, Панҷшанбе, 21-ноябр

ИФРОТГАРОӢ ВА ХАТАРИ ОН ДАР ҶОМЕА

 29.06.2023 430

ИФРОТГАРОӢ ВА ХАТАРИ ОН ДАР ҶОМЕА

Яке аз падидаҳои даҳшатбор ва ҷаҳонсӯз, ки имрӯз башариятро нигарон кардааст, терроризм ва экстремизм мебошад. Имрӯз бани башар зери ин мафҳумҳои даҳшат, куштор, вайронӣ, нодорӣ ва маҳрумиятро мефаҳманд. Зеро он муқобили инсоният равона шудааст.

Бо ифодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Террорист дин, миллат ва ватан надорад». Мутаасифона, баъзе ҷомеашиносон ин падидаи нангинро ба ислом марбут медонанд, ки иштибоҳи маҳз  аст. Ислом ҳеҷ гоҳ ҷонибдори ҷангу хунрезӣ набуду  рехтани хуни ноҳақ  ҳам дар ин дин гуноҳи кабира дониста шудааст.

Таъсис ва ташкили созмон ва гурўҳҳои террористӣ кори душманони ислом буда, бо ин ҳадаф мехоҳанд онро бадном  бисозанд.

Дар замони мо терроризм чун падидаи глобалӣ барои тамоми кишварҳо ва мардумони олам хатарзо мебошад. Таъсиси созмону гурӯҳҳои террористӣ дар кишварҳои исломӣ аз қабили Сурия, Ироқ, Яман, Афғонистон ва ғайра бесабаб нест. Амали мазкур кори дасти душманони дини мубини ислом буда, бо он нишон додан мехоҳанд, ки терроризм бо ин дин тавъам аст. Аммо  ашхоси худшинос ва бедор ин гуна ҳиллаю найранг ва ё бозии пасипардагии сиёсиро хуб дарк кардаанд.

Дар чӣ ҳолат қарор доштани зиндагии мардуми кишварҳое, ки дар онҷо созмону гурӯҳҳои террористӣ фаъолият доранд, ба ҳамагон маълум аст. Давлати Сурия мисоли равшани он шуда метавонад.  Ин мамлакат дар гузаштаи начандон дур яке аз давлатҳои осоишта ва пешрафтаи араб маҳсуб меёфт. Касофатии ҷангу хунрезӣ ин мамлакатро ба вайрона табдил дода, сокинони он дар тамоми гўшаву канори олам сарсону овора мебошанд. Ва албатта ин ҷо ҳамон лаҳзаи гузашта, яъне аз даст додани зиракии сиёсиӣ аз ҷониби аҳолии Сурия ба хотир меоянд. Онҷо низ сараввал ба таассуби динӣ фаро хонда шуданд, ки оқибат ба бехонумонӣ оварда расонид.

Инсонҳо бояд донанд, ки кадом созмону ҳаракате, ки набошад дар кадом гӯшаву каноре, ки набошад агар аз калимаи ислом дар номгузориву барномааш истифода кунад, бидонед ва ҳаргиз фаромӯш накунед, ки ин як дурӯғи маҳз аст. Зеро ислом ба ягон ҳизбу ҳаракат ва лоиҳа ё худ барномаи мукаммал ниёз надорад. Агар гурўҳе бо чунин номҳои сохта барои манфиат ва ҳифзи ислом  даъво кард, яқинан бидонед, ки ин як тавтеа ва бозии сиёсӣ мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо истифода аз таассуби динӣ ва фиреби ақлонӣ ( ворид намудани ҳарфи дурўғ аз номи дин)  афрод ва созмонҳои вижа  инсонҳоро ба доми худ, яъне лонаи жож мекашанд.  Бояд қайд кунем, ки  дар Мусҳафи шариф ҳам аз таъсис ва бунёди ҳеҷ кадом гурӯҳе барои ҳимояи дин сухан нарафтааст. Набудани чунин созмонҳо  барои дин ва диндорон беҳтару хубтар аст.  Ҳадаф  агар ислом аст, пас барнома ва ҳизбҳои исломии ифротӣ комилан бозигаранд дар ин ҷо на ҳимоятгар, балки душмансози дин ҳастанд. Манзур аз ин бозиҳои сиёсӣ ноором сохтани ҷомеа ва аз ин ҳолат ё вазъ сўистифода намудани давлатҳои абарқудрат мебошад.

Аз ин рў, лозим меояд ки ҳар як сокини кишвар зиракии сиёсиашро аз даст надиҳад ва ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошад, то  дигарон ҳуқуқҳояшро поймол насозанд ва зери ҳадафи ҳуҷуми иттилоотӣ, ақидатӣ қарор надиҳанд.

Бояд чизи дагареро ҳам қайд созам, ки таассуби динӣ низ метавонад афродро ба гумроҳӣ барад. Таассуб меваи талхи дин буда,  душмани саодат ва озодист. Таассуб инсонҳои ноогоҳро ғуломи худ  гардонида, оқибат ифротӣ мегардонад.

ДИИШ яке аз он созмонҳои террористиест, ки бо ваҳшонияти кирдори худ ҷаҳониёнро ба даҳшат андохтааст.  Ин созмони террористӣ ба сафҳои худ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҷавонони ноогоҳ, камтаҷрибаро ҷалб намуда, баъди машқу тамринҳои ҷангӣ ба амалиётҳои мусаллаҳона мефиристад.

Мутаассифона, ҳамватанони мо низ ба ин созмони террористӣ шомил гардида, дар Сурия, Ироқ ва кишварҳои дигар даст ба қатли одамони бегуноҳ мезананд. Ин амали нанговар ҳар як сокини ватандўст ва худогоҳи кишварамонро ба андеша водор месозад. Чунин ҷавонони гумроҳ фикр намекунанд, ки дар кишвари ғайр ба кадом хотир меҷанганд ва ҳадафашон чист? 

Созмону гурӯҳҳои террористӣ бо номҳои «Ал-Қоида», «Салафия», “ТЭТ ҲНИ”, «Бародарони Ансоруллоҳ», «Ҳизб-ут-Таҳрир» ва ғайра дар гӯшаҳои мухталифи сайёра амалҳои террористиро анҷом дода, ба ҳалокати одамон сабаб   мешаванд,  ки аксарияти онҳо аҳолии осоишта ба шумули занону кӯдакон мебошанд. Дар мамлакати бегона зери дасти бегонагон барои амалӣ сохтани нияту мақсадҳои нохалафонаашон ҷони худро ба хатар андохтан ҷинояти сангин буда, чунин касон хоини Ватан ва душмани дину мазҳаб дониста мешаванд.

Нанги хиёнат ба Ватан ҳеҷ гоҳ аз номаи аъмоли чунин ашхос зудуда нахоҳад шуд. Ҳилолии бузург шояд чунин аъмолро дар назар доштааст:

Агар сад сол зери санг бошӣ,
Аз он беҳтар, ки зери нанг бошӣ.

Гузаштагони шарафманди мо нисбат ба мардум беозор будан, роҳатрасонӣ, некӣ кардан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсониро хостаанд. Чунончӣ, Носири Хусрав мефармояд:

Ҳамеша некхоҳи мардумон бош,
Ба некӣ кӯшу он гаҳ дар амон бош.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи созмонҳои байналмилалӣ, аз он ҷумла Созмони милали Муттаҳид дар муқовимат бо терроризм ва экстремизм қадамҳои устувор мегузорад.

Аввалҳои соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор шудани ҳамоиши байналмилалӣ таҳти мавзуи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» далели ин гуфтаҳост.

Умедворем, ки ҳамаи мардумони кишвари азизамон аз сиёсати давлати Тоҷикистон нисбат ба терроризм ва экстремизм чун нерӯи бузург алайҳи ин хатари бузурги аср муқовимат хоҳанд кард. 

Сорбон Ғафуров – ассистенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон




Ба рӯйхат