,
Якшанбе, 22-декабр
«Ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад».
Аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ
Ҳамгироӣ ва ҳамзистӣ дар муҳити солим, яъне бо иттиҳоду иттифоқ ва муруввату мадоро зистан аз ҷумлаи фаризаҳои асосии ҳамбастагии башарият дар ҳама давру замонҳо ба ҳисоб меравад. Собит аст, ки иттиҳоди миллӣ ҳамеша бар ҷангу ҷидол ва нифоқу ҷудоӣ пирӯз аст.
Сулҳу ваҳдат ва таҳаммулпазирӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддасе табдил ёфтаанд, ки бо ҷону равони мо сиришта шуда, дар ташаккули ахлоқу фарҳанг ва зиндагии маънавии ҷомеаи мо қадру манзалати воло доранд. Дар оинаи тамомнамои таърих сулҳу ваҳдат ва ҳамзистии осоишта ҳамеша ифодагари сурату сирати халқи тоҷик, тарҳи давлатдории куҳанбунёд, марому ҳадафҳо, ҳифзу посдории арзишҳои фарҳангӣ ва таъмини ояндаи дурахшони миллат ба ҷилва омадааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллиро дар радифи Истиқлолияти давлатӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик донистаанд. Ин эътирофи Пешвои миллатро муаррихону муҳаққиқони гузаштаву муосир собит намуда, тоҷиконро ҳанӯз аз замонҳои дури таърихӣ бо ваҳдатсолориву фарҳангпарварӣ, бунёдкориву созандагӣ, бунёди аркони давлатдории адолатгустар васф менамоянд.
Давлатдории ниёи пуршараф ва чеҳраи шукӯҳманди ориёӣ Куруши Кабир, нахустин Эъломияи ҳуқуқи башари ӯ, ки бо шарофати истиқлолият ва иқдомҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, хоса таълифоти арзишманди ин фарзанди фарзонаву посдори мероси ниёгон, мавриди омӯзишу таҳқиқ ва муаррифии шоиста ба ҷаҳониён қарор гирифтааст, яке аз нишонаҳои возеҳ ва далелҳои муътамади давлатдории куҳани мо бар пояи таъмини сулҳу ваҳдат миёни қавму гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ, сиёсати адолатгустар ва рӯ ба пешрафту тамаддунофарӣ мебошад.
Ҳамин аст, ки аввалин чеҳраи таърихӣ дар китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и Пешвои миллат Куруши Кабир мебошад. Куруши Кабир яке аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи аҳди қадим ва бунёдгузори тамаддуни давлатдории комилан нав буда, ҳазорсолаҳо чун шоҳаншоҳи одил, сиёсатмадори зираку тезҳуш, пуштибони адолату ростӣ, кафили сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва ҳомии кешу ойини сокинони қаламраваш шуҳрат ёфтааст.
Мутобиқи маълумоти Ҳеродот, ӯ аз ҷумлаи машҳуртарин намояндаи сулолаи Ҳахоманишиён буда, нахустин империяи паҳновари ҷаҳониро бунёд гузоштааст, ки дар ҳудуди 24 сатрапии (вилоят) он намояндагони зиёда аз 50 забону 70 халқиятҳои гуногуни Осиёи Хурд ва Шарқи Наздик зиндагӣ мекарданд.
Воқеан, вақте таърихи давлатдории навин, Истиқлоли давлатӣ ва расидан ба истиқрори сулҳу ваҳдати миллии хешро мурур мекунем, метавон дар мавриди умумияти ҳукуматдории Куруши Кабир ва Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон қазоват кард. Ҳамоҳангӣ ва монандии давлатдорӣ, аз қабили ифтихори ватандориву миллатпарварӣ, адолат ба мардум, масъулияти баланд дар назди тақдири Ватан ва соҳибони он, пуштибонии сулҳу ваҳдат ва монанди инҳо аз хусусият ва сифатҳои фардии ин чеҳраҳои таърихии миллат мебошанд. Эъломияи Куруши Кабир бо сатрҳое хотима меёбад, ки дилу ният ва омоли Пешвои миллати моро ифода мекунанд: “Сулҳу оромиро ба тамоми мардум ато кардам”.
Чунончи Пешвои муаззами миллат дар асари таърихии хеш “Чеҳраҳои мондагор” қайд кардаанд: “Тақдири давлатдории Куруш ба тақдири давлати имрӯзаи тоҷикон хеле шабоҳат дорад, ки рӯҳияи ваҳдату муттаҳидсозии миллат, пуштибонии сулҳу адолат, густариши тиҷорату иқтисодиёт ва бунёдкорию ободонӣ, ислоҳоти низоми лашкар ва такмили идоракунии мамлакат аз ҷумлаи ин монандию ҳамоҳангиҳост.”
Хушбахтона, миллати бофарҳангу тамаддунофари тоҷик анъанаҳои неку волои ниёгони хешро асрҳо ҳифз намуда, имрӯзҳо бо тарҳрезию корбаст намудани арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва сиёсию фарҳангӣ дар ҷодаи устувор намудани Ваҳдати миллӣ, таъмини амнияту осоиш, якдигарфаҳмиву сулҳу оромӣ қадамҳои устувор гузошта, ба фатҳи қуллаҳои мақсуд ноил гашта истодааст.
Фарзандони фарҳехтаву асил ва бонангу номуси ин миллати ҷафодида ба хотири қатъи ҷангу хунрезӣ ва истиқрори сулҳ ба талошу мубориза бархостанд ва собит намуданд, ки миллати тоҷик бо таърихи тӯлониву пурифтихор ва нақши арзишманд дар тамаддуни башарӣ бо мудохилаи доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ дар гирдоби иғвоангезиҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нобуд нахоҳад шуд.
Чунончи Пешвои муаззами миллат дар асари хеш «Уфуқҳои истиқлол» қайд намудаанд: «Раванди пурпечутоби сулҳи тоҷикон ва эҳёи баъдиҷангии Тоҷикистон таърихи тӯлонӣ дорад, вале мехостам фақат ҳаминро таъкид намоям, ки сулҳи тоҷикон, пеш аз ҳама, натиҷаи талошу заҳмати самимонаи фарзандони баномуси халқи тоҷик ва пирӯзии хиради мардуми шарифи Тоҷикистон бар ҷаҳолат буд» (Душанбе, 2018. – С.11-12).
Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ (16 ноябри соли1992), ки наҷоти миллат масъалаи асосии он буд, бояд роҳбареро интихоб менамуд, ки миллати парокандаро муттаҳид карда тавонад. Мушкилӣ дар дарёфти шахс набуд, балки дар гирифтани масъулият буд, зеро замоне, ки яроқ кишварро идора мекарду иқтисодиёт фалаҷу хазина холӣ буд, зимоми идораи кишварро на ҳар кас ба дӯш мегирифт. Шукр, ки чунин шахсият дар симои фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон зуҳур кард. Ӯ ба хотири миллат, давлат ва халқи Тоҷикистон масъулияти сангин ва вазнинро ба дӯш гирифт ва таърих собит сохт, ки ин интихоб дуруст ва саривақтӣ буд.
Пешвои миллат барои амалӣ намудани ҳадафҳои созанда 21 маротиба бо иттиҳоди мухолифин музокира анҷом дода, 40 ҳуҷҷати барои миллат муҳимро ба имзо расониданд. Дар асари «Ваҳдатовар» оид ба раванди сулҳ чунин қайдҳо мегузарад: «Сулҳи Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомада, барои расидан ба он зиёда аз се сол, ё 1171 рӯз сарф кардан рост омадааст. Дар ин муддат зиёда аз 20 мулоқотҳои байни ҳукумат ва мухолифин (дар маҷмӯъ 8 музокирот) баргузор гардиданд, ки тамоми раванди онҳо ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зич алоқаманд аст» (Назруллои А., Умари Ш., Душанбе, 2014. – с.35).
Маҳз истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ тавонист Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намояд.
Самараи ваҳдати миллӣ буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳалли бисёр масъалаҳои ҷаҳонӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, масъалаҳои глобалии экологӣ пешниҳодҳои Ҳукумати Тоҷикистонро пазируфта, мавриди амал қарор додааст.
Хушбахтона, рӯзҳои парешониву даргириҳои дохилии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бо шарофати зуҳури чеҳраи тобноки таърихӣ, лидери сиёсии мавриди эътирофи умум, курушманишу исмоилсират, умедбахши халқи ҷафодида, илҳомбахши элитаи сиёсӣ, сулҳҷӯю ваҳдатгаро, пайвандгари гурӯҳҳои оштинопазир, ҳомии арзишҳои давлатдории миллӣ, Пешвои аз худ гузаштаву ҷонфидои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, паси сар шуда, мардуми шарифи Тоҷикистон бо татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегии мамлакат, амалисозии як қатор лоиҳаҳои ҳаётан муҳим ба рӯзҳои неку фараҳбахш расида, дар фазои сулҳу осоиштагӣ, ваҳдату сарҷамъӣ рӯзгори шоиста ба сар мебаранд.
Пешвои хирадсолори миллат, бо таҳлилҳои амиқу воқеъбинонаи ҳаводиси ҷаҳони муосир, қариб дар ҳама суханрониҳои хеш оид ба ҳифзи Ваҳдати миллӣ, зиракии сиёсӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву ҳувияти миллӣ таъкидҳо менамоянд.
Чунончи дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ қайд карданд, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Дар партави ин таҳлилҳо зикр карданд, ки дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардидааст.
Пешгирии амалҳои гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ, ки барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва масъалагузориҳои Пешвои хирадсолори миллат қарор доранд.
Ҳамин аст, ки дар Паёми навбатӣ мақомоти дахлдорро муваззаф намуданд, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд; ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, таъсиси Маркази ягонаи иттилоотиро зарур арзёбӣ намуданд.
Албатта, хизмат дар сафи Артиш барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ ва ташаккули ҳисии соҳибватаниву масъулият дар назди имрӯзу ояндаи Ватан буда, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия ёфтани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ аз ҷониби Пешвои ҷавонпарвари миллат муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар арзёбӣ шуд.
Зимнан, бо назардошти вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар амалисозии тадбирҳои зарурии иловагӣ таъкид шуда, барои баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар ба сохторҳои марбута ҷиҳати таҳияи Консепсияи мудофиаи миллӣ дастуру супоришҳо дода шуд.
Ҳамин тавр, дар кишвари ҷавону соҳибистиқлоли мо аз самараи ваҳдату сарҷамъӣ ва фаъолияти якдилонаву дастаҷамъонаи халқи шарифи кишвар дар меҳвари Пешвои маҳбубу муаззами миллат, шуруъ аз заминаҳои ҳуқуқиву ташкилӣ то ғоявию консептуалӣ, тамоми шароити мусоиди ҳаёти осоиштаву рӯ ба беҳбудии мудом таъмин буда, Тоҷикистони биҳиштмаъво, новобаста аз вазъи ҷаҳони муосир, вазъи сарҳадоту сиёсати мубҳами ҳамсоякишварҳо, бо татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегӣ ва ташаббусҳои минтақавию байналмилалӣ дар масири рушду пешрафт ва боландагии таърих устуворона гомҳои бобарор бармедорад. Ва мо ҷавонони саодатманди насли Истиқлол, пайравони воқеии Пешвои ҷавонпарвару маҳбуби миллатро зарур аст, ки бо зуҳури нангу номуси ватандӯстиву ватанпарастӣ, қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии худ – ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллиро, ки аз таъкидҳо ва масъалагузориҳои Пешвои курушманишу исмоилсирати тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, сарбаландонаву бошарафона адо намоем.
Зинда бод Ваҳдату ҳамдилӣ,
Поянда бод давлатдории миллӣ!
Исозода Парвиз Асадулло, омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ