, Душанбе, 09-декабр

ҶАШНИ ФАРХУНДАЮ ФАРРУХИ МАРДУМӢ

 22.06.2023 219

ҶАШНИ ФАРХУНДАЮ ФАРРУХИ МАРДУМӢ

26 сол муқаддам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин рӯзи Ваҳдати миллӣ ба мардуми шарифи тоҷик, ки ташнаи сулҳу оштӣ ва оромию субот буданд, муроҷиат карда гуфта буд: «Бо назардошти рӯҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонаи миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ҷашн гирем».

Ин пешниҳоди фарзанди содиқу ҷоннисори миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси он гардид, ки гурӯҳҳои мухолифин хатоҳои ҳамдигарро бахшиданд, ҳамдигарро дар оғуш гирифтанд, ба ҳамдигар даст доданд, баҳри як мақсад-осоиштагию оромии кишвар ва ободу ҳифз намудани Тоҷикистони азиз. Аз ин рӯ, сарвари давлатро меъмори Ваҳдати миллӣ, муборизи содиқи роҳи сулҳу оромӣ, илҳомбахши бунёдкорию созандагӣ ва поягузори комёбиҳои имрӯзаи давлати соҳибистиқлоли мо номидан арзанда аст.

Дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешравиҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, нақлиёт, сохтмон ва варзишу дигар соҳаҳо бемислу монанданд. Дар ҳамаи соҳаҳои зиндагии мамлакат дигаргуниҳои азиме ба амал омаданд, ки онҳоро дар 70 соли даврони шуравӣ ҳатто орзу намудан амри маҳол буд.

Маҳз бо шарофату ғамхории Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳаҷми миёнаи музди меҳнат зина ба зина афзоиш меёбад. Ин пешравиҳо самараи Истиқлолияти давлатӣ ва меваҳои шаҳдбори Ваҳдати миллианд.

Таҷлили ҷашни ҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ як иқдоми басо неки Сарвари давлат буд, ки ба боз ҳам таҳким ёфтани ҳамдигарфаҳмиву сулҳ дар кишварамон мусоидат намуд.

Нахустин иқдомҳои расидан ба истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, бешак бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст.

Албатта ин фарзанди фарзонаи миллатро барҳақ меъмори сулҳу ваҳдат дар кишвар меноманд. Дар он солҳои пурошубу пуртаҳлука масъулияти тақдири миллатро бар душ гирифтан кор  саҳл набуд. «Ман ба Шумо сулҳ меорам», зимни баромади нахустин ба ҳайси сарвари давлат изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки ҳамин тавр ҳам шуд. Ниёгони бузурги мо хело дуруст гуфтаанд: Дар он ҷое, ки садои тир аст, овози ақл шунида намешавад, вале ин фарзанди ҷоннисор шарафу номуси миллатро аз ҷонаш афзал донист ва бо гуфтору рафтори ягонааш барои тамоми мардуми кишвар, новобаста аз маҳаллу минтақа ва мавқеи сиёсӣ исбот намуд, ки бидуни музокирот, муноқишаи дохилӣ роҳи дигари ҳал надорад. Нахустин сафарҳои сарвари давлат ба Бадахшон ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон, инчунин ба Ҷумҳурии исломии Афғонистонро, ки он вақт касе кафолати аз ин сафарҳо зиндаву саломат баргаштанашро намедод, метавон ба ёд овард. Вақте ки Ҷаноби Олӣ бори аввал ба Бадахшон омад, ҳатто бисёре аз роҳбарони Ҳукумати марказӣ ва вазорату кумитаҳо дар ин сафар ӯро ҳамроҳӣ накарданд, ба он хотир, ки гӯё бадахшониён нисбат ба ҳукумат бадбинанд. Вале Ҷаноби Олӣ бо як масъулияти баланд, ки танҳо ба сарварони ҳақиқии миллатҳо хос аст, назди мардуми оддӣ ва ватандӯсти ин минтақа омад. Ӯ бо қумондонҳои саҳроии Бадахшон, ки дар даргириҳо бештар манфиати мухолифинро ҳимоя мекарданд, гуфтугӯи ошкоро баргузор намуд. Ё ин ки охири зимистони соли 1994, бидуни омодагиҳои пешакӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи чархи якуми «НБО-и Помир-1», ки он замон барои мардуми вилоят чун обу ҳаво зарур буд, ширкат варзида, бо сокинон суҳбати самимӣ орост. Маҳз ҳамин мулоқотҳо ва суҳбатҳои самимии ғайрирасмӣ, ки дар онҳо ягон ниҳод миёнаравӣ намекард, пардаро аз рӯи сиёсатбозии бисёр шахсони алоҳида, ки мехостанд, «Гур сузаду дег ҷушад» бардошт ва бисёр нофаҳмиҳо аз байн бардошта шуд. Оқибат ҳарду ҷониб дарёфт, ки ҳақиқатан аз вартаи муноқишаи байниҳамдигарӣ танҳо бо роҳи музокироте, ки адолат маҳаки асосии он мебошад, берун шудан мумкин аст. Ба миллати тоҷик, ки бо хиради азалиаш дар пешрафти фарҳанги ҷаҳонӣ нақши бузург дорад, Худованд бори дигар даст дод, ки бо унвони ниёгони шуҳратёраш нанг наоварад ва ба таърихи фарҳанги чандинҳазорсолааш хати батлон накашад. Инро насли оянда ҳеҷ гоҳ ба мо намебахшад ва мо мутобиқи дастуру супоришҳои сарвари дурандешу инсонпарвари давлатамон амал карда, пирӯзии ақли солимро таъмин намудем. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷиконро чун таҷрибаи нодиру бесобиқа созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ арзёбӣ мекунанд ва тамоми тоҷикони дунё Эмомалӣ Раҳмонро сарвари худ шинохтаанд. Ин, албатта қадршиносӣ нисбат ба хизматҳои содиқона ва ҷоннисорона ба манфиати миллат ва барои таҳкими сулҳу ваҳдат аст.

Фархудинов Исуф, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо ва Муродов Амиралӣ, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо




Ба рӯйхат