,
Якшанбе, 22-декабр
Чеҳраи манфур дорад терроризм ва ин ҳамбаста ба он аст, ки ҳар фарди гаравида ба терроризм тахрибкору бетараҳҳум, хиёнатгару ҷоҳил ва бешарафу сиёҳтинат аст, ғолибан, ғуломи зархарид асту ҳимоят аз манофеи хоҷагони бадаъмолу каҷраву сарватдӯсти худ мекунад. Чӣ қадар манфур аст бар манфиати ашхосеву гурӯҳе ҷаҳолатсиришт хиёнат ба Ватану миллату давлату халқ кардан! Кулли аъмоли террористон теша ба решаи тамаддун, ҳақиқат, рушд ва осоиш аст! Он гуна ки хаффош аз равшанӣ меҳаросад, тахрибкорон тобу тавони дидани ободию пешрафти ҷомеаро надоранд. Чуғзосо ҳаводори вайронаҳоянд террористон ва бо ҷаҳолату хиёнат барои хеш ҳамвора вайронаҳо «бунёд мекунанд» ва талош бар он меварзанд, ки ин гуна хосамарзашон боз ҳам вусъат ёбад.
Дар дарозои садсолаҳо инсоният чӣ қадр зарар дидаву дард кашидаву ба вартаҳову маҳрумиятҳо дучор омадааст дар пайомади кирдорҳои даҳшатафканонаву хоинонаи даромехтагон бо терроризм!
Дар саросари олам мардуми сулҳдӯсту тамаддунпарвар алорағми террористон мунтазам овоз баланд мекунанду ба онҳо нафрат мехонанд. Халқи тоҷик ҳам дар ин радиф қарор дорад. Таърихи тоҷикон гувоҳ аст, ки ин халқи некусиришт аз аҳди бостон «гуфтори нек, рафтори нек, пиндори нек»-ро шиор баргузидаасту ҳамеша ба ҳаёти осоиштаи даромехта бо бунёдкориву нишот арҷ мегузоштааст ва имрӯз низ ба ин мароми деринаш содиқ мондааст. Дар устураҳои тоҷикӣ аз хусуси муборизаи бардавоми Хайру Шар (неку бад) ҳикоят мешавад, ки дар ин ҳарби шадид ҳамеша Хайр ба пирӯзӣ мерасад, вале Шар ҳеҷ ба мағлубияти худ тан намедиҳаду пас аз фосилае таваққуф фитнае дигар оғоз мекунад. Як образи басо манфур дар адабиёти тоҷик, ки сарварии неруҳои зиштаъмолро ба дӯш дорад, Аҳриман ном гирифтааст. Ӯ пайваста ҷадал бар он дорад, ки коми мардуми некманишро талх кунад, ба зиндагии осоиштаашон халал ворид намояд, дар ҳама марзҳо тухми бадӣ корад, гарморо ба сармо, чаманистонро ба хористон, ободсароҳоро ба харобазор, тараҳҳумро ба ҷаҳолат, шафқатро ба разолат, роҳро ба чоҳ, садоқатро ба хиёнат… табдил бидиҳад ва «дар соя»-и ин ҳама «комёбиҳо»-яш давлату савлате дилхоҳ дошта бошад. Ҳама мардуми некдилу некандешу некрафтори олам танаффур бар Аҳриман доранд, ҳазар аз ӯ мекунанд, нафрин бар ӯ мехонанд ва мекӯшанд, ки ба тори фитнаи ӯ гирифтор нашаванд, ба ҳарфи иғвогаронааш гӯш надиҳанд. Падарон панд ба фарзандон медиҳанд: - Ин ҷаҳон муборизаи неку бад аст, ҳушёру бедор бошед, аз бадӣ канораҷӯӣ кунед, ҳамдами некӣ шавед, ба Ватану миллат ҳаргиз хиёнат накунед!
Устодон пас аз тавзеҳи муассири моҳияти масъала гуфтори ҳикматборашонро бо абёти ниёгон тақвият мебахшанд:
Бикӯшеду хубӣ ба кор оваред,
Чу дидед сармо, баҳор оваред!
Метавон гуфт, ки қисмати аъзами адабиёти тоҷикро мавзуи муборизаи некӣ ба бадӣ фаро мегирад ва ҳамеша аз некӣ ситоишу ҳимоят мешаваду дар ин замина макру ҳияли неруи бадӣ (Аҳриман) фошу маҳкум мегардад. Тоҷикон аз азал арҷгузор ба ростиву осудаҳолиянд, ростиро растагорӣ медонанд, аз ситезаву каҷравӣ ҳазар доранд.
Ситезаварӣ кори Оҳарман аст,
Ситеза ба пархаш обистан аст.
Ҳамин руҳия мардуми олам ва адабиёти оламро фаро гирифтааст. Ин дар он маъност, ки сулҳу ваҳдату осоиштагӣ, тамаддуну созандагӣ барои кулли халоиқи нексиришт яксон азизу муқаддасанд ва чу «Бани одам аъзои якдигаранд», ҳар куҷо нохушие, ноҷӯрие, хиёнате, тахрибкорие рух мезанад, ҳама ҷаҳониёнро ба таҳлукаву дард меоварад. Тахрибкорон - террористон, ба ифодаи маъмул, аз миллату Ватан ва аз ҳама муқаддасоти ҳастӣ маҳруманд, саропои онҳоро ҷаҳолат, танаффур ба сулҳу осоиштагӣ фаро гирифтааст ва дар роҳи пиёдасозии зиштаъмоли худ ба ҳама гуна рафтори пурдаҳшату пурзиён барои мардум омодаанд, аз Ватан миллат ва ҳатто аз падару модару хешу табор (чӣ разолат!) рӯй баргардондаанд. Ҷиноят ҷиноят аст, аслан хурду бузург намешавад; ҳама ҷинояту хиёнат зиёновар аст ба аҳли башар ва фарҷоми нек надорад:
Он, ки кирдори бад раво бинад,
Худ зи кирдори худ ҷазо бинад.
Бо ин ҳама, ин ҷо бамаврид медонем, ки вобаста ба мавзуъ аз чанд амали даҳшатбору бераҳмонаи гурӯҳҳои террористӣ, ки солҳои гуногун дар ин ё он кишвари ҷаҳон ба вуқуъ пайваста, оламиёнро дар банди шигифт гузоштанд, ҷонҳои зиёдеро рабуданд, чеҳраи террористро манфуртар сохтанд, садои нафрати хурду калони сайёраро алайҳи тахрибкорон баландтар карданд, ёдовар шавем.
Мутаассифона, теъдоди чунин аъмоли зишту ҷонрабои террористон дар саросари ҷаҳон хеле зиёд аст. Гурӯҳҳои террористӣ ҳаргиз оромию танаффусро намепазиранд, пайваста дар фикри тахрибкориву даҳшатфиканиҳои навинанд. Гуфтаи ростинест, ки «Одат чу қадим шавад, табиат гардад». Аъмоли номатлуб содир кардан дигар ба табиати террористон табдил ёфтааст, ки ин барои аҳли ҷаҳон, барои мардуми хайрхоҳу тамаддунпарвар хеле хавфноку таҳдидбор аст. Бояд такя ба ҳикмати «Қуввати мушт дар даҳ ангушт» кард ва бар зидди террористон ҳамеша аҳлона мубориза бурд. «Бори каҷ ба манзил намерасад» ва «Кулӯхандозро подош санг аст»-то иттиҳоди мардумӣ ҳаст, то парчами сулҳу адолат болост, то ҳақиқат дар сари қудрат аст, то тобу тавони Хайр барҷост,... террористонро тир хок хоҳад хӯрду нақшаҳо барбод хоҳанд рафт.
Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад,
Ӯ як накунад, то ба худаш сад нарасад.
Абдурауф Муродӣ