, Якшанбе, 22-декабр

БА ГИРДОБИ БАЛО НААФТЕМ!

 05.07.2023 216

БА ГИРДОБИ БАЛО НААФТЕМ!

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгаро яке аз масъалаҳои мубрами сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо ва ҳадафи хатарбори он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии он тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши муборизаро ҷустуҷӯ мекунанд. Ба ин маънӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон аст.

Аз ҳодисаву рӯйдодҳои чанд соли ахир маълум мегардад, ки бар асари буҳронҳои сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо, инчунин, шиддат гирифтани низоъҳои динию мазҳабӣ дар як қатор мамлакатҳои исломӣ ва минтақаву кишварҳои сайёра вазъи ҷаҳони муосир боз ҳам мураккабу ҳассос гардидааст.

Дар натиҷаи вусъат пайдо кардани экстремизм, терроризм ва ифротгароии динӣ даҳҳо ҳазор одам ба ҳалокат расида, оромию осудагӣ дар аксари кишварҳо халал ёфтааст. Аз ин рӯ, дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва пажуҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин зуҳуроти манфии ҷомеа машғуланд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ ҷараёнҳои хатарбору фоҷиазо мебошанд.

Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти гурӯҳҳои алоҳидаи иртиҷоӣ таркиб ёфтааст, ки тавассути зӯроварӣ барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешаванд. Илова бар ин, экстремизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир, зарурати дарки амиқ ва фаҳми васеву ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Аз ин ҷост, ки таҳқиқ ва баррасии экстремизм зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои иртиҷоиро ташкил менамояд.

Бояд иқрор кард, ки экстремизм дар навъҳо ва шаклҳои гуногун - аз рӯйи мазмуни динӣ ва дунявӣ, аз рӯйи зуҳуроти ҳудудӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ зоҳир мегардад. Зуҳуроти ифротгароӣ хеле решаи амиқ дошта, ҳудуд ва дину миллат надорад ва ҳудуди ҳеч мамлакатеро эътироф намекунад. Терроризм низ яке аз шаклҳои мураккабтарини он ба ҳисоб меравад. Дар ин замон муҳим нест, ки аввалин шуда кадом ҷониб ва ё кӣ даст ба истифодаи қувваи гурӯҳҳои ғайриқонунӣ мезанад. Аҳаммияти асосиро сатҳи муқовимати қувваҳои сиёсӣ ва фарҳангии сиёсии онҳо ташкил медиҳад. Чунонки таҷрибаи мамолики гуногуни олам нишон медиҳад, дар ҳолати мазкур неруҳои террористӣ фақат кӯшиши нобуд кардани рақиби худро дар сар мепарваранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳое таҳияву қабул шудаанд, ки экстремизму терроризм ва ҷонибдорони ин созмонҳои бадхоҳу душманони башариятро маҳкум мекунанд ва ҳама гуна тахрибкориро манъ месозанд. Соли 2016 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм» тасдиқ шудааст. Имрӯз дар саросари ҷаҳони мутамаддин мубориза бо гурӯҳу ташкилоту созмонҳои террористию экстремистӣ дар меҳвари сиёсати давлатҳо, аз ҷумла, Тоҷикистон низ қарор дорад, тамоми неруҳои солиму башардӯст тахрибкоронро пайваста маҳкум мекунанд ва бар зидди онҳо мубориза мебаранд. Сулҳу субот, осоишу дӯстӣ, ободию шукуфоӣ дар тамоми кишварҳои сайёра бояд абадан ҳукмрон бошанд.

Мо оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиеро, ки дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ рух дода, сабаби талафоти даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ гардида, таъсираш то ҳол аз хонаводаҳои мардуми тоҷик аз байн нарафтааст, фаромӯш накардаем. Танҳо сулҳ ба ҳайси бузургтарин сармояи маънавии инсоният шароит ва имкон фароҳам меорад, ки аҳли башар бо ҳам дӯстона зиндагӣ кунанд ва барои худ муҳити орому осуда бунёд намоянд. Маҳз ба шарофати сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати комил мо тавонистем дар як муддати кӯтоҳ қариб як миллион нафар гуреза ва муҳоҷири иҷбориро ба Ватан баргардонем, барои мардум шароити кору зиндагиро муҳайё созем ва раванди созандагиро идома бахшем.

Бояд вазъи имрӯза ва хатарҳои афзоянда шаҳрвандон, аз ҷумла, ҷавонони моро ҳушёр созанд, ки ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои тундрав ворид нагарданд ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзу амнияти давлатдории миллиямон кӯшиш намоянд ва Ватани азизамон – Тоҷикистонро чун модар муқаддасу гиромӣ доранд. Боиси таассуф аст, ки ба гурӯҳҳои ҷангҷӯи террористию экстремистӣ ҳамроҳ шудани иддае аз ҷавонон ва фирефтаи таъсири исломи радикалӣ ва тундрав гардидани қисми дигари онҳо ҳар шахси солимро ба ташвиш меорад. Бино ба маълумоти оморӣ, садҳо нафар ҷавони гумроҳу сустирода ва аз донишҳои муосир ноогоҳ ба сафи ин ҷангҷӯён ҳамроҳ гардида, як қисми онҳо дар ҷангҳо кушта ва асир гирифта шуда, қурбони сиёсати гурӯҳҳои тундрав шуданд. Албатта, чунин тоифа одамон бо кирдорҳои нангини худ ба шаъну шарафи миллати куҳанбунёди тоҷик ва давлати тоҷикон иснод меоранд.

Замони мо замони мураккабу печида ва саршор аз ҳодисаҳои мухталиф аст. Ин ҳолат аз кулли сокинони сайёра ҳушёрию бедориро тақозо дорад. Махсусан, насли наврасро аз таъсири манфии ҳама гуна ангезаҳои ношоиставу зиёновар бояд эмин нигоҳ дошт, зеро навраҳони ҷодаҳои пурпечи зиндагӣ ҳанӯз хеле камтаҷрибаву зудбовар ва калавандаанду на ҳамеша ба таъсироти номатлуби берунӣ истодагарӣ кардан метавонанд. Аз ин рӯ, таълимгоҳҳоро зарур аст, ки ба тарбияи маънавии шогирдон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта бошанд ва ба онҳо, аз ҷумла, ҳадафу кирдорҳои нопоку пурзиёни террористону экстремистон ва дигар гурӯҳҳои харобкору манфиатҷӯйро тавзеҳ намоянд, дар дили шогирдон нисбат ба ин неруҳои зиштамал ҳисси нафрат бипарваранд, таъкид намоянд, ки дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм ба амнияти аҳли башар таҳдид карда, сабаби зуҳури падидаҳои номатлуб дар ҷомеа ва таҳдид ба ҳаёти шаҳрвандон гардидааст.

Ҳама огаҳанд, ки дар заминаи ихтилофоти динию мазҳабӣ дар Сурияву Ироқу Яман садҳо нафар мардуми бегуноҳ ҳалок шуда, амалҳои террористӣ дар Афғонистон ва як қатор давлатҳои Аврупо пайваста идома меёбанд. Террористон худро мусулмон шумурда, ба қалби мардуми бегуноҳ тир кушоданд.

Аз ин рӯ, имрӯз бояд ҷавонони даврони истиқлол ба қадри сулҳу суботи пойдор бирасанд, зиёдаравӣ накарда, шукри Ватанро ба ҷо оранд, ба қадри ҳар ваҷаб хоки муқаддаси сарзамин расида, танҳо дар доираи қонун зиндагиву фаъолият намуда, сатҳи саводу дониш ва ҷаҳонбинии хешро баланд бардошта, Тоҷикистони маҳбубро бо тамоми муқаддасоташ ҳифзу нигаҳдорӣ намоянд. Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣбузургтарин дастоварди мардуми шарафманди мо маҳсуб шуда, ҳифзу ҳимояи он вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини бонангу номуси Тоҷикистони  соҳибистиқлол мебошад.

Тоҷикистон яке аз муборизони фаъоли зидди тамоми қувваҳои зиёновари ҷомеа дар арсаи ҷаҳон мебошад. Соли 2005 дар яке аз ҳамоишҳои бонуфузи байналмилалӣ дар шаҳри Макка Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ин гуна неруҳо, аз ҷумла, аз номи дини мубини ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломиро пиёда месозанд».

Терроризм дар асл як навъи идеология ва амалест, ки бо таҳдиду зӯроварӣ, фишороварӣ ба шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, давлат ва низоми идоракунии расидан ба манфиатҳои нопоки худ асос ёфтааст. Ин ҳадафҳо сиёсию иқтисодӣ, идеологӣ ва геополитикӣ буда, ба ҳаёти инсонҳо, амалиёти аҳли башар ва бехатарии ҷомеа таҳдид мекунанд. Барои расидан ба ҳадафҳои кинаваронаву худкомонаашон террористон ба ҳама гуна кирдори зишт қодиранд, ба ҳар амали нопок даст мезананд ва ҳатто динҳои оламро ба манфиати худ сипар месозанд. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли давлатӣ бо ин гуна зуҳуроти номатлуб – терроризм ва экстремизм муборизаи қатъӣ бурда, дар роҳи аз байн бурдани он ҳамеша сар боло менамояд. Биноан, аҳли ҷомеаи моро зарур аст, ки дар дастгирии ин иқдоми шоистаи Ҳукумати Тоҷикистон фаъол бошанд. Бахусус, падару модарон, устодони ҳамаи зинаҳои таҳсилоти Тоҷикистон низ муваззафанд, ки ба ҳаёти ҳамарӯзаи фарзандону шогирдон бепарво ва бетафовут набуда, ҳар амалу фаъолияти онҳоро зери назар дошта бошанд, то ки ба гирдоби чунин душманон ва хоинони миллат ғарқнагарданд.

Ҳотами ҲОМИД

Бознашр аз саҳифаи "ОМӮЗГОР"-и ман




Ба рӯйхат