,
Сешанбе, 15-октябр
Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаҳои асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ онҳоро ба ҷараёнҳои террорестӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳое, ҳастанд, ки хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар роҳ зиён мерасонанд. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ дарак медиҳад ва таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан, ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгароӣ мегардад.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 декабри соли 2022) таъкид карданд: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар яке аз суханрониҳояшон таъкид карданд, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.
Яке аз самтҳои асосии мубориза бо зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ дар муҳити ҷамъиятӣ анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалҳои пешгирикунанда маҳсуб мешавад. Махсусан, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон хеле муҳим аст, чунки маҳз муҳити ҷавонон вобаста ба як қатор омилҳои объективӣ ва субъективӣ аз нигоҳи гаравидан ба гурӯҳҳои гуногуни ҷиноятӣ ва зиддииҷтимоӣ хеле заиф мебошад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чуноне таъкид карданд: “ Мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.”.
Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад гузашт.
Муқаддаси Маъруф, узви Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо ВАО-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияим Фирдавсӣ