, Якшанбе, 22-декабр

СУЛҲ – НЕЪМАТИ БЕБАҲО

 31.08.2023 2052

СУЛҲ – НЕЪМАТИ БЕБАҲО

Сулҳ ин оромиву осудагӣ, хандаи тифлон, хушбахтии хонадон ва ободии Ватанамон мебошад. Хушбахтона ин неъмати бебаҳо насиби миллати сарбаланди тоҷик гардидааст.  Дар баробари истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва ваҳдат сулҳ ҷузъи ҷудонашавандаи пойдевори ҳастии давлату миллати мо мебошад. Сулҳу осоиштагӣ, ҳамгироӣ, оштипазирӣ ва ваҳдату ҳамфикрии моро шоир чунин тасвир намудааст.

Сулҳ ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Дарк бинмояд ситоиш, мардуми барнодилам.

Сулҳу амонӣ кафили зиндагии шоиста, хандаи беғаши кӯдакон, хотирҷамъиии падарону модарон ва шукуфоиву ояндаи дурахшони мамлакат мебошад.

Вассофи сулҳу дӯстӣ – шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро тамоми дунё дӯст медорад. Устод Турсунзода дар сафарҳояш ба мамолики Осиёву Аврупо ва Африқо дӯстиву ҳамоҳангии халқҳо ва сулҳу осоиштагиро тараннум ва халқҳои ҷаҳонро ба ҳамгироӣ даъват менамуд:

Мо сафар дорем бо амри Ватан,
Бо супоришҳои халқи хештан.
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

Сулҳ аст, ки Ватани азизу маҳбуби мо ободу зебо, сарсабзу хуррам вапойдору беҳамтост. Ҳамаи ин аз шарофату баракати сулҳу оромӣ сарчашма мегирад. Тавре ки шоир мефармояд:

Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,
Равнақу шодиву барор оварад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд, ки «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».

Аз ин рӯ, мо ҷавонон бояд имрӯз ба қадри сулҳу ваҳдат ва оромиву осудагии кишвари азизамон бирасем, ҳамдигарфаҳмӣ ва ватандӯстиро пешаи худ намоем ва тамоми кӯшишу талошҳои худро барои рушди мамлакати биҳиштосоямон равона намоем.

Ҳамасола дар кишвари маҳбубамон рӯзи 1 сентябр ҳамчун рӯзи дониш ва сулҳ таҷлил карда мешавад. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, ибтидоӣ ва олии касбӣ таҳсил бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Дар дарси сулҳ дар баъзе муассисаҳои таълимӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан иштирок менамоянд, ки ин ҳисси ватандӯстиву сулҳдӯстии таҳсилкунандагонро меафзояд. Зеро Пешвои муаззами миллат худ рамзи сулҳу дустии тоҷикон мебошанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи омӯзгорон ва таҳсилкунандагони кишвар ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо рӯзи дониш ва сулҳ самимона муборакбод менамоям. Бигзор сулҳи тоҷикон абадӣ бошад!

Мазарифов Манучеҳр, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ




Ба рӯйхат