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ