, Душанбе, 09-декабр

ИФРОТГАРОӢ ВА ХАТАРҲОИ ОН

 17.08.2023 233

ИФРОТГАРОӢ ВА ХАТАРҲОИ ОН

«Мо халқи Тоҷик террорро маҳкум мекунем».

Ифротгароӣ падидаи нав нест. Ҳанӯз дар давраҳои қадим зуҳур карда буду, гоҳ – гоҳе аз худ дарак медод. Он на фақат дар доираи дин аст, балки дар дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ дида мешавад. «Ифротгаро» аз ду реша иборат буда, якумӣ аз забони арабӣ «Ифрот», яъне «Фатарот», «бесарусомонӣ», «хараҷу мараҷ» ба миён овардан, дигаре аз вожаи форсӣ «гаро» иборат аст, ки «гаравидан», «шомил гаштан» ва «майл кардан» аст.

Пас ин калима ва гурӯҳро чунин шарҳ додан мумкин аст: «Дар ҷомеа ва шуури ӯ як фатароте, як бесарусомоние ба вуҷуд овардану ба мақсади нопоки хеш ноил гаштан аст».

Ифротгароён дар ҳама мазҳабу динҳои олам зуҳур дорад. Онҳо имконият ҷуста, фурсат ёфта, худро зоҳир менамоянд. Ифротгароёни дини яҳудӣ иброз медоштанд, ки «ғайри яҳудӣ дигар касе вориди биҳишт шудан натавонад», ки ин бологузории як миллат аз болои дигаре аст. Пайравони дини яҳудиён сар бардошта, аз пайғамбари худ дархост кардаанд: «Мо мехоҳем бо Худо рӯирост сӯҳбат дошта бошем, на ба воситаи ту». Дар дини масеҳият пас аз пайғамбар Исо андешаҳои ифротгароёна бараъло зуҳур карданду масъалаи «Сегонапарастӣ» (таслис)-ро ба дини масеҳиён зуран ҳамроҳ карданд.

Дар дини мубини ислом, ҳанӯз дар даврони пайғамбар Муҳаммад (с) аз таъсироти сухани он ба ваҷд омада, яке иброз доштааст, ки «Ман дигар нахӯрам ва наошомам, фақат зикри Худо намоям», дигаре гуфтааст, ки «Ман ҳеҷ гоҳ хоб наравам ва доим дар зикри Оллоҳ бошам», сеюмӣ андеша иброз намудааст, ки «Ман дигар бо занам наздикӣ нанамоям». Ин гуфтаҳо ба гӯши пайғамбар Муҳаммад (с) мерасанд ва ӯ масҷид омада, мегӯяд: - Ман пайғамбари шумоёнам, мехӯрам, меошомам, хоб меравам ва бо занам наздикӣ менамоям, ки зикри Худо низ мекунам. Бо ин суханони хеш онҳоро аз андешаҳои ношуниданӣ ва зидди ҷамъиятӣ нигоҳ дошт.

Ҳар се дин – яҳудӣ, масеҳӣ ва ислом басо кӯшидаанд, ки бо насиҳатҳо, панду андарзҳо, роҳу равиши пешгирифтаи ифротгароёнро бигиранд, вале онҳо хуруҷ мекарданд. Маҷбур ба онҳо муборизаи шадид бурда, то андозае равиши онҳоро паст намуданд.

Ифротгароӣ ғайр аз дин дар масъалаҳои иҷтимоӣ низ худро ошкор месозанд. Ин гуна ифротгароён аз норасогиҳои Ҷамъият, шароити номусоиди мардум истифода бурда, бо роҳи таҳдиду куштор андешаҳои нопоки хешро ирсол медоранд.

Гурӯҳи ифротгароён, ки дар Ироқу Сурия сар бардоштаанд, ягона мақсади нопоке доранд. Парчамашон ранги сиёҳ аст, яъне зулмоту торикист. Бо ин парчами зишти худ мехоҳанд, ки давлат ташкил намоянду ҳудудҳои онро васеъ намуда, хилофати исломиро барпо намоянд ва гӯё «Ҳамаро мусулмони комил» гардонанд. Барои ба мақсади нопоки хеш расидан ба андешаҳои ифротгароӣ номи дини мубини исломро доғ оварда, мехоҳанд сафи «муборизон» - и худро изофа гардонанд.

Дини мубини ислом ягон айбе надорад, ҳама айбҳо дар мусулмонии мост. Ин аст, ки намояндагони ифротиён ба ҷаҳон паҳн гашта, бо роҳи тарғибот ва маблағҳои калон гурӯҳи ҷавононро ба тарафдории хеш ҷалб намуда истодаанд.

Маҳсудинов Рамазон, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат