, Якшанбе, 22-декабр

ЧАНД СУХАН ДАР БОРАИ ТИРГОН

 03.07.2023 313

ЧАНД СУХАН ДАР БОРАИ ТИРГОН

(Ба ифтихори ҷашнҳои қадимаи  мардуми форсу тоҷик)

Ҷашнҳои миллии таърихи куҳандошта  ифтихори мардуми ориёитабор буда, аз фарҳанги бой ва гузаштаи  пурғановати маънавии мо шаҳодат медиҳанд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлоли  Тоҷикистони навин бо кӯшишу талошҳои бевоситаи  фарзанди баруманди миллати тоҷик Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ ва суннатии гузаштагони мо аз нав эҳё гардида, бо шукуҳу ҳашамати хоса таҷлил карда мешаванд.

Дар баробари Сада, Наврӯз, Меҳргон Тиргон низ яке аз ҷашнҳои каддимаи мардуми Аҷам  башумор меравад.

Дар хусуси ин ҷашн нисбат ба сарчашмаҳои таърихӣ дар фарҳангномаҳо маълумоти бештар вуҷуд дорад, ки мо чанд андешаи худро нисбат ба ин ҷашн дар такия ба сарчашмаҳои мазкур иброз доштан мехостем.

Аз ҳама сарчашмаи боэътимоде, ки дар хусуси Тиргон маълумоти муфассал дида мешавад, фарҳанги “Бурҳони қотеъ”-и  Муҳаммад Ҳусейн ибни Халафи Табрезӣ мебошад.

Тиргон чуноне, ки мо қайд намудем яке аз ҷашнҳои қадимаи  мардуми ориёитабор башумор меравад. Шарҳи калимаи мазкур чуноне, ки мо медонем мисли дигар ҷашнҳои эрониёни қадим ба қиссаҳои асостирии ин мардум  хеле  алоқаманд мебошад. Махсусан, достонҳои марғуби “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ  ва қаҳрамонони он дар поягузории ҷашнҳои миллӣ  аҳамияти калон дошта, дар бораи пайдоиши онҳо  маълумоти муфасал медиҳад. Ба андешаи банда низ дар бештари сарчашмаҳои илмӣ ва фарҳангӣ ҳам дар мавриди солшуморӣ  ва иду маросимҳо аксари муҳақиқон  ба ин асари безавол такия намудаанд. Бо вуҷуди он ки дар хусуси ҳодисаҳои вобаста ба ҷашни Тиргон  маълумотҳо доир ба шартномаи Манучеҳру Афросиёб оид ба тақсими марзҳо  маълумот мушоҳида нашуд, лекин бевосита қаҳрамонон аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мебошанд. “Шоҳнома”-и  Душанбе: нашриёти Адиб, 1990, ҷилди 1 дар ин хусус чизе мушоҳида карда нашудааст.

Ва шояд дар дигар сарчашмаҳо, нашрияҳо ё нусхаи аслии “Шоҳнома”-и  Фирдавсӣ дар хусуси муоҳада ва шартномаи байни Эрону Турон  ва ҷашни Тиргону тирандозии Ораш маълумоте вуҷуд дошта бошад, аммо дар нашри Шоҳнома.-Душанбе: нашриёти Адиб, 1990, ҷилди 1, аз саҳ. 173 то саҳ. 392, ки ба давраи  зиндагӣ ва подшоҳии Манучеҳр рост меояд, дар ин маврид чизе гуфта нашудааст. Гузашта аз ин, давраи подшоҳии Манучеҳр на ба давраи подшоҳии Афросиёб, балки ба давраи ҳукумронии  Пашанд падари Афросиёб рост меояд. Умуман, аз ҷилди 1, саҳ. 404 то ҷилди 5, саҳ. 411,ки давраи подшоҳии Афросиёб аст, дар ин хусус чизе гуфта нашудааст.

Дар “Бурҳони қотеъ” низ ҳангоми шарҳи вожаи номбурда  номи қаҳрамонони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ оварда шудааст. Чунончи ҳангоми шарҳи калимаи тир, ки ба 26 маъно омадааст, дар маънои чоруми вожаи мазкур ҳам дар хусуси номи рӯз ва ҳам моҳ ва ҳам ҷашн сухан рафта, чунин омадааст:  “номи рӯзи сенздаҳум  аст аз ҳар моҳи шамсӣ. Нек аст дар ин рӯз дуо кардан ва ҳоҷат хостан ва ин рӯз рӯзи иди форсиён ҳам ҳаст, бино бар қоидаи куллияи эшон, ки чун номи моҳ, ки бо номи рӯз мувофиқ ояд, он рӯзро ид кунанд ва ҷашн созанд ва баъзе гӯянд, ки дар ин рӯз миёни Афросиёб, ки бар билоди Эрон  муставрӣ шуда буд ва Манучеҳр, ки дар қалъаи Туркистон муҳтаасин гардида буд, ба ин шарт сулҳ шуд, ки як кас аз лашкари Манучеҳр ба ҳамаи нерӯи хеш тир биандозад, ҳар ҷо ки тир афтод, онҷо сарҳад бошад. Гӯянд, ки Ораш тире андохт, ки он тир ба канори оби Омун уфтод ва он сарҳад шуд ва форсиён аз накбат ва фалокат наҷот ёфтанд. бино барин дар ин рӯз аз ин моҳ ҷашн созанд ва ид кунанд.Ва ин рӯзро монанди Меҳргон ва Наврӯз муборак донанд. Ва ин рӯзро Тиргон ва ҷашни ин рӯзро Тиргон хонанд.”(Бурҳони қотеъ, Душанбе: Адиб, 1990.-Саҳ. 303).

Шарҳи боз ҳам аниқу муфасал оид ба Тиргон дар “Бурҳони қотеъ” мушоҳида карда мешавад: “Тиргон  бар вазни меҳмон номи рӯзи сенздаҳум аст аз тирмоҳ. Гуянд дар ин рӯз Манучеҳр бо Афросиёб сулҳ кард ба шарте, ки Афросиёб як партоби роҳ аз мулки худ ба Манучеҳр бидиҳад. Пас ҳукамо тире сохтанд аз рӯи ҳикмат  ва дар вақти тулуи офтоб Ораш он тирро ба камон ниҳода  аз ҷониби Табаристон ба тарафи машриқ андохт, баъд аз тафоҳҳуси бисёр дар канори оби  Омун ёфтанд”.(Бурҳони қотеъ, Душанбе: Адиб, 1990.-Саҳ. 304).

Чуноне, ки маълум гашт,  мафҳуми тиргон  ва ҷашни он ба масъалаи шартномаи сулҳи Эрону Турон ба манфиати  тақсимоти марзи Эрон марбут аст.

Дар “Туҳфат-ул- Аҳбоб”-и  Ҳофизи Убаҳӣ (Душанбе: Ирфон, 1992.-Саҳ.177) ба маънии номи яке аз номҳои форсиён омадани вожаи тир ишора рафтааст, вале ба мисол ё шеъре он мушахас карда нашудааст.

Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” нашриёти “Соватскоя энсиклопедия”, М. ҷ.2, саҳ. 364 ба маънии яке аз моҳҳои чоруми солшумории шамсӣ, ки ба 22-юми июн- 22 -юми июли  солшумории мелод  рост меояд, дар мавриди   ба маънои моҳ омадани калимаи тир ишора меравад:

Зи фарвардин чу бигзаштӣ, маҳи урди биҳишт ояд,
Бимон хурдоду тир он гаҳ ба мурдодат  ҳамеояд.
Пас за шаҳривару  меҳру обану озару дай дон,
Ки бар баҳман ҷуз аз исфандармуз моҳе нафзояд.

Ногуфта намонад, ки мувофиқи солшумории шамсӣ Тирмаҳ Тирмоҳ нимаи охири моҳи якуми тобистон ва нимаи охири моҳи  дуюми тобистон аст ва чунон, ки аз сарчашмаҳо маълум гашт  ба 22-юми июн ва 22-юми июл рост меояд.

Шоир Исмати Бухороӣ дар мавриди ҳамчун фасли баҳор муфид будани   Тирмаҳ чунин гуфтааст:

Биҳиштвор машоми ҳаёт тоза кунад,
Баҳору Тирмаҳ обу ҳавои ин манзил.

(“Фарҳанги забони тоҷикӣ” нашриёти “Соватскоя энсиклопедия”, М. ҷ.2, саҳ. 365)

Ҳамин тавр метавон ҳадс зад ки се вожаи ба ҳамдигар тавъам Тир, Тиргон, Тирмаҳ Тирмоҳ ба ҳамдигар таносуби  маъноӣ дошта, ифодагари моҳ, рӯз,  ва ҷашн мебошанд, ки бештар дар шакли Тиргон ё ҷшни Тиргон маъмул аст.

Агар  мо рӯзи аниқи ин ҷашнро муайян карданӣ шавем, пас аз рӯи солшумории шамсӣ  ба 13-уми Тирмоҳ  ва солшумории мелодӣ  ба 3-4 уми июл рост меояд. Пас мо метавонем ин ҷашнро дар рӯзҳои номбурда ё ҳафтаи аввали моҳи июл қайд намоем.

Иди ТИРГОН ба ҳамаи мардумони ориёитабор  муборак бошад!

Шермуҳаммад Тоиров, устоди Донишгоҳи далатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат