, Якшанбе, 22-декабр

ТЕРРОРИСТОН ЧАРО МАҲЗ ҶАВОНОНРО МАҒЗШӮИ МЕКУНАНД?

 17.08.2023 337

ТЕРРОРИСТОН ЧАРО МАҲЗ ҶАВОНОНРО МАҒЗШӮИ МЕКУНАНД?

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеанд, ки дар замони муосир вирди забони ҳама шудаанд ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошанд. “Экстремизм” ин тундравӣ ва ё аз андоза гузаштан буда, оқибат ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» ин тарсу ваҳм аст. Агар экстремизм ақида бошад, пас терроризм рафтор аст, ки онҳо якдигарро пурра менамоянд.

Экстремизм (ифротгароӣ) ҷинояти махсусан вазнин буда, ба ҷамъият хавфнокии он зоҳир мегардад, ба оромии кишвар, сулҳу субот, ҳаёт ва саломатии инсоният, амнияту сохти конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳокимияти давлатӣ ва пеш аз ҳама ба системаи сиёсии давлат, ягонагӣ ва бехатарии мамлакат зарар мерасонад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҷараёнҳои иртиҷоии ба монанди терроризм, экстремизм, ифротгароӣ ва ғайра дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон батадриҷ доман паҳн намуда, ба омили асосии мураккабшавии муносибатҳои байналхалқӣ табдил ёфтаанд. Тамоми ҷараёнҳои номбурда дар фаъолияти худ аз чорабиниҳои радикалӣ истифода мекунанд. Аз ин лиҳоз онҳоро ҷараёнҳои террористӣ, радикалӣ ё экстремистӣ – радикалӣ ё ифротгароӣ-радикалӣ меноманд.

Созмону ҳаракатҳои радикалии террористӣ - экстремистӣ ба монанди “Ҷабҳат-ун-нусра”, «Давлати Исломӣ», «Ваҳҳобия», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Гурӯҳи исломии Туркистони Шарқӣ», «Ал-қоида», «Конгреси халқии Курд», «Асбат-ал-Ансар», «Бародарони мусалмон», ҳаракати «Толибон» ва ғайра имрӯз ба пиёдакунандаи манфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Миёна, табдил ёфтаанд.

Аз воқеаҳое, ки вақтҳои охир дар хоки давлатҳои Сурия, Лубнон, Ироқу Афғонистон, Туркия, Сомалӣ, Нигерия, Яман, Миср ва ғайра сар зада истодаанд, маълум мегардад, ки барои афроди террористу ифротгаро ягон муқаддасот - ватан, миллат, дин, мазҳаб арзише надоранд. Барои расидан ба ҳадафҳояшон онҳо аз зӯроварию ваҳшоният даст намекашанд. Нерӯи асосии ҷангандаи онҳоро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон ба сабаби як силсила омилҳо чунин гурӯҳи иҷтимоие мебошанд, ки дар баробари ғояҳо ва рӯҳияи ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ таъсирпазир ва ҳассос ҳастанд. Таҳти таъсири ақидаҳои тундгаро ҷавонҳо ба гурӯҳҳои мазкур шомил гардида, ба иҷрои ҳама гуна амалҳои ғайриинсонӣ, монанди қатлу ғорат кардани инсонҳо тайёранд.

Вижагии радикализми ҷавонон дар нобоварӣ ё кинаю ғазаб нисбат ба давлат ва муносибати беихтиёрона ё ихтилофнок дар сатҳи алоқамандии байнишахсӣ мебошад. Ғояҳои радикализм як навъ шакли ҷойивазкунандаи ҳамгироӣ мебошанд, чунки механизмҳо ва шартҳои ҳамгироии иҷтимоӣ– касбӣ, ҷалби иҷтимоии ҷавонон (маълумот, касб, таҳарруки ҳудудӣ) дар ҷомеа коҳиш ёфтааст.

Ба радикализм на танҳо ҷавонони камбизоат, балки ҷавонони соҳиби сатҳи миёнаи таъминот низ даст мезананд, ки имкониятҳои ниҳодӣ ва сохторӣ барояшон мутобиқат намекунанд. Радикалзми ақидаи насли ҷавон дар арзёбии манфии падидаҳои ҷомеа ба монанди ноадолатии иҷтимоӣ, ихтилофоти байналмилалӣ, бюрократия, коррупсия зоҳир мешавад.

Сабаби асосии густариши радикализм мавҷудияти ҷавонони боқувват ва серҳаракат, аммо бе ҷойгоҳ дар ҷомеа, бе оянда, бе илоҷ мебошад. Чунин вазъ дар ҷавонон бадбинии оштинопазиронаро нисбат ба ҷомеа ба вуҷуд меоварад. Дар зиндагии ҳаррӯза бунёдгароии ҷавонон бештар дар шакли рӯҳия зоҳир шуда, низоми ақидаҳо ва эҳсосоти ифротиро ифода менамояд. Ноқаноатмандии як идда ҷавонон аз зиндагӣ дар шакли бадбинӣ нисбат ба муҳоҷирон, хусумати қавмию миллӣ ва бунёдгароии ростгаро рӯнамо мегардад. Ҳадафи асосии ин гурӯҳҳо ҷалби ҷавонони синни 20 то 35-сола мебошад. Суоле матраҳ аст, ки «чаро маҳз ҷавонон?!». Кӯшиш мекунем сабабҳоро ошкор намуда, ба ин суол ҷавоб диҳем.

  1. Ҷавонон аз нигоҳи сиёсӣ ва идеологӣ як бахши серҳаракат ва қобили меҳнати ҷомеа мебошанд, ки нақши мусбати онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ–иқтисодӣ ва маънавӣ яке аз омилҳои муҳими рушди ҷомеа мебошад. Сарфи назар аз гуногуннавъии ғанои зеҳнӣ ва фарҳангӣ бисёр ҷавонон ба таври яксон дар баробари бунёдгароӣ осебпазир мебошанд.
  2. Теъдоди бисёри ҷавонон ҳастанд, ки худро дар ҷомеа рӯҳафтода эҳсос мекунанд - махсусан, фарзандон аз хонаводаҳои камбизоат.
  3. Идеологҳои радикалии ифротгаро маъмулан мусулмононро бо ғайримусулмонон муқобил гузошта, фишори эҳтимолӣ ба ҷомеаи мусулмонии ҷаҳониро махсус таъкид мекунанд ва барои ҳифзи онҳо зӯрию хушунатро таҳрик карда, раво мебинанд. Бо назардошти ин, онҳо худро муҳофизони дин, суннатҳо ва асолати мазҳабӣ мешуморанд.
  4. Омили маҳдуд ва вазъи номусоиди иҷтимоию иқтисодии ҷавонон метавонад дар ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои радикалии террористиву ифротгаро нақши ҳалкунандаро бозӣ намояд. Барои кишварҳои пасошӯравӣ, ки ифротгароӣ дар онҳо васеъ густариш ёфтааст, чунин вазъи иқтисодӣ хос аст ва ин ҳолат аксар вақт ҷанбаи доимӣ ва системиро дорад.
  5. Дар ҷаҳони ислом эҳсоси решадавондаи беадолатӣ ва залилӣ (хорӣ ё зорӣ) ҷой дорад. Беадолатӣ дар ислом аҳамияти махсуси диниро дорад ва дар далеловарии ифротгароён нақши пешбарро доро аст.

Ба хулосае омадан зарур аст, ки масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз авзои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ҷомеаи мо - Тоҷикистонро зарур аст, ки аз ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ифротӣ ҳазар намуда, таъмини якпорчагии давлату миллат ва сулҳу ваҳдати худро пос дошта, кишвари азизаморо барои имрӯзу фардои насли оянда ободу зебо гардонем.

Насриддин Маҳмадалиев, омӯзгор




Ба рӯйхат